Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Гумоштае бо парчами Амрико дар гардан.” Гумонзади кӯшиши суиқасд ба Трамп кист?


Райан Уесли Рут. Моҳи апрели соли 2022 дар гирдиҳамоӣ дар Киев
Райан Уесли Рут. Моҳи апрели соли 2022 дар гирдиҳамоӣ дар Киев

Райан Уэсли Рут, ки бо пуштибонияш аз нерӯҳои мусаллаҳи Украина машҳур аст, дар пайванд ба суиқасд ба ҷони Доналд Трамп, президенти собиқи Амрико, боздошт шудааст. Вай дар моҳҳои аввали ҳамлаи Русия ба Украина дар Киев пайдо шуда, бо мардум гап мезад ва ба ҳимоят аз низомиёни Украина даъват мекард.

Ба тасвири Кристиан Лутз аз Олмон, мудири созмони башардӯстонаи PHOENIX, Рут барои артиши Украина “туморе” шуда буд. Онҳо дар соли 2022 чанд дафъа мулоқот кардаанд.

Лутз дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, “ӯро “гумоштае бо парчами Амрико дар гардан” медонистанд, ки ба мисли гурги танҳо ба назар мерасид, ҳамкор ё дӯсте надошт.”

Ҳоло Рути 58-сола ба кӯшиши суиқасд ба ҷони раисҷумҳури пешини Амрико гумонзад аст. Полиси Флорида ӯро рӯзи 15-уми сентябр дастгир кард. Маъмурони Хадамоти кашфи Амрико гуфтанд, дар ҳоле ки Трамп дар “Вест Палм Бич” голф бозӣ мекард, Райан Уэсли Рут бо силоҳ ӯро нишон гирифта буд.

Пулиси маҳаллӣ Рик Бредшоу эълон кард, ки аз ҷойи ҳодиса автомати “AK-47” бо дурбин, дастгоҳи наворбардории GoPro ва ду борхалта ёфтанд.

Ҳанӯз ягон далели иртиботи фаъолиятҳои Райан Уэсли Рут дар Украина ба ҳодисаи Флорида пайдо нашудааст, аммо хабари боздошташ одамонеро, ки ӯро дар Киев дида ва шоҳиди ёриҳояш ба Украина буданд, ба ҳайрат овард. “Ин ҳақиқат буда наметавонад,” – гуфт Кристиан Лутз аз Олмон.

Баъзе аз воҳидҳои ҷангии ихтиёриён дар Украина зуд худро аз Рут дур гирифта, ҳар гуна иртиботро бо ӯ рад мекунанд. Воҳиди ихтиёриёни хориҷӣ дар паёме дар Telegram навишт, ки “Райан Уэсли Рут ҳеч гоҳ дар легионҳои байнулмилалии Сарраёсати иктишофии Вазорати дифои Украина хидмат накардааст. Ӯ ба ин воҳид ҳеч рабт надорад. Овозаи паҳншуда дар баъзе аз расонаҳо дуруст нест.”

Рут дар моҳи апрели соли 2022 дар гирдиҳамоие дар Киев ба ҳимоят аз баталёни “Азов” зоҳир шуд. Сарбозони “Азов” пас аз чанд ҳафтаи муқовимат дар шаҳри бандарии Мариупол таслим шуда, Русия бисёре аз онҳоро асир гирифта буд.

Бино ба наворҳои “Ассошиэйтед Пресс” аз ин рӯйдод, Рут камзули рангаш кабуд, дар пушт парчами Амрико ва дар даст ин шиорро дошт, ки “мо наметавонем беш аз панҷоҳ соли дигар фасод ва бадиро бардорем. Биёед, ба хотири фарзандон монеи Русия мешавем.”

Рут инчунин дар як видеое пайдо шуд, ки дар моҳи майи соли 2022 аз тарафи хешовандони сарбозони “Азов” дар Твиттер нашр шуд. “Райан Уэсли Рут бо “Азов” пайванд надошт. Тазоҳуроти осоиштае, ки ӯ ширкат дошт, боз буд ва ҳар кас метавонист ба он ҳамроҳ шавад. Вай тасодуфан дар навор афтодааст,” – навишт ин гурӯҳ дар паёме рӯзи 16-уми сентябр дар шабакаи “X”.

Кристиан Лутз дар суҳбати телефонӣ бо Радиои Озодӣ аз Олмон гуфт, бори аввал бо Рут дар моҳи июни соли 2022 дар Киев мулоқот кард. Вай ба ёд меорад, ки “Рут бисёр ошкорбаён, хушмуомила буд ва ба вазифааш, яъне ҷалби хориҷиён ба артиши Украина, тамаркуз дошт.”

"Вақте дар сараш идеяи ёфтани ширкате пайдо шуд, ки ҳавопаймоҳои бесарнишин созад, ӯро бо мошин дар Киев гардондам. Ҳамроҳи мо як сарбоз ҳам буд. Номаш ба ёдам нест. Ӯ ихтиёрӣ ба Рут ёрӣ мекард,” – нақл кард Лутз. Вай афзуд, дертар худро аз Райан Уэсли Рут канор гирифт ва рафоқаташро бо ӯ дар шабакаҳои иҷтимоӣ низ бас кард.

Ба назар мерасад, Рут пеш аз рафтанаш ба Киев ва кӯшиши ёрӣ ба артиши Украина, зиндагии мисли кӯчиҳо дошт. Вай муддате дар Гринсборо, Каролинаи Шимолӣ кор кардааст. Дар сафи нерӯҳои мусаллаҳи Амрико набуд.

Саҳифаҳои Рут дар шабакаҳои иҷтимоии “X” ва “Facebook” аз 16-уми сентябр дастрас нестанд, вале бойгонӣ паёмҳои гуногуни ӯро дар бораи сиёсати Амрико ва ҷанг дар Украина нишон медиҳанд. Ӯ соли 2023 дар чанд нигоштааш дар шабакаи “X” иддао кардааст, ки сарбозони афғонистониро, ки мехоҳанд дар Тайван ё Ҳаитӣ хидмат кунанд, ҷалб мекунад.

Маълумот дар бораи Рут дар LinkedIn нишон дод, ки ӯ дар Camp Box Honolulu дар Ҳавайӣ мустақилона кор мекард. Дар ҳамин пойгоҳ моҳи марти соли 2023 ду акс нашр шудааст, ки Рутро дар назди бинои Конгресси Амрико ва Майдони Истиқлоли Киев нишон медиҳад. Дар зери аксҳо навишта шудааст, ки “Дар Вашингтон ва Киев барои пайдо кардани сарбозон барои амалиёти низомӣ”.

Рут дар фурӯшгоҳи онлайнии “Амазон” низ китоберо бо номи “Ҷанги шикастнопазири Украина” нашр кардааст. Дар сарсухани китоб ба таври дилчасп ва баъзан ғамгинона шарҳ додааст, ки чаро ӯ ҳимояи Украинаро муҳим мешуморад

“Агарчи Украина дар масири кунунии худ пирӯз нахоҳад шуд, аммо барои ҷаҳон бисёр муҳим аст, ки он баранда шавад. Ва ба ҳамин далел аст, ки ин китоб бисёр муҳим аст. Мо бояд дарк кунем, ки бохт гузина нест, мо бояд коре кунем, ки пирӯз шавем," – гуфтааст ӯ.

XS
SM
MD
LG