Бахтиёр Шарифӣ, муовини аввали раиси шаҳри Душанбе, рӯзи 10-уми феврал гуфт, “тибқи ҳисоботи пешниҳодшуда 600 ҳазор метри мураббаъ сохта шудааст, бинову иншоотҳо аз комиссияи давлатӣ гузаштаанд ва соли ҷорӣ ин ҳаҷм зиёд мешаваду кам не”.
Афзоиши сохтмони биноҳои истиқоматӣ дар ҳолест, ки ба ииттилои расмӣ, ҳоло нархи ҳар метри мураббаи маскан дар Душанбе ба ҳисоби миёна 780 доллари Амрико ё 8470 сомонӣ буда, назар ба як сол пеш 100 доллар гаронтар аст. Қимате, ки барои бисёре аз мардум дар Тоҷикистон фавқуллода гарон ҳисоб меравад. Худи сокинон дар бораи арзиши манзил ва дастрасӣ ба он назарҳои гуногун доранд.
Рӯзи 10-уми феврал яке аз мусоҳибони Радиои Озодӣ дар Душанбе гуфт, “нархи манзил аз куҷо дастрас аст. Пеш 300 доллар буд, ҳоло 700 кардаанд”.
Роҳгузари дигаре афзуд, “нафаре, ки пул дорад, барои ӯ хуб аст, лекин барои онҳое, ки надоранд мушкил”.
“Рӯз то рӯз сохтмонҳо зиёд шуда истодаанд, лекин нархашон гарон. Мо сокинон хоҳиш мекунем ҳамин нарх арзонтар шавад, то дастрас гардад, мардум хона харида битавонанд”- посух дод, яке аз ҳамсуҳбатони дигари Радиои Озодӣ.
Ба иттилои расмӣ, соли гузашта дар Тоҷикистон зиёда аз як миллиону 700 ҳазор метри мураббаъ манзили зист сохта шуда, нархи ҳар метри мураббаъ дар сатҳи ҷумҳурӣ 705 доллар будааст.
Ба назари Низом Мирзозода, раиси Кумитаи сохтмон ва меъморӣ, гаронии нархи хона аз харҷи ширкатҳои бинокор ва талаботи бозор вобаста аст.
Зиндагӣ дар биноҳои нотамом, дастрасӣ надоштан ба одитарин шароит ба мисли обу лифт дар баъзе баландошёнаҳо аз нигарониҳои дигарест, ки ҳамзамон бо афзоиши сохтмони биноҳо, бештар садо медиҳанд.
Баҳсҳои печидаи манзилро, ки дар аксар ҳолат ҳам сокинон ва ҳам соҳибкорон худро ҳақ меҳисобанд, дар Душанбеву атрофи он ва манотиқи дигари кишвар низ дидан мумкин аст.
Гуфтугӯ