Дар чанд ҷумла
Назарбоев ва Порошенко иҷрои созишҳои Минскро баҳс мекунанд

Дар дидори раиси ҷумҳурии Украина Петр Порошенко бо нахуствазири Қазоқистон Карим Масимов мавзӯи густариши боркашонӣ аз Осиё ба Аврупо ба воситаи қаламравҳои Қазоқистон ва Украина дар чаҳорчӯбаи тарҳи «Камарбанди иқтисодии Роҳи абрешим» аз Чин то Аврупои Ғарбӣ баррасӣ шуданд.
Интизор меравад, ки имрӯз дар Остона гуфтушуниди Порошенко бо ҳамтои қазоқаш Нурсултон Назарбоев баргузор шавад. Масоили равобити дуҷониба ва иҷрои созишҳои Минск аз мавзӯи меҳварии ин дидор шумурда шудаанд.
Порошенко бо сафари дурӯза вориди Қазоқистон шуда, гуфта мешавад, ки ҳавопаймои вай ба хатсайре парвоз кард, ки аз ҳарими ҳавоии Русия нагузарад.
Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед
Музокироти Эрон ва Амрико дар Умон оғоз шуд

Гуфтугӯҳои Аббос Ароқчӣ, вазири корҳои хориҷии Эрон ва Стив Виткофф, фиристодаи вижаи раиҷумҳури Амрико дар умури Ховари Миёна, дар Масқат, -- пойтахти Умон, оғоз шуд.
Исмоил Бақоӣ, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Эрон баъд аз зуҳри 12 апрел, бо ин эълони ин хабар дар сафҳаи худ дар шабакаи Х, навишт, "ин гуфтугӯ дар маҳалли пешбинишуда тавасути мизбони умонӣ бо ҷойгир шудани намояндагони Ҷумҳурии исломӣ ва Амрико дар толорҳои аз ҳам ҷудо, анҷом мешавад ва ду тараф дидгоҳҳо ва мавзеи худро аз тариқи вазири корҳои хориҷии Умон, ба якдигар мерасонанд".
Ба навиштаи расонаҳои Эрон, дар гуфтугӯҳои имрӯз бо Амрико, Исмоил Бақоӣ, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷӣ, Маҷид Тахтравончӣ, муовини сиёсӣ, Козим Ғарибободӣ, муовини байналмилалӣ ва ҳуқуқии вазорати корҳои хориҷӣ ва музокиракунандагони баландояи бахши бартараф кардани таҳримҳо ва коршиносони масоили ҳастаӣ, ҳамроҳи Аббос Ароқчӣ ҳастанд.
Қабл аз оғози ин гуфтугӯҳо, хабаргузории "Рейтерз" ба нақл аз як "мақоми эронӣ", ки номаш фош нашудааст, навишт, ки Алии Хоманаӣ, раҳбари Ҷумҳурии исломӣ, ба Аббос Ароқчӣ барои музокирот бо тарафи амрикоӣ, "салоҳияти пурра" додааст.
Ин манбаъ ба "Рейтерз" гуфтааст, "муддати музокирот, ки танҳо дар бораи мавзуи ҳастаӣ аст, бастагӣ ба ҷиддият ва ҳусни нияти тарафи амрикоӣ дорад".
Эрон ҳар гуна музокира дар бораи барномаи мушакӣ ва тавоноиҳои дифоии худро рад кардааст.
Вазири корҳои хориҷии Эрон субҳи 12 апрел пас аз ворид шудан ба Умон дар сӯҳбат бо ҳамтои умонии худ дар мавриди гуфтугӯи ҳастаии Эрон ва Амрико гуфт, ки "нияти мо расидан ба созиши шарафмандона аз мавзеи баробар аст".
Ӯ бо андохтани тӯб ба замини Амрико, афзуд, "агар тарафи муқобил аз мавзеи баробар ворид шуда бошад, имконе барои як созиши ибтидоӣ, вуҷуд хоҳад дошт".
Қаблан Алӣ Шамхонӣ, мушовири сиёсии Алии Хоманаӣ дар шабакаи Х навишта буд, ки Вазири корҳои хориҷии Эрон бо "ихтиёроти комил" роҳии Умон шудааст.
Ба иддаои ӯ, "Теҳрон ба дур аз намоиш ва суханбозӣ дар баробари дурбинҳо, ба дунболи созиши воқеӣ ва одилона аст".
Ин нахустин музокироти мақомҳои эронӣ ва амрикоӣ дар маъмурияти дувуми Доналд Трамп аст.
Эрон ва шаш қудрати ҷаҳонӣ дар соли 2015 ба созиши ҳастаӣ бо номи Барномаи Ҷомеи Иқдоми Муштарак ё БАРҶОМ, даст ёфтанд ва Трамп, ки аз мухолифони ин созишнома буд, дар соли 2018 хуруҷи Амрико аз ин созишномаро эълом кард.
Эрон талош барои даст ёфтан ба силоҳи ҳастаиро рад мекунад, аммо пас аз хуруҷи Амрико аз БАРҶОМ, аз ӯҳдадориҳои худ дар чорчӯби ин созиш канор рафт ва мизони ғанисозии уранюмро ба вижа дар як соли гузашта, ба шиддат афзоиш додааст.
Стив Виткофф, намояндаи вижаи раисҷумҳури Амрико дар умури Ховари Миёна қаблан гуфта буд, ки Доналд Трамп дар талош аст, то бо "эътимодсозӣ", аз даргирии низомӣ бо Эрон пешгирӣ кунад ва Теҳрон ҳам аз тариқи "миёнаравҳо" дар ҳоли тамос бо Амрико аст.
КҲФ мегӯяд, аз боронгариҳои ахир хонаҳо, роҳҳо ва киштзорҳо осеб диданд

