Иттиҳоди Аврупо дар як-ду соли ахир ҳамкориҳои иқтисодиашро бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ҷиддитар кард ва мехоҳад ба маъданҳо ва захираҳои саршори табиӣ ва камтар дастхӯрдаи минтақа даст ёбад. Оё Чину Русия - ду қудтарти пурнуфуз дар Осиёи Марказӣ ба ин ҳадафҳои Иттиҳоди Аврупо монеъ мешаванд? Раҳбарони Иттиҳоди Аврупо, ки то ин дам кишварҳои Осиёи Марказиро барои демкоратияҳои нимбанд ва нақзи ҳуқуқи инсон интиқод мекарданд, акнун аз ин мавридҳо чашмпӯшӣ мекунанд? Ин ва дигар суолҳоро бо раҳбари Ҳайати порлумони Иттиҳоди Аврупо барои ҳамкориҳо бо Осиёи Миёна хонум Ҷузеппина Принчи матраҳ кардем, ки дар раҳбарии як ҳайати аъзои парлумони Иттиҳоди Аврупо ин шабу рӯз дар Тоҷикистон қарор дорад.
Радиои Озодӣ: Шумо дар Тоҷикистон бо чӣ мақомҳое мулоқот доштед ва ҳосили ин сафари шумо чӣ буд?
Ҷузеппина Принчи: Якум, шумо дар ҳақиқат дуруст гуфтед, ҳолати геополитикӣ тағйир ёфтааст. Албатта, мо дар ин ҷода ҳамкориҳоямонро бо шарикони пешина ва нав бевосита тақвият дода истодаем. Мо дида истодаем, ки чӣ тамоюлҳое дар дунё аст. Маълум аст, ки дар ҷаҳон таҳдидҳои глобалӣ вуҷуд доранд, аз ҷумла ҷанги Русия дар Украинаа. Мо дар самти ҳамкориҳои иқтисодӣ таваҷҷуҳро ба он равона кардаем, ки гуногунии иқтисодӣ низ эҷод шавад. Албатта, шуруъ аз он ҳамоиши муҳиме, ки мо дар шаҳри Самарқанд (4 апрели соли 2025) миёни Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ доштем. Дар он ҷо риштаҳои ҳамкориро боз густардатар кардем. Ҳамин аст, ки мо ин ҷо бо ҳамтоёнам аз порлумони Аврупо қарор дорем ва ман хеле фахр мекунам, ки ин бузургтарин ҳайате аст, ки ба Тоҷикистон омад. Ин бори 12-ум аст, ки мо миёни кишвари шумо ва порлумони Иттиҳоди Аврупо нишаст доир мекунем. Хеле дидорҳои пурсамаре доштам бо ҷониби Тоҷикистон. Мехостам ба сафири Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон ва сафири Тоҷикистон дар Подшоҳии Белгия изҳори сипос кунам, барои саҳми хубашон дар татбиқи барномаи кории мо. Мо тавонистем бо ҷаноби сарвазири Тоҷикистон, бо намояндагони дигари ҳукумат, вазирон ва албатта бо ҳамтоёнамон дар порлумони Тоҷикистон мулоқот кунем. Албатта барои густариши ҳамкориҳо ҷаласаҳои дигарро дар Аврупо давом медиҳем. Ҳамчунин бо намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҷавонон, мутахассисини соҳаи маориф низ тавонистем дидор кунем. Як мулоқоти хеле муҳим имрӯз доштем. Аз иҷрои як тарҳе омадем ва дидем, ки маблағгузории он аз сӯйи Иттиҳоди Аврупо сурат гирифтааст ва ҷониби мо ёрии худро ба заноне пешниҳод кардааст, ки аз хушунати хонаводагӣ ранҷ дидаанд.
Радиои Озодӣ: Иттиҳоди Аврупо солҳои ахир бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳамкориро дар сатҳи “оғози шарикии стратегӣ” шуруъ кард. То ин ҷо оё аз ҳамкориҳо қонеъ ҳастед ва ба сатҳи “шарикии стратегӣ” расидед ё мерасед?
