Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

FBI дар ҳоли таҳқиқ дар бораи суиқасди дигар алайҳи Трамп аст


Дар пайи тирандозӣ дар наздики бошгоҳи "Голф"-и Доналд Трамп, номзади ҷумҳурихоҳ дар интихоботи раёсати ҷумҳури Амрико, ӯ аз саломатии худ хабар дод ва пулис ҳам эълон кард, ки фарди гумонбар боздошт шудааст.

Садои тирандозӣ рӯзи якшанбеи 15-уми сентябр дар атрофи бошгоҳи голфи Трамп дар иёлати Флорида шунида шуд.

Пулис дар ин минтақа ба хабарнигорон гуфт, шахси мусаллаҳ, ки дар буттаҳои атрофи бошгоҳи голф махфӣ шуда буд, пас аз даргирӣ бо кормандони хадамоти махфӣ аз ҷойи ҳодиса гурехт, аммо баъдан дар яке роҳҳои наздик ба шаҳр боздошт шуд.

Ба гуфтаи раҳбари идораи пулис, кормандони хадамоти махфӣ ҳангоми баррасиҳои худ дар атрофи замини голф, як туфангро дар буттаҳо ва дар фосилаи 350-450 метр дуртар аз Доналд Трамп мушоҳида карданд.

Видеоро инҷо тамошо кунед:

Ба Доналд Трамп дигарбора сӯиқасд карданд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:06 0:00

Мақомоти пулис мегӯянд, кормандони хадамоти махфӣ бо фарди мусаллаҳ даргир шуданд ва пас аз тирандозӣ шахси мусаллаҳ васоили худро раҳо кард ва бо як мошин аз маҳал фирор намуд.

Бар асоси ин хабар, боздошти гумонбар пас аз он сурат гирифт, ки яке аз шоҳидон муваффақ ба акс гирифтан аз шумораи мошини ӯ шуд ва ин маълумот ба ниҳодҳои амниятӣ фиристода шуд.

Пулиси федероли Амрико ё FBI аз оғози таҳқиқот дар бораи он хабар дод.

Сервиси махфии ИМА ва ҳамчунин Ситоди интихоботии Доналд Трамп аз саломатии ӯ хабар доданд.

Ба гузориши хабаргузории "Рейтерз", худи Доналд Трамп низ ба интихобкунандагонаш навишт, "дар наздикии ман садои тирандозӣ шунида шуд. Аммо қабл аз ин, ки шоеаҳо аз контрол хориҷ шаванд, мехостам қабл аз ҳама инро бишнавед: "Ман дар амният ҳастам ва ҳолам хуб аст".

Кохи Сафед дар баёнияе эълон кард, ки Ҷо Байден, раиси ҷумҳури Амрико ва Камала Ҳаррис, муовини ӯ дар ҷараёни ин ҳодиса қарор гирифтаанд ва аз саломатии Трамп ибрози хурсандӣ карданд.

Камала Ҳаррис бо ибрози хурсандӣ аз солим будани Доналд Трамп дар паёме дар шабакаи Х навишт, "хушунат дар Амрико ҷойе надорад".

Бархе расонаҳои амрикоӣ, аз ҷумла CNN, "Ню-Йорк таймз" ва Fox News аз шахси ҳамлавар як марди 58-сола ва сокини Ҳавайи ном бурданд, аммо ин гузоришҳо ҳанӯз аз тарафи FBI тасдиқ нашудааст.

Ҳудуди се ҳафта пеш низ хабаргузории "Рейтейрз" ба нақл аз пулиси Аризона хабар дод, як мард дар ин иёлат, ки Доналд Трампро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба марг таҳдид карда ва зери таъқиб қарор гирифта буд, боздошт шуд.

Пеш аз он низ, дар 13-уми июли имсол Доналд Трамп дар ҷараёни суханронии интихоботӣ дар Батлери аёлати Пенсилвания ҳадафи суиқасди нофарҷом қарор гирифт ва аз сараш захмӣ шуд.

Бюрои федеролии таҳқиқотии ИМА (ФБР) рӯзи 14-уми июл хабар дод, ки Томас Мэтю Крукс, ҷавони 20-сола ба Трамп тир задааст.

Аз байни ҳозирон дар он ҳамоиши интихоботӣ як нафар кушта ва як тан захмӣ шуданд.

Ин суиқасд, ки аввалин қасди ҷон ба як президенти пешини ИМА дар чаҳор даҳа ба шумор меравад, интиқодҳои густурдаеро аз коркардҳои хадамоти махфӣ дар пай дошт ва дар ниҳоят ба истеъфои раиси ин ниҳод боис шуд.

Интихоботи президентии Амрико рӯзи 5-уми ноябр баргузор мешавад.

XS
SM
MD
LG