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон мегӯяд, ки бар асари боронгариҳои сахти рӯзҳои гузашта ва омадани селҳо, даҳҳо хона дар минтақаҳои гуногуни кишвар осеб дида, ба роҳҳо ва киштзорҳо осеб расидааст.
Тоҷикистон рӯзҳои 5-10 апрел шоҳиди боронгариҳои сахт буд ва КҲФ аз сокинон хоста буд, ки дар ин рӯзҳо аз эҳтиёт кор бигиранд.
Ба иттилои КҲФ, аз боронгариҳои рӯзҳои гузашта, аз ҷумла, сокинони ноҳияҳои Рӯдакӣ, Сангвор, Абдураҳмони Ҷомӣ ва шаҳри Ҳисор зарар диданд. Ба иттилои ин ниҳод аз ҷумла, сел дар ноҳияи Рӯдакӣ даҳҳо таҳхонаи сокинонро аз лой пур кард.
КҲФ мегӯяд, рӯзи 10 апрел бар асари боронҳои сахт ва омадани сел, роҳи мошингарди Лабиҷар то маркази ноҳияи Сангвор барои чанд муддат баста монд.
Дар ҳамин рӯз, дар пайи боронҳои шадид сел 13 хоҷагии деҳқонии деҳаи Кӯҳдоманро дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ аз лою об пур кардааст. Ҳамчунин даҳҳо гектар замини пахта дар қаламрави ин ноҳия зарар дидааст.
Ҳаҷми умумии зарари расида аз боронгариҳои ахир то кунун маълум нест. Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон мегӯяд, ки дар ҳоли ҳозир комиссияҳои ҳолатҳои фавқулода дар ноҳияҳои ҳаҷми зарари расидаро муайян мекунанд.
Дар ҳамин ҳол, Оҷонси ҳавошиносии Тоҷикистон аз эҳтимоли боришоти сахт дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд ва эҳтимоли фаромадани тарма дар рӯзҳои 12-14 апрел, хабар додааст. Ин ниҳод гуфтааст, ба ғайр аз манотиқи шарқии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, дар ноҳияҳои кӯҳии кишвар эҳтимоли омадани сел вуҷуд дорад.
Вокунишҳо ба эъдоми 4 тан аз сӯи Толибон дар Афғонистон

