Интихоботи шӯроҳои маҳаллӣ дар Украина дар ҳоле баргузор мешавад, ки ин кишвар чанд бӯҳронро аз сар мегузаронад ва ин интихобот талошҳои Петро Порошенко барои қатъи ҷанги дохилӣ дар шарқи кишвар ва барқарории иқтисоди Украина арзёбӣ мешавад. Ин интихобот, инчунин, нишон хоҳад дод, ки Петро Порошенко, раиси ҷумҳури ғарбгаро то чӣ андоза дар марҳилаи бӯҳронӣ аз ҷонибдории мардум бархӯрдор аст?
Интихобкунандагон дар Украина барои раисони шаҳрдориҳо ва намояндагони шӯроҳои шаҳрӣ раъй хоҳанд дод. Аммо дар вилоятҳое, ки зери назорати ҷудоихоҳони ҷонибдори Маскав қарор доранд ва дар Қрим, ки акнун ба Русия пайвастааст, интихобот баргузор нахоҳад шуд.
Интихобот ҳамчунин дар марҳилае баргузор мешавад, ки ба сабаби муноқишаи 18-моҳа дар шарқи Украина норизоятӣ афзоиш меёбад. Ҳукумати Киев ба ин минтақа 83 ҳазор сарбози худро фиристод, вале натавонист бар онҳо пирӯз шавад. Ғарб ва Киев Маскавро муттаҳам мекунанд, ки ба шӯришён ёрӣ мерасонад. Вале ҳукумати Русия ин иттиҳомотро рад мекунад.
Аз сӯи дигар, ҳукумати Украина натавонистааст иқтисодро ба по бардорад, зеро ҷанг ба он зарба задааст ва минтақаҳои саноатии кишвар дар қаламравҳои зери контрол ё назорати ҷудоихоҳон мондааст. Чунин вазъ Украинаро пойбанди кумакҳои молии байналмилалӣ ва Ғарб кардааст. Норизоятиҳои мардумӣ сабаби пайдоиши ҳизбҳои мухталифи сиёсӣ шудааст, ки ҳар яке аз онҳо барои гирфтани курсӣ дар шӯроҳои маҳаллӣ мубориза хоҳанд кард. Бино ба маълумоти мавҷуда дар ин интихобот бештар аз 130 ҳизби сиёсӣ иштирок хоҳанд кард, барои ҳамин интихобкунандагон ба ин интихобот алоқамандии зиёд нишон медиҳанд.
Иван Лозовой, сиёсатшиноси украиниву амрикоӣ, ки дар Киев фаъолият мекунад, мегӯяд, "дар ҳокимият баъзе холигоҳҳо вуҷуд дорад. Ҳизби Петро Порошенко дар маҳалҳо воқеан ҳам сохторҳоро дар ихтиёр надорад. Ба ин сабаб мо мебинем, ки ҳизбҳои зиёд мехоҳанд дар маҳалҳо ҳокимиятро ба даст оранд ва ба ин тартиб ҳизби худро қавитар кунанд".
Бино ба баъзе пешгӯиҳо, ҳизби Порошенко “Солидарност” дар шӯроҳои маҳаллӣ курсии камтар ба даст меорад ва шумораи ками намояндагони ин ҳизб шаҳрдор интихоб хоҳанд шуд. Ҳоло эътибор ё рейтинги Порошенко 26 дарсад поён рафтааст ва он камтар аз нисфи рейтинги соли 2014 аст. Эътибори Арсений Ятсенюк, нахуствазири Украина низ поён рафтааст ва вай дар интихоботи маҳаллӣ ҳатто намояндагони худро пешниҳод накардааст.
“Оппозиционный блок” дар вазъи беҳтаре қарор дорад ва бештари онҳо аъзои собиқи “Ҳизби минтақаҳо” ё “Партия регионов”-и Виктор Янукович, раиси ҷумҳури барканоршудаи Украина мебошанд. Моҳи феврали соли 2014 дар натиҷаи эътирозҳои “Евромайдан” Янукович барканор шуд ва Украинаро тарк кард. Бо вуҷуди ин, дар бисёре аз минтақаҳои шарқии кишвар аъзои пешини "Ҳизби минтақаҳо" раҳбариро бар уҳда доранд.
Лозовой мегӯяд, "бояд бар маҳаллоти бузурги зист дар шарқи Украина назорат кард. Ба андешаи ман, мумкин аст он нишонгари бозгашти “Ҳизби минтақаҳо” хоҳад буд. Онҳо намояндагони худро аз ҳизбҳои дигар низ пешниҳод кардаанд."
Ҳоло “Оппозиционный блок” дар парлумони Украина 10 дарсадро ташкил медиҳад ва онҳо ба талошҳои Порошенко барои узвияти Украина дар паймони НАТО мухолифанд ва мехоҳанд, ки барои барқарор кардани марзҳои пешин ё соли 1991-и Украина бо Русия музокира анҷом бигирад.
Ин интихобот, инчунин, нишонгари эътибори ҳизби “Батьковщина”-и Юлия Тимошенко низ хоҳад буд. Ин ҳизб бо даъватҳояш барои хидмати қарордодӣ дар артиш мехоҳад таъсири худро дар маҳалҳо бештар кунад. Ҳамзамон ҷонибдорони ислоҳот дар Одесса мехоҳанд, Геннадий Труханов, шаҳрдори кунуниро барканор кунанд. Ба ин мақом Саша Боровик -- ёвари Михаил Саакашвилӣ -- раиси вилояти Одесса аз ҳизби Порошенко худро номзад кардааст.
Ҳадафи ин интихобот фароҳам овардани заминаи мусоид барои додани салоҳиятҳои бештар ба мақомоти маҳаллӣ мебошад. Бар асоси он андозҳое, ки дар вилоятҳо гирдоварӣ мешавад, дигар ба Киев фиристода намешавад, то аз он ҷо маблағро дубора тақсим кунанд. Дар ин интихоботи кунунӣ барои Шӯроҳои маҳаллӣ раъй медиҳанд, на барои раисони вилоятҳо. Раисони вилоятҳоро аз ҳукумати марказӣ таъин мекунад.