Ҷузеппина Принчи: Албатта, аз густарда намудани ҳамкориҳо хеле хурсанд ҳастем. Тавре гуфтам, ман танҳо аз оғози имсол ба ин ҳайат шомил шудам. Албатта, дар мавриди 11 мулоқоти қаблӣ ва созишномаҳое, ки ба имзо расидаанд, ҳамаи онҳоро мутолиа намудам. Бо ҳамаи 5 кишвари Осиёи Марказӣ тамаркузи асосӣ ба таъмини ҳокимият (волоият)-и қонун, демкоратӣ кардан, инчунин ба истилоҳ бунёди як пул, ки тавассути ин пул мо битавонем ба ангезадиҳандаҳо (драйвер)-ҳои асосии риояи ҳокимияти қонун ва риояи ҳуқуқи инсон бисёртар кор кунем ва таваҷҷуҳ мекунем. Дар ин самт мо корҳоро вусъат мебахшем. Моҳи июли соли ҷорӣ созишнома дар бораи шарикии стратегӣ ба имзо расид. Албатта, ҳамкории иқтисодӣ бо Тоҷикистон ва кишварҳои дигари ОМ васеътар хоҳад шуд. Мо бо ин кишварҳо муносиботи хеле қавӣ дорем.
Радиои Озодӣ: Чӣ мушкили умдае дар роҳи ин ҳамкориҳо мавҷуд аст? Оё рақибони наву суннатии Иттиҳоди Аврупо – Русия ва Чин ба ҳузури шумо ҳассос ҳастанд ва монеагузориҳое мекунанд?
Ҷузеппина Принчи: Муносибат миёни Русия, Чин ва кишварҳои Осиёи Марказӣ дар сатҳе аст, ки то ҳол ин ду кишвар барои ҳама ҷумҳуриҳои ОМ шарикони асосӣ ба ҳисоб мераванд. Ман наметавонам бигӯям, ки оё онҳо метавонанд ба шарикии мо халал расонанд. Дар ин бора мо маълумоти кофӣ надорем. Он чиро ки мо мушоҳида мекунем, ин аст, ки мамолики Осиёи Марказӣ дидгоҳҳои бетарафона доранд. Хусусан, агар ихтилофҳое дар заминаи риояи ҳуқуқи башар бошад. Мо дар ҷараёнем, ки дар кишвари шумо ислоҳоти қонунгузорӣ роҳандозӣ шудааст, аз ҷумла дар мавриди хушунати хонаводагӣ, эҳтироми бештар ба ҳуқуқи инсон ва уҳдадориҳое, ки мо дорем. Мушоҳидаҳое, ки мо дорем, баёнгари он аст, ки кишвар дар самти дуруст ҳаракат карда истодааст. Дидорҳое, ки мо доштем бо намояндагони ҳукумати Тоҷикистон ва кумитаҳои байнипорлумонӣ нишондиҳандаи пурқувват намудани ҳамкорӣ мебошад ва дар ин ҷода ҷониби Тоҷикистон ислоҳоти мушаххасеро мегузаронад. Барои мо боиси хушнудист, ки шоҳиди ин гуна васеътар гаштани ҳамкориҳо мебошем.
Радиои Озодӣ: Шумо дар суҳбататон ба масъалаи ҳуқуқи инсон ишораҳое доштед. Дар ҳамкориҳои нав, хусусан бо Тоҷикистон чӣ бахшҳое дар авлавият ҳаст? Дастёбӣ ба зарфиятҳои иқтисодӣ ва маъдану захираҳои табиӣ ё бахшҳои ҳуқуқибашарӣ низ ҳаст?
Ҷузеппина Принчи: Авлавияти асосӣ таъмин кардани ин ки ислоҳоти қонунгузорӣ ба охир расонида шавад. Мо медонем, ки ҳукумати Тоҷикистон дар ҷараёни ин кор қарор дорад. Такмили қонунгузорӣ ва қабули санадҳои нави ҳамкорӣ рафта истодааст ва мо кафолати инро гирифтем, ки ин талошҳо давом хоҳанд ёфт ва ислоҳот ба итмом мерасад. Албатта, дар бобати бештар ҳифз шудани ҳуқуқи қурбониёни хушунати хонаводагӣ, ашхосе, ки бо нобаробариҳои генедерӣ рӯ ба рӯ мешаванд ва инчунин ашхосе, ки дар маҳбасҳо ҳастанд, бояд корҳои бештар сурат гирад. Тамаркузи асосӣ ба он аст, ки уҳдадориҳои кишвар нисбат ба барномаҳои маорифу таълим иҷро шаванд. Бештар намудани имконот барои донишомӯзон дар дохили кишвар, ҳатто на танҳо донишомӯзон, балки ҷавононе, ки мехоҳанд ба ин ё он давлат рафта кор кунанд. Онҳо пеш аз ин бояд бо имконоти омӯзиш фаро гирифта шаванд ва касбҳои нав омӯзанд. Зеро мо бовар дорем тавассути сармоягузорӣ ба маориф ва илм метавонем ба ҳадафи асосӣ расем.
