Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Хостам, дар Тик-Ток пул кор кунам, ба ифротгароӣ муттаҳам карданд"

Фариза Ҷӯраева
Фариза Ҷӯраева

"Гуфтам, худамро мекушам, ман террорист нестам. Агар террорист бошам, дар Тоҷикистон зиндагӣ мекунам?" Фариза Ҷӯраеваи 42-сола аз ноҳияи Шаҳритус мегӯяд, бознашри чанд навори исломӣ дар шабакаи иҷтимоии "Тик-Ток" сабаб шуд, ки ӯро ба ифротгароӣ гумонбар донанд.

Банди машҳури 307-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон (Ҳамкорӣ бо ҳизбу созмонҳои мамнуъ ва мусоидат ба фаъолияти онҳо тариқи Интернет), ки бар асоси он Фаризаро гумонзад медонанд, аз 5 то 8 сол зиндонро пешбинӣ мекунад.

Парвандаи ӯ ҳоло дар Шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Шаҳритус тафтиш мешавад. Намояндаи ин ниҳод дар гуфтугӯ бо Радиои Озодӣ рӯзи 27-уми феврал тасдиқ кард, ки нисбат ба Фариза Ҷӯраева парванда боз шудааст, вале ҷузъиёт надод.

Фариза мегӯяд, нашри наворҳои исломӣ дар Тик-Ток барояш дарди сар оварданд
Фариза мегӯяд, нашри наворҳои исломӣ дар Тик-Ток барояш дарди сар оварданд

Фариза адвокат ё вакили мудофеъ надорад. Мегӯяд, ҳуқуқшиносон бо шунидани "банди 307" нахостанд, ҳимояти ӯро дар додгоҳ ба зимма гиранд.

“Ман "Тик-Ток" кушодам, чун гуфтанд, агар 10 ҳазор обуначӣ дошта бошӣ, 4000 доллар туҳфа медиҳад. Зиндагиям хуб нест. 7 кӯдак дорам, шавҳарам дар ҷое кор намекунад, маъюб аст. Намедонистам, ки наворҳои исломӣ партофтан мумкин нест. Аз Инстаграм чизҳои исломиро гирифта, дар "Тик-Ток" мепартофтам,” – нақл кард ӯ.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

"Гуфтам, ман террорист нестам"
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:32 0:00


Ин модари ҳафт фарзанд мегӯяд, ҳадафаш танҳо ҷалби корбарону зиёд кардани сафи обуначиён буд, вагарна аз дин огоҳии зиёд надорад. Фариза Ҷӯраева афзуд: “Гуфтам, шумо маро мулло мегӯед, салафӣ мегӯед, ман ин хел нестам. Ман ҳамон намозро як рӯз хонам, 10 рӯзи дигар бо ин қадар кӯдак вақтам намерасад.”

Кори ӯро доғи судии пешина ҳам мушкил кардааст. Чанд сол пеш ва баъди муноқиша бо як зан сари пули барқи хона ӯро ҷарима карданд, вале ба далели онки тавони пардохти ҷаримаро надорад, ба ҳабси хонагӣ маҳкум шуд. Ҳоло мегӯяд, беэҳтиётии ӯро бубахшанд ва ба ҳабси такрории хонагӣ розист, то аз фарзандонаш ҷудо набошад.

“Маро маҳкам кунанд, ҳоли фарзандони ман чӣ мешавад? Кӯдаконро ояндаи давлат мегӯянд. Модар сарҷамъ мекунад фарзандонро. То аз зиндон баромадани ман шояд яктоаш дузд шудаву яктои дигараш фоҳиша шудааст. Падар аз пайи зиндагӣ, модар дар зиндон, кӯдак ба ҳар роҳ меравад,” – гуфт, ҳамсуҳбати мо.

Фариза Ҷӯраева бо фарзандонаш
Фариза Ҷӯраева бо фарзандонаш

Ҳомиёни ҳуқуқ борҳо танқид кардаанд, ки Тоҷикистон бо баҳонаи мубориза бо ифротгароӣ, баъзан шахсони бегуноҳу ноогоҳ ва норозиро маҳкум ба зиндон мекунад. Бино ба иттилои расмӣ соли 2025 додгоҳҳои кишвар дар умум беш аз 400 парвандаи марбут ба ифротгароиро баррасӣ кардаанд.

Рустам Мирзозода, раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон, дар нишасти хабарӣ гуфт, “барои фаъолияти ифротгароӣ 45 парванда, ташкили иттиҳоди экстремистӣ 15 парванда ва ташкили созмони ифротгаро 374 парванда баррасӣ карда шудааст, ки назар ба соли гузашта 154 маврид кам мебошад.”

Парвандаи Фариза Ҷӯраева, мумкин аст, рӯзҳои наздик ба додгоҳ фиристода шавад ва ҳар рӯзе, ки мегузарад, ҳароси ӯро бештар мекунад.

XS
SM
MD
LG