Пас аз эъдоми чаҳор тан дар маҳзари ом дар вилоятҳои Бодғис, Нимрӯз ва Фароҳи Афғонистон, шуморе аз созмонҳои байналмилалӣ бо нашри эъломияҳо, ин иқдоми ҳукумати Толибонро танқид карданд.
Дафтари ҳуқуқи башари СММ бо ибрози нигаронӣ дар ин маврид рӯзи 11 апрел дар шабакаи Х навишт, ин гуна ҷазо додан бо каромати инсонӣ ва ҳаққи зиндагӣ, носозгор аст ва мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки таъсири чандоне барои пешгирӣ аз ҷурму ҷиноят надорад. Ин ниҳод дар идома аз ҳукумати Толибон хостааст, ки истифода аз ин гуна ҷазо доданро бас кунад ва дар ниҳоят онро бекор намояд.
Ҳамзамон бо ин, Ричард Беннет, гуориши вижаи СММ барои ҳуқуқи башари Афғонистон низ бо маҳкум кардани эъдоми чаҳор тан дар маҳзари ом дар Афғонистон, рӯзи ҷумъа дар сафҳаи худ дар Х навишт, "ки ин эъдомҳо ва ҳамчунин муҷозоти баданӣ, ки аз сӯи Толибон дар маҳзари ом анҷом мешавад, нақзи ошкори қонунҳои байналмилалӣ аст ва бояд фавран поён ёбад".
Дар ҳамин ҳол, Дафтари намояндагии СММ дар Афғонистон ва бахши Осиёи Ҷанубии Созмони афви байналмилал низ бо нашри эъломияҳои алоҳида дар шабакаи Х, хостори қатъи фаврии ин муҷозот шудаанд.
Толибон рӯзи 11 апрел чор нафарро дар вилоятҳои Бодғис, Нимрӯз ва Фароҳ дар маҳзари ом эъдом карданд.
Ин бештарин шумораи эъдомҳо дар як рӯз аз замони ҳокимияти дубораи Толибон бар Афғонистон то кунун будааст.
Толибон пас аз дубора ба қудрат расидан дар моҳи августи соли 2021, муҷозот дар маҳзари ом, аз ҷумла, эъдом ва дигар муҷозоти баданиро дар ин кишвар дигарбора оғоз карданд. Онҳо то кунун 10 нафарро дар маҳзари ом эъдом кардаанд.
Созмонҳои пуштибони ҳуқуқи башар ҳамвора ин эъдомҳоро поймол кардани қонунҳои байналмилалӣ, хондаанд.
Ҳарчанд идораҳои маҳаллӣ ва додгоҳҳои Толибон ҳамеша таъкид доштаанд, ки ба гуфтаашон, ҳукми қасосро пас аз таҳқиқоти шаффоф ва таъмини адолат иҷро кардаанд, вале СММ ва ниҳодҳои ҳомии ҳуқуқи башари байналмилалӣ ҳамвора дар ин бора ибрози шак карда, борҳо ҳукумати Толибонро ба надоштани низоми додгоҳии дуруст, муттаҳам кардаанд.
Онҳо борҳо аз Толибон хостаанд, ки пеши ин гуна муҷозотро бигиранд.
Дар ҳамлаи Исроил ба Ғазза 10 узви як хонавода кушта шуданд

Ба навиштаи " The time of Israel", дар пайи ҳамлаи ҳавоии артиши Исроил ба хонае дар минтақаи Хон Юнус дар ҷануби Ғазза, як хонаводаи 10-нафар, аз ҷумла 7 кӯдак, ҷон бохтаанд.
Ин ҳамла дар ҳоле сурат гирифт, ки Созмони Милали Муттаҳид эълон кард, ки дар ҳафтаҳои ахир, дар ҳамлаҳои Исроил даҳҳо зан ва кӯдак кушта шудаанд.
Созмонҳои ҳуқуқи башар низ нисбат ба кӯчи иҷбории фаластиниҳо ба минтақаҳои дигар ва вазъияти бӯҳрони инсонӣ дар Ғазза, ҳушдор додаанд.
Исроил дар 18 март ҳамлаҳои худ ба Ғаззаро дигарбора оғоз кард ва ба оташбаси думоҳа поён дод.
Аз он замон то кунун, беш аз 1500 нафар кушта шудаанд. Ҳамзамон, Исроил ворид шудани кӯмакҳо ба Ғаззаро манъ кардааст.
Талаби 8 созмон аз ҳукумати Тоҷикистон ва кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ

Ҳашт созмони бонуфузи ҷаҳонӣ аз раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ хостаанд, ки ба ҳуқуқи башар таваҷҷуҳи ҷиддӣ карда, ваъдаҳои додаашонро дар нишаст бо сарони Иттиҳоди Аврупо иҷро кунанд.
Изҳороти муштараки
- Civil Rights Defenders,
- International Partnership for Human Rights,
- Araminta,
- Freedom Now,
- Norwegian Helsinki Committee,
- People in Need,
- International Federation for Human Rights ва
- World Organisation Against Torture
рӯзи 10-уми апрел нашр шуд.
Ҳомиёни ҳуқуқ гӯшзад кардаанд, ки дар доираи нишасти Самарқанд эъломияе қабул шуд, ки дар он аз ҷумла ба пойбанд будан ба озодии баён, фароҳам овардани фазои мусоид барои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва расонаҳои мустақил, дифоъ аз ҳомиёни ҳуқуқ ва риояи ҳуқуқи занону кӯдакон таъкид шудааст.
Муаллифони муроҷиатнома мегӯянд, ҳукуматҳои Осиёи Марказӣ бояд ба суистифода аз қонунҳои зидди ифротгароӣ, ки дар кишварҳои минтақа бештар барои таъқибу озору азияти фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва расонаҳову мухолифон истифода мебаранд, поён дода шавад.
Созмонҳои ҳомии ҳуқуқ борҳо кишварҳои минтақа, аз ҷумла Тоҷикистонро барои боздошту бозпурсии беасоси хабарнигорон ва наздикони мухолифону ҷомеаи шаҳрвандӣ танқид кардаанд.
Дар изҳороти охири 8 созмон ҳам аз президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон талаб шудааст, ки барои раҳоии хабарнигорон – Рухшона Ҳакимова, Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, Аҳмади Иброҳим, Абдулло Ғурбатӣ, Далери Имомалӣ, Хуршеди Фозил, Хушом Ғулом ва Завқибек Саидаминӣ фавран чора андешад.
“Ҳомиёни ҳуқуқ ва вакилони дифоъ, Улфатхоним Мамадшоева, Бузургмеҳр Ёров, Манучеҳр Холиқзода ва Фаромуз Иргашов низ бояд ба зудтарин фурсат раҳо карда шаванд,” – омадааст дар муроҷиатнома.
Ҳамзамон таъкид шудааст, ки “бо зиндонӣ кардани ин афрод давлати Тоҷикистон миёни намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ як фазои тарснокеро ба вуҷуд овардааст. Ҳукуматро зарур аст вазъро тағйир диҳад.”
Дар изҳороти муштараки созмонҳо ҳамчунин гуфта шудааст, ки чанд шахсе, ки соли 2024 маҷбурӣ аз хориҷа ба Тоҷикистон баргардонида шуданд, боздошту зиндонӣ ва шиканҷа шудаанд.
Мавқеъ ва вокуниши ҳукумати Тоҷикистон ба ин изҳорот ва талаби созмонҳои ҳомии ҳуқуқ маълум нест.
125 дарсад. Чин боҷро барои молу колои Амрико бештар кард

Чин дар посух ба тасмими Амрико таърифа ё боҷи гумрукиро барои молу колои воридотӣ аз Иёлоти Муттаҳида ба 125 дарсад расонд. Пештар он 84 дарсадро ташкил медод.
Вазорати молияи Чин рӯзи 11-уми апрел гуфт, ин вокуниш ба боло бурдани нархи боҷи гумрукӣ аз тарафи Амрико аст.
Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико, рӯзи 10-уми апрел мизони таърифа ё боҷи гумрукиро бар молу колои Чин то 145 дарсад боло бурд.
Вай сабаби тасмимро ба “беэҳтиромии Чин нисбат ба бозорҳои ҷаҳонӣ” пайванд дод ва гуфт, “шояд ягон вақт, умедворам дар ояндаи наздик, Чин дарк хоҳад кард, ки дигар пора кардани Амрико ва кишварҳои дигар имкон надорад.”
Чин дар навбати худ, Амрикоро дар сар кардани ҷанги тиҷоратӣ айбдор мекунад.
Ба бовари Пекин, амалкарди Амрико мухолиф ба қоидаҳои ҷаҳонии тиҷорат ва қонунҳои иқтисод аст.
Раҳбари Чин Си Ҷинпин рӯзи 11-уми апрел аз Иттиҳоди Аврупо хост, барои муқобила бо сиёсати боло бурдани таърифаҳо аз сӯйи ИМА аз иқдомоти муштараке кор гиранд. Зимни суханронии худ дар маросими қабули сарвазири Испания, Педро Санчес, Ҷинпин, гуфт, Чин ва Иттиҳоди Аврупо бояд дар як ҷабҳа муттаҳид шуда, бо ИМА муқобилат кунанд, то “на фақат аз ҳуқуқи қонунӣ ва манфиатҳои худ, балки аз адолати байнулмилалӣ ҳимоят кунанд.”
Иттиҳоди Аврупо қаблан аз тасмими Трамп ҷиҳати 90 рӯз ба таъхир андохтани мӯҳлати иҷрои болоравии боҷи гумрукӣ барои бисёре аз кишварҳои ҷаҳон истиқбол карда буданд.
Ин тасмим ба Чин рабт надошт ва барои ин кишвар баръакс боҷ бештар шуд.
Бо ин вуҷуд Иттиҳоди Аврупо мегӯяд, барои гуфтушунид бо Амрико ва ҳамин тавр дар сурати ба иҷро даромадани қарори Трамп, ба роҳандозии иқдоми ҷавобӣ омодаанд.
Афзоиши арзиши боҷи гумрукӣ аз сӯйи Амрико сабаби коҳиши шохисҳо дар бозори ҷаҳонӣ ва поин рафтани қурби доллар шудааст. Трамп ҳадаф аз амалкарди худро ҳимояи манфиатҳои ИМА ва ширкатҳои амрикоӣ медонад.
Ҳалокати чор шаҳрванди Тоҷикистон дар садамае дар Русия

