Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хонаҳои нотамому пулҳои нопардохта. Кӣ ҳаққу кӣ ноҳақ аст?


Бинои баландошёнаи нав, вале сохтмонаш нотамом дар маҳаллаи Навбаҳори Душанбе
Бинои баландошёнаи нав, вале сохтмонаш нотамом дар маҳаллаи Навбаҳори Душанбе

"Шароит бениҳоят бад аст. Хонаро қабул накардаанд. Бино нимкора. Мо дар дохилаш зиндагӣ дорем. Пули барқ ва хадамоти коммуналиро медиҳем, вале дар ягон ҷо сабтином нашудаем. Ҳуҷҷат надорем."

Ин шикояти Гулчеҳра Аҳмедова, сокини як бинои баландошёна дар маҳаллаи Навбаҳори ноҳияи Синои Душанбест. Ӯ ва ҳамсояҳояшро нотамом мондани бино нигарон кардааст. Мегӯянд, тибқи шартнома миёни онҳо ва ширкати бинокори “Рустамиён” хонаи баландошёна бояд дар соли 2018 расман ба истифода дода мешуд, вале то ҳанӯз ин кор анҷом наёфтааст.

Манзар Толиҳова, сокини дигари маҳаллаи Навбаҳор, гуфт, “ҳама намуди мушкилот дар ин хона ҳаст. Лифт надорад, аз пову пар мондем. Ман дар ошёнаи ҳаштум зиндагӣ мекунам."

Бинои баландошёнаи нав, вале сохтмонаш нотамом дар маҳаллаи Навбаҳори Душанбе
Бинои баландошёнаи нав, вале сохтмонаш нотамом дар маҳаллаи Навбаҳори Душанбе

Ҳарчанд бино аз санҷиши давлатӣ нагузашта ва барои истифода пазируфта нашудааст, сокинон аз ночорӣ ба инҷо омадаанд. Онҳо мегӯянд, бо умеди гирифтани хона тамоми пулҳояшонро ба ширкат супориданду чанд сол дар манзили иҷора нишастанд, вале дигар зӯрашон намерасад.

Баҳси биноҳои нотамом рӯзи 3-юми феврал дар нишасти хабарии Кумитаи сохтмон ва меъмории Тоҷикистон ҳам садо дод. Низом Мирзозода, раиси ин ниҳод, мушкилро ба сатҳи маърифати ҳуқуқии сокинон пайванд дод.

Ӯ гуфт: “Дар шартнома муҳлат мушаххас аст. Агар пулро сари вақт насупоред, ҷарима ситонида мешавад. Маблағи иловагӣ талаб карда мешавад. Чаро шаҳрвандони мо муҳлати сохтмонро, ки ду ё се сол аст, дар ҳамон ҷо наменависанд? Он вақт, пас аз гузаштани муҳлат барои ҳар рӯзи кашолкорӣ маблағи муайян ситонда мешавад. Ин ҳам маърифати ҳуқуқӣ аст."

Низом Мирзозода
Низом Мирзозода

Муштариён ба ин назаранд, ки ширкатҳо дар қарордод бештар манофеи худро ба назар мегиранд ва мардум ба ҷуз розӣ шудан интихоби дигар надоранд. Раиси Кумитаи сохтмону меъморӣ дар ҳоле аз маърифати ҳуқуқии муштариён гуфт, ки ин гурӯҳ аз сокинон борҳо барои додхоҳӣ ба ниҳодҳои дахлдор муроҷиат кардаанд.

Наргис Давлатова, сокини маҳаллаи Навбаҳори Душанбе, гуфт, “ба ҳукумати шаҳр рафтем, ба ҳукумати ноҳияи Сино рафтем. Омада диданду ягон кор буд нашуд. Касе ба додамон намерасад. Об надорем, ба ошёнаи 9-ум об мекашонем. Соли 2016 гирифтем, соли 2018 одамон даромада зиндагӣ доранд. 360 хона ҳаст. Дар ҳукумати шаҳр гуфтанд, чаро аз мо иҷозат напурсидед, ки ҳамин бинокор чӣ гуна одам аст? Чӣ хел мо рафта мепурсем, ки дар ҳаминҷо хона харем ё не?"

Як намояндаи ширкати "Рустамиён" мегӯяд, дар фурсати наздиктарин мушкилиҳоро ҳал хоҳанд кард. Ӯ бе зикри номаш гуфт: "Ҳоло ҳама пулро насупоридаанд, аммо лифт бояд ҳамин ҳафтаҳо дуруст шавад. Пулашро аллакай супоридем. Коронавирус шуд, кор каме дароз кашид. Баъзе аз одамон пулро надодаанд. Зиёда аз 200-300 ҳазор доллар дар дасти мардум мондааст."

Сокинон ба ваъдаҳои намояндаи ширкат бовар надоранд, зеро ба қавли онҳо дар гузашта низ борҳо чунин ҳарфҳоро шунидаанд.

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:

Хонаҳои нотамому пулҳои нопардохта. Кӣ ҳаққу кӣ ноҳақ аст?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:53 0:00

Баҳсҳои печидаи манзилро, ки дар аксар ҳолат ҳам сокинон ва ҳам соҳибкорон худро ҳақ меҳисобанд, дар Душанбеву атрофи он ва манотиқи дигари кишвар низ дидан мумкин аст.

Тибқи иттилои расмӣ, дар соли 2024 Кумитаи сохтмон ва меъморӣ бештар аз 9400 камбуд дар сохтмони бинову иншоотро ошкор карда, ширкатҳои сохтмониро ба зиёда аз 1 миллиону 600 ҳазор сомонӣ ҷарима бастааст.

XS
SM
MD
LG