Додситони ҳарбӣ дар Кӯлоб хулосаи таҳқиқро дар бораи марги сарбоз, Ботир Эргашев, эълон кард.
Ҷасади ин марзбони тоҷикро, ки дар як воҳиди низомии вобаста аз КДАМ дар ноҳияи Шамсуддини Шоҳин хидмат мекард, дар моҳи ноябри соли 2024 ба пайвандонаш доданд. Падараш гуфта буд, ки дар бадани ӯ осори латукӯбро дид.
Фирӯз Раҷабзода, додситони низомии Кӯлоб, рӯзи 31-уми январ дар нишасти матбуотӣ ва дар посух ба суоли Радиои Озодӣ гуфт, “Ботир Эргашев худкушӣ кардааст”.
Ӯ афзуд, “ҳангоми хидмат нисбат ба Эргашев ягон кори ғайриоинномавӣ ё таҳдиду фишор ҷой надоштааст. Даст ба худкушӣ задани ӯ ҳам ба хидмати ҳарбӣ вобастагӣ надорад.”
Додситон тафсилот надод, вале ҳамзамон гуфт, нисбат ба сардори дидбонгоҳи сарҳадӣ, ки Ботир Эргашев дар онҷо хидмат мекард, парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд. Ӯ ба хунукназарӣ муттаҳам аст.
Ботир Эргашев 20-сола буд. Ӯ соли 2022 аз ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд бо хоҳиши худ ба артиш рафта, барои поёни сарбозияш даҳ рӯз монда буд.
Баҳодур Эргашев, падари Ботир Эргашев, то ҳол бовар надорад, ки писараш худкушӣ кардааст. Вай мегӯяд, бинобар беморӣ натавонист, ба маҳалли ҳодиса биравад, аммо фарзияи мақомотро дуруст намешуморад.
“Сардори дидбонгоҳ гуноҳ надорад. Ӯро қапида, ҳамаи гуноҳро ба ҳамон партофтаанд. Дар ҷои ҳодиса набудааст, чаро ҳамаи гуноҳро ба он бор мекунанд?” – гуфт ӯ.
Баҳодур Эргашев дар моҳи ноябри соли 2024 низ эҳтимоли худкушии писарашаро рад карда, гуфта буд, ки ҳангоми шустани ҷасад осори зарбу латро дид: "Ҳарду мояаш кабуд буд. Дар пушти сараш як шикофии калон буд, шояд задаанд. Лабҳояш дарида буд… Писарамро қима-қима карда ба мо оварда доданд.”
Марги сарбозон дар артиши Тоҷикистон ҳодисаи нав нест. Дар гузашта ҳам дар натиҷаи тасодуфу муноқиша ба ҳалокат расидани онҳо расонаӣ шудааст.
Омбудсмен ё Ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон дар як гузориш гуфтааст, дар соли 2023 марги 40 сарбоз дар артиш сабт шуд. Аз ин шумора, ба эътирофи Омбудсмен, 8 маврид худкушӣ буда, "6 нафар аз беморӣ фавтиданд".
Додситони ҳарбии Кӯлоб мегӯяд, дар соли 2024 дар минтақаи зери назари ӯ чаҳор мавриди марги сарбозон сабт шуд. "Яке аз газидани саг ва дигаре аз беэҳтиётӣ (ҳангоми истифодаи силоҳ) ҷон бохт. Дар робита ба ҳамаи ин ҳодисаҳо парвандаҳои ҷиноӣ боз шуда, гунаҳкорон ҷазо диданд," – иттилоъ дод Фирӯз Раҷабзода.
Мақомот пайваста таблиғ мекунанд, ки вазъ дар артиши Тоҷикистон беҳтар шудааст, вале ҳанӯз ҳам волидони бархе сарбозон аз шароити ногувор ва озору азияти наваскарон шикоят мекунанд.