Дар як садама ё тасодуфи нақлиётӣ дар шаҳри Алдани Ёқутистони Русия чор шаҳрванди Тоҷикистон ва як шаҳрванди Қирғизистон ҳалок шудаанд.
Хадамоти ҳолатҳои фавқулодаи шаҳри Алдан хабар дод, ки ҳодиса рӯзи 11-уми апрел рӯй дод.
Муҳоҷирон савори мошини "Тойота Приус" будаанд ва ба мошини боркаши КАМАЗ бархӯрдаанд.
Яке аз наздикони муҳоҷирон дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки ҷонбохтагон сокини ноҳияи Шаҳристони вилояти Суғд буда, ҳамон рӯз аз Тоҷикистон омада будаанд.
Ба гуфтаи ӯ, шаҳрванди ҳалокшудаи Қирғизистон ронандаи таксӣ будааст ва шаҳрвандони Тоҷикистонро бояд то шаҳри Алдан мерасонд.
Мақомоти маҳаллӣ гуфтаанд, сабабҳои садамро таҳқиқ мекунанд. Ҷасади фавтидагон ба наздиконашон супурда шудааст.
Муҳоҷирони ҳалокшуда дар як корхонаи шаҳри Алдан кор мекардаанд ва аз Тоҷикистон аз рухсатии якмоҳа бармегаштанд.
Рустами Эмомалӣ бори дигар раиси Маҷлиси Миллӣ шудааст

Рустами Эмомалӣ, писари калонии раисҷумҳури Тоҷикистон, бори дувум раиси Маҷлиси Миллӣ, палатаи болоии порлумон шудааст. Овоздиҳӣ рӯзи 11-уми апрел гузашт.
Маҷлиси Миллӣ 33 узв дорад ва аксари онҳо аз Ҳизби ҳокими халқӣ-демократӣ ҳастанд. 31 нафари онҳо ба ҷонибдорӣ аз Рустами Эмомалӣ раъй дода, ҳеч кас зид набаромадааст.
Тибқи Қонуни асосӣ раиси Маҷлиси Миллӣ шахси дувум дар ҳукумати Тоҷикистон аст ва дар сурати истеъфо, марг, беморӣ ё аз салоҳиятҳои худ даст кашидани президент, то замони интихобот, ӯ сарпарасти мақоми раёсатҷумҳурӣ хоҳад шуд.
Рустами Эмомалӣ аз моҳи апрели соли 2017 вакили маҷлис ва раиси шаҳри Душанбе аст. Аз соли 2020 вориди Маҷлиси Миллӣ шуд ва аз он замон раёсати табақаи болоии порлумонро ба дӯш дорад.
Аз ин қабл дар чанд вазифаҳои калидии дигар, аз ҷумла раҳбари Оҷонси мубориза бо фасод ва Хадамоти гумрук кор кардааст. Дар соли 2012 ва баъд аз генерал Сӯҳроб Қосимов раҳбари Федератсияи футболи Тоҷикистон интихоб шуд ва то ба ҳол дар ин мақом кор мекунад.
Як созмони ғарбӣ дар моҳи марти имсол гуфт, раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар пайи "фароҳам кардани шароити мусоид" барои интиқоли қудрат ба писараш Рустами Эмомалист. Маркази Карнеги дар Берлин дар гузорише гуфт, ба ҳамин далел "то рафъи ҳама таҳдидҳои эҳтимолӣ, мумкин аст, поксозӣ идома кунад."
Эҳтимоли интиқоли қудрат аз раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ба Рустами Эмомалӣ чанд сол боз матраҳ аст. Ҳардуи онҳо дар ин замина ҳеч гоҳ изҳори назар накардаанд. Хайриддин Усмонзода, раиси Маркази тадқиқоти стратегӣ, як идораи вобаста аз раёсати ҷумҳури Тоҷикистон, дар моҳи июли соли 2024 сару садоро дар ин маврид бепоя хонда буд.
Галия Иброҳимова (Ибрагимова), пажӯҳишгари Маркази Карнеги дар Берлин, ҷавон кардани аъзои Маҷлиси Намояндагон, дигаргунӣ дар ниҳодҳои давлатӣ, ивазшавии раҳбарони ҳизбҳои сиёсӣ, зиндонӣ кардани баъзе аз шахсиятҳои маъруф, аз ҷумла хабарнигорону сиёсатмадорон ва мансабдорони пешинро аз ҷумлаи чораҳои раисҷумҳури Тоҷикистон барои интиқоли қудрат донистааст.
"Новобаста аз он ки Раҳмон барои ҳифзи вориси худ чӣ чора меандешад, ҳеч замонате нест, ки ӯ қудратро нигоҳ дошта метавонад. Дар низоми сиёсии Тоҷикистон ихтилофҳо зиёданд ва омодагӣ барои интиқоли қудрат бештари онҳоро шиддат мебахшад," – навиштааст Галия Иброҳимова.
Намояндагони мухолифон Эмомалӣ Раҳмонро, ки аз соли 1992 қудратро дар ихтиёр дорад ва борҳо барои монданаш дар ҳукумат ба Қонуни асосӣ тағйирот ворид кардааст, ба хешутаборбозӣ (непотизм) ва инҳисор (монополия)-и қудрат танқид мекунанд.
Ӯ падари 7 духтар ва 2 писар аст. Духтараш Озода Раҳмон раиси Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон аст. Рухшона Эмомалӣ сафири Тоҷикистон дар Бритониё ва Ирландияи Шимолӣ. Таҳмина Раҳмон, духтари дигари раисҷумҳур, ҳамроҳи шавҳараш Зарифбек Давлатов машғули тиҷорат. Ашрафҷон Гулов, домоди Раҳмон, сафири Тоҷикистон дар Имороти Муттаҳидаи Араб.
Дар Уш мехоҳанд, даромадани мошинҳоро ба ин шаҳр пулакӣ кунанд

