Додгоҳи олии Тоҷикистон ҷузъиёти ҳукми гумонбарон дар парвандаи пурсарусадои "табаддулот"-ро, ки аз 8 то 27 сол маҳкум ба зиндон шуданд, шарҳ надод.
Рӯзи 13-уми феврал дар нишасти хабарии ин ниҳод дар Душанбе хабарнигорон батакрор дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова ва 8 тан аз афроде, ки ҳамроҳи ӯ муҳокима шуданд, пурсиданд.
Раҳбарияти Додгоҳи олӣ посух дод, ки дар ҳукми Рухшона Ҳакимова ҳолатҳои сабукунандае ба мисли ҷавон будан, кӯдакони хурдсол доштан ва бори нахуст ҷиноят содир карданашро ба инобат гирифтаанд. Бо вуҷуди ин, ҳукми ҳашт соли зиндон эътирозҳои зиёдеро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба миён овард.
Рустам Мирзозода, раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон гуфт: “Дар шабакаҳои иҷтимоӣ бисёр навиштаанд, ки ду кӯдаки хурдсол дорад, ба инобат нагирифтанд. Ман ҳаминро гуфтанӣ ҳастам, ки ... ҷинояти содирнамудаи ӯ ба категорияи ҷиноятҳои махсусан вазнин дохил мешавад. Мавқуф гузоштани адои ҷазо то калон шудани кӯдаки ноболиғ танҳо ба ҷиноятҳои начандон вазнин, дараҷаи миёна ва вазнин татбиқ карда мешавад.”
Рухшона Ҳакимоваро бо гуноҳи “хиёнат ба давлат” ба зиндон маҳкум карданд. Ба иллати "мӯҳри махфӣ" доштани парванда ҷузъиёти он то кунун пинҳон нигаҳ дошта мешавад. Худаш дар додгоҳ гуфтааст, ки гуноҳ надорад.
Дар нишасти матбуотӣ аз миёни хабарнигорон чунин хоҳиш ҳам садо дод, ки дар робита ба ҳукми Рухшона, ки то ҳол ниҳоӣ нашудааст, кӯдакони хурд доштанашро ба инобат гиранд. Шавкат Лутфуллозода, муовини аввали раиси Додгоҳи олӣ, ки худаш ҳукмро содир кардааст, чунин гуфт: “Ҷинояте, ки Ҳакимова Рухшона содир кардааст, ба категорияи ҷиноятҳои махсусан вазнин шомил мешавад. Ҷазо пешбинӣ шудааст аз 19 то 25 сол ё якумра маҳкум шудан."
Ба ин суол, ки то куҷо дуруст аст, ки Рухшона барои як пурсиш дар бораи нуфузи Чин боздошту маҳкум шудааст, посух дода нашуд.
Рухшона Ҳакимова 31-сола аст ва хатмкардаи бахши рӯзноманигории Донишгоҳи миллии Тоҷикистон. Корро соли 2013 дар Маркази таҳқиқоти журналистӣ оғоз кардааст. Корманди нашрияҳои “Самак”, “Фараж” ва “Ҷавонони Тоҷикистон” буд. Матолиби таҳлилияш дар сомонаҳои “Кабар Азия” ва “Фактчек.тҷ” низ нашр шудаанд. Барандаи ҷоизаи ба номи Воҳид Асрорӣ, ҷоизаҳои Кумитаи ҷавонон, Эътилофи бонувони журналист ва "Медиа-Алянс"-и Тоҷикистон аст.
Ҳамроҳибо Рухшона, Ҳамроҳхон Зарифӣ, вазири собиқи корҳои хориҷӣ, Саидҷаъфар Усмонзода, раиси пешини Ҳизби демократ ва вакили собиқи порлумон, Акбаршо Искандаров, раиси собиқи Шӯрои олӣ, Шокирҷон Ҳакимов, ҳуқуқдон ва муовини аввали раиси Ҳизби сотсиал-демократ, Аҳмадшо Комилзода, рӯзноманигор ва муовини пешини раиси Ҳизби демократ, Нурамин Ғанизода ва Ҷамшед Боев, сарҳангҳои бознишастаи амният ва Абдулфайз Атоӣ, сардори пешини як раёсати Вазорати корҳои хориҷӣ аз 17 то 27 сол ба зиндон маҳкум шуданд.
Ба иттилои додгоҳ, ин афрод ба иттиҳомоти гуногун, аз қабили хиёнат ба давлат, бо роҳи зӯроварӣ ғасби ҳокимият, дидаву дониста расондани хабари дурӯғ, таҳқири намояндаи ҳокимият дар интернет, барангехтани кинаву адовати миллӣ ва ширкат дар иттиҳодияҳои экстремистӣ ҷазо гирифтанд.
Хабарнигорон хостанд, масъулони Додгоҳи олӣ шарҳ диҳанд, ки маҳкумшудаҳо дақиқан чӣ тарҳу нақшае доштанд ё чӣ кор кардан мехостанд. Шавкат Лутфуллозода гуфт, азбаски парванда махфӣ аст, ҷузъиёт набояд гуфта шавад: "Ягон кас ҳақ надорад, парванда ба тариқи пӯшида дар мурофиаи судӣ баррасӣ шуд."
Додгоҳ мурофиаҳоро бар асоси талаботи қонун арзёбӣ кард, вале ҳуқуқшинос Ҷамшед Ёров назари дигар дорад: “Парванда сирф сиёсӣ аст. Барои ҳамин, ҳукумати Тоҷикистон зарур намешуморад, ки ҷомеаро бо ин ё он ҷузъиёт шинос намояд. Худро масъул ҳам намедонад, ки дар назди ҷомеа ягон ҳисобот диҳад, ягон амалашро тафсир кунад."
Чеҳраҳои шинохта дар сухани охиронашон дар додгоҳ худро бегуноҳ хонда, аз додгоҳ талаб карда буданд, ки онҳоро озод кунад. Парвандаи кӯшиши табаддулот ва ғасби қудрат дар Тоҷикистон дар моҳи июни соли 2024 бо боздошти раиси Ҳизби демократ ва вакили порлумон Саидҷаъфар Усмонзода оғоз шуд.