Радиои Озодӣ: Шумо пеш аз ин ки ба Тоҷикистон биёед, чӣ қадар дар бораи авзои сиёсӣ маълумот доштед? Зеро бархе аз мухолифони сиёсии ҳукумати Тоҷикистон ва шуморе аз намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ бар инанд, ки таҳкиму густариши ҳамкориҳои Ғарб бо Тоҷикистон як навъ пуштибонӣ аз вазъи мавҷуд ва тағйир наёфтани авзои сиёсӣ, нақзи ҳуқуқи инсон, ҳимоят аз зоҳирбозии демократӣ ба шумор меравад. ИА ба вазъи ҳуқуқи инсон дар ин ҷо таваҷҷуҳ намекунад, ҳатто пешниҳоди таҳриму муҷозоти нақзи ҳуқуқро ба назар намегирад, мегӯянд. То куҷо ин танқидҳо дуруст ё нодурустанд?
Ҷузеппина Принчи: Хуб, мо бояд дар бораи факту далелҳо гап занем. Далели асосӣ он аст, ки мо имрӯз дар ин ҷо қарор дорем ва ин лоиҳае, ки барои пуштибонии занон аст ва мо аз кори он боздид кардем, ин ҷавоб аст ба саволи шумо. Яъне Аврупо ёрии худро барои қурбониёни хушунати хонаводагӣ пешниҳод карда истодааст. Ин ба унвони як огоҳӣ барои он заноне арзёбӣ мешавад, ки аз хушунат ранҷ мебинанд, то минбаъд барои ёрӣ муроҷиат кунанд. Мо ҳамчунин тасмимҳои дигаре дорем, аз ҷумла таъмини амният дар марзи Афғонистон, ки сарҳадаш 1400-километр тӯл дорад. Хеле душвор аст, ки пеши роҳи савдои одамон, фурӯши маводи мухаддир ва силоҳро бигирем, вале бояд бо ҳам кор кунем. Дар ҳоли ҳозир 150 миллион евро барои ҳимоят ва рушди баробари марду зан, имконоти бештар фароҳам кардан барои озодии баён, озодиҳои фитрӣ ихтисос додаем. Дар чорчӯби ҳамон шартнома бобати ҳамкории стратегӣ имкон меёбем, ки ба ҳамин ҳадафҳои стратегӣ расем. Албатта хеле муҳим аст, ки мо кафолати риояи тавсияҳои ҳуқуқи байнулмилал ва Созмони Миллали Муттаҳидро дошта бошем.
Радиои Озодӣ: Яъне шумо гуфтан мехоҳед, ки Иттиҳоди Аврупо дар ҳеч сурат барои манофеи иқтисодиаш аз арзишҳои демкоратӣ ва масъалаҳои ҳуқуқибашарӣ чашмпӯшӣ намекунад?
Ҷузеппина Принчи: Не, ин рух намедиҳад. Шарикии васеъ ва созишнома дар ин ҷода вобастагӣ дорад ба ҳамон риоя ва ҳифзи ҳуқуқи инсон, ки тавассути кафолатҳои мушаххас пешниҳод мегардад. Вақте ҳокимияти қонун таъмин шавад, зеро барои пешрафти минбаъда ин барои мо яке аз шартҳои қаблӣ мебошад. Ҳадафи асосии мо, ин нест ва намехоҳем, ки ба ҳеч ваҷҳ сахтгирӣ вуҷуд дошта бошад. Мо бояд муколамаро давом диҳем. Аммо демократия чизест, ки барои ҳамаи кишварҳое, ки мехоҳанд рушд ёбанд, заминаи асосист. Албатта, бо эҳтиром ба ҳуқуқи байналмилал ва оинномаи СММ. Ҳамкории мо дар ин бахш боз тақвият меёбад. Хурсандибахш он аст, ки ҳукумати Тоҷикистон нишон дода истодааст, ки пешрафтҳо вуҷуд доранд. Ба пешниҳодоти мо гӯш медиҳанд, барои расидан ба ин ҳадафҳои муштарак бояд кор кунем ва мутмаин шавем, ки дӯстии мо давомдор бошад.
Гуфтугӯ