Раиси шаҳри Уш дар Қирғизистон пешниҳод кардааст, ки даромадани мошинҳо ба ин шаҳр пулакӣ шавад.
Ҷенишбек Токторбаев рӯзи 8-уми апрел гуфтааст, ҳар рӯз аз ноҳияҳои атроф ба шаҳри Уш қариб 56 ҳазор нақлиёт вориду хориҷ мешаванд.
Ба гуфтаи шаҳрдори Уш, мақомот метавонанд дар даромадгоҳи шаҳр истгоҳҳои зебо бино карда, аз мошинҳои воридмешуда маблағ ситонанд.
Токторбаев ин маблағро барои мошинҳои сабукрав 50-100 соми қирғизӣ ё 6-11 доллар ва барои боркашонҳо 100-150 сом ё 11-17 доллар пешбинӣ кардааст.
“Агар дар як рӯз 56 ҳазор нақлиёт ба шаҳр дароянд, пас, дар як рӯз 2,8 миллион сом ё 320 ҳазор доллар ва дар сол 60 миллион сом ё 6,8 миллион доллар ҷамъоварӣ кардан мумкин аст,” -- гуфтааст шаҳрдори Уш.
Ин мақомдори қирғиз афзудааст, пули ҷамъшуда барои бунёди мактаб, кӯдакистону беморхона ва беҳтар кардани бахши хидматрасонии шаҳри Уш сарф мешавад.
Пештар шаҳрдори Бишкек ҳам хоҳони ситондани маблағ аз мошинҳое шуд, ки ба пойтахт ворид мешаванд. Як ҳадаф аз ин тасмим пешгирӣ аз танбашавии нақлиёт дар пойтахти Қирғизистон гуфта шудааст.
Ҷаласаи Маҷлиси миллӣ. Кӣ "шахси дувум"-и Тоҷикистон мешавад?

Рӯзи 11-уми апрел дар шаҳри Душанбе аввалин ҷаласаи даъвати нави Маҷлиси миллӣ, палатаи болоии порлумон баргузор мешавад. Қарор аст дар ин маҷлис раиси палатаи болоии порлумон ва муовинони ӯ интихоб шаванд.
Маҷлиси миллӣ 33 узв дорад, ки 25 нафари он аз ҳисоби панҷ минтақаи кишвар ва 8 каси дигар аз сӯи президент таъйин мешаванд.
Аксар курсиҳои Маҷлиси миллӣ дар ихтиёри Ҳизби ҳокими халқии демократӣ аст. Аз соли 2020 Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе ва писари президент раиси Маҷлиси миллӣ аст ва эҳтимол меравад, ки ӯ дубора ба ин симмат интихоб шавад.
Тибқи қонуни асосии Тоҷикистон раиси Маҷлиси миллӣ шахси дуввуми Тоҷикистон аст ва дар сурати истеъфо ё вафоти раиси ҷумҳур ваколатҳои ӯ то интихобот ба уҳдаи роҳбари палатаи болоии порлумон мегузарад. Мунтақидон мегӯянд, Маҷлиси миллӣ тақрибан ҳама пешниҳодҳои ҳукуматро бидуни баҳсҳои сахт қабул мекунад.
Ҳукумат барои нушобаҳои нерӯдиҳанда андози нав ҷорӣ кард

Ҳукумати Тоҷикистон барои нушокиҳои нерӯдиҳанда, ки дар миёни ҷавонон бо номи "энергетик" маъруф аст, андози нав ҷорӣ кардааст.
Бар асоси қарор ҳукумат, аз 1-уми майи имсол, аз ҳар литр нӯшокии нерӯдиҳанда 0,06 евро ё қариб як сомонӣ андози аксиз гирифта мешавад.
Аксиз андозе аст, ки барои молҳои зараррасон ҷорӣ мешавад. Ҳанӯз мақомот нагуфтаанд, ки бо кадом далел барои нӯшокиҳои нерӯдиҳанда андози аксиз ҷорӣ карданд. Бархе пизишкон истифодаи ин навъ нӯшокиро барои саломатӣ зарарнок хонданд.
Бар асоси қарори ҳукумат, ки Радиои Озодӣ 11-уми апрел шинос шуд, аз 1-уми май меъёри андози аксиз барои чанд моли дигар ҳам зиёд мешавад. Аз ҷумла, барои як литр оби ҷав ё пиво 0,40 евро ё қариб 5 сомонӣ, майи табиӣ 0,84 евро ё қариб 10 сомонӣ ва барои як литр спирт 4 евро ё 48 сомонӣ муқаррар шудааст.
Меъёри аксиз барои ҳар тона бензин ҳам аз 55 евро то 70 евро боло бурда шуд.
Тибқи иттилои расмӣ, соли 2024 аз ҳисоби андози аксиз ба буҷаи Тоҷикистон 1,2 миллиард сомонӣ ворид шудааст.
Дар гузашта ин навъи андоз барои алоқаи мобилӣ норозигии бархе корбаронро ба миён оварда буд.
Лимити шабонаи барқ дар Тоҷикистон аз байн бурда шуд

Сар аз имрӯз, 11-уми апрел, маҳдудият ё лимити барқ дар Тоҷикистон шабона аз байн бурда шуд. Дар ин бора Қурбон Аҳмадзода, сухангӯи ширкати "Барқи тоҷик" ба Радиои Озодӣ хабар дод.
Ба гуфтаи Аҳмадзода, дар тамоми Тоҷикистон сар аз 11-уми апрел шабона барқ хомӯш намешавад. Сухангӯи “Барқи тоҷик” афзуд, давоми як-ду рӯзи оянда ва бо зиёд шудани резиши об дар обанбори “Норак”, маҳдудияти барқ рӯзона ҳам аз байн бурда мешавад.
Маҳдудият ё лимити барқ дар Тоҷикистон аз моҳи сентябри соли 2024 ҷорӣ шуда буд. Тибқи ҷадвали Шабакаҳои тақсими барқ, сокинон дар минтақаҳои Тоҷикистон бояд аз соати 5 то 8-и субҳ ва аз 18 то 22-и шаб, яъне ҳафт соат, бо нерӯи барқ мегирифтанд.
Ҳарчанд бархе сокинон шикоят доштанд, ки ҳамин реҷа ҳам риоя намешавад. Маҳдудияти интиқоли барқ аз тирамоҳи соли гузашта ҷорӣ шуда буд ва бо фаро расидани гармиҳо сокинон мепурсиданд, магар ҳоло ҳам неругоҳҳо аз об пур нашудаанд?
Нишасти "хатарнок"-и ҳавопаймои Эрон дар Фурудгоҳи Душанбе

Тибқи иттилои дарёфтии Радиои Озодӣ, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” рӯзи 10-уми апрел дар Фурудгоҳи Душанбе нишасти "хатарнок" анҷом додааст. Мақомоти Тоҷикистон ва ширкат дар ин бора расман шарҳе намедиҳанд.
Як манбаи боварбахши Радиои Озодӣ дар Оҷонси авиатсияи шаҳрвандии Тоҷикистон гуфт, ҳавопаймои ширкати “Вориш”, ки аз Теҳрон ба Душанбе меомад, соати 11:14 дар Фурудгоҳи Душанбе бо мушкил нишаст.
Ба гуфтаи ҳамсуҳбати мо, ҳамаи мусофирон ва халабонҳо солиманд. Сабаби ба мушкил фуруд омадани ҳавопаймо бад будани вазъи боду ҳаво гуфта мешавад.
“Соати 11 дар Душанбе раъду барқ ва борон буд. Ҳавопаймои Душанбе барои нишасту парвози ҳавопаймо ду хат дорад. Ҳавопаймои ширкати “Вориш” дар байни ин ду хати парвоз фуруд омад ва зоҳиран чархаш осеб дид. Аз соати 11 ҳамаи парвозҳои рафтуо баргашт аз Фурудгоҳи Душанбе ва ба ин фурудгоҳ манъ шуд. Мутахассисон қариб даҳ соат талош карданд, ҳавопаймои ширкати “Вориш”-ро таъмир карда, аз хати парвоз берун кунанд ва танҳо баъди ин барои дигар парвозҳо иҷозат шуд,” -- гуфт ҳамсуҳбати мо дар Оҷонси авиатсияи шаҳрвандӣ.
Талошҳои мо барои гирифтани шарҳи расмӣ аз намояндагони Фурудгоҳи Душанбе бенатиҷа буд. Таблои онлайни Фурудгоҳи Душанбе нишон медиҳад, ки ҳамаи парвозҳо аз соати 11 то 20 лағв шудаанд. Рӯшан нест, ки ҳавопаймои эронӣ дар пайи нишасти хатарнок ба чӣ мушкил рубарӯ шудааст.
Тоҷикистон ва Эрон дар аввали имсол низоми раводидро миёни ду кишвар бекор карданд. Ҳоло байни ду кишвар ҳафтае 5 парвоз (чор парвоз аз ширкати “Вориш” ва як парвоз аз “Сомон Эйр”) анҷом мешавад.
Беш аз 20 муҳоҷири тоҷикро аз "Внуково" ба Тоҷикистон рондаанд

Мақомоти Русия баъди се рӯзи нигаҳдорӣ беш аз 20 муҳоҷири тоҷикро аз фурудгоҳи "Внуково"-и Маскав ба Тоҷикистон ихроҷ кардаанд.
Муҳоҷирони тоҷик рӯзи 10-уми апрел бо ирсоли навор ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки се рӯз дар шароити бад қарор доштанд ва сабаби роҳ наёфтан ба Русияро низ касе барояшон шарҳ надод.
Дар ҳоле ки ба гуфтаи онҳо, тамоми санадҳояшон дуруст буд ва дар Русия ҳаққи иқомат доштанд.
Чанд рӯз пеш низ ба беш аз 500 муҳоҷири тоҷик дар марзи Қазоқистон бо Русия иҷозаи ворид шудан надода буданд. Ин муҳоҷирон мехостанд бо мошин ва аз роҳи заминӣ вориди Русия шаванд.
Ин гурӯҳи муҳоҷирон рӯзи 9-уми апрел хабар доданд, ки пас аз як ҳафта мақомоти рус ба онҳо иҷозаи вуруд ба Русияро додаанд.
Дар Русия ҳудуди як миллион муҳоҷири тоҷик кору зиндагӣ мекунанд ва ин кишварро барои сиёсати саркубгарона нисбат ба муҳоҷирон танқид мекунанд. Мақомоти Русия борҳо гуфтаанд, ки ҳадафашон рафъи қонуншиканиҳо ҳаст
Амрико ва Русия баъзе аз зиндониёнро иваз кардаанд

Амрико ва Русия рӯзи 10-уми апрел дар шаҳри Абузабӣ, маркази Имороти Муттаҳидаи Араб, баъзе аз зиндониёнро иваз кардаанд.
Дар ин бора нашрияи “The Wall Street Journal” бо такя ба раиси созмони истихбороти марказии Амрико ё CIA хабар дод.
Ҷониби Русия то ҳол табодули зиндониёнро тасдиқ ё инкор накардааст.
Ба гузориши "The Wall Street Journal", Русия Ксения Карелинаро озод кардааст, ки шаҳрвандии Русия ва Амрикоро дорад.
Ӯ барои гузарондани як миқдор пул ба нерӯҳои мусаллаҳи Украина бо иттиҳоми "хиёнат ба давлат" ба 12 сол зиндон маҳкум шуда буд.
Вакили мудофеи Карелина тасдиқ кард, ки ӯ раҳо шудааст ва дар роҳ ба Иёлоти Муттаҳида аст.
Раҳоии ӯро котиби давлатӣ ё вазири умури хориҷии Амрико Марко Рубио низ таъйид намуд. Ба гуфтаи ӯ, Карелина дар Русия ноодилона боздошту маҳкум шудааст ва президенти Амрико Доналд Трамп “озодии ӯро фароҳам овард”.
Амрико шаҳрванди Олмону Русия Артур Петровро ба Маскав додааст.
Вай соли 2023 бо дархости Иёлоти Муттаҳида ва бо иттиҳоми интиқоли микроэлектроника ба Русия бар хилофи таҳримҳо дар Қибрис (Кипр) боздошт шуда буд.