Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Чӣ аҳволе дар маркази шаҳр!" Чаро гузаштан аз як кӯчаи Душанбе мушкил шудааст?


Кӯчаи ба номи Аҳмади Дониш дар шаҳри Душанбе
Кӯчаи ба номи Аҳмади Дониш дар шаҳри Душанбе

"Гузаштани кӯдаконро бин. Калонҳо наметавонанд, кӯдакҳо аз куҷо метавонанд? Чӣ аҳвол дар маркази шаҳр."

Ин шикояти сокинони кӯчаи ба номи Аҳмади Дониш дар пойтахти Тоҷикистон аз вазъи роҳ дар ҷойи зисташон аст. Ба гуфтаи онҳо, роҳ пас аз навсозии лӯла ё қубури обгузар дигар таъмир рӯи таъмирро надид ва тақрибан як сол боз аҳвол ҳамин аст. Мақомот мушкилро тасдиқ карда, вале мегӯянд, барои ҳалли он ба вақт ниёз доранд.

“Набудани обу барқро дарк мекунем, аммо таъмири роҳ чӣ?”

“Кӯдаконро аз тангкӯчаҳо ба мактаб мебарем. Роҳ надорем. Аз дохилу паси хонаҳо мегузарем. Як сол шуд ҳамин хел аст. Ягон кас чора намебинад,” – гуфт Илолбӣ Наимова, сокини ноҳияи Шоҳмансури Душанбе.

Илолбӣ Наимова
Илолбӣ Наимова

Назоратхон Расулова аз ҳамин ноҳия мегӯяд, “шабона мошини Ёрии таъҷилӣ ояд, ба пеши хона омада наметавонад. Роҳ вазнин аст. Ин қадар илтимос мекунем, намешавад.”

Назокатхон Расулова
Назокатхон Расулова

Барои Бибикалон Хоҷаева, ки камтавон ё маъюб аст, гузаштан аз роҳи маҳаллааш натанҳо мушкил, балки хатарзо будааст. Ӯ гуфт: “Ба ҳукумати ноҳияи Шоҳмансур рафтем. Ба онҳо фаҳмондем. Ба ҳукумати шаҳр даромадем. Як бор не, ду бор не, қариб 7-8 моҳ боз меравем. То ҳол ба ягон хулоса наомадаанд. Ман маҷбур шудам, ки ба Радиои Озодӣ муроҷиат кунам.”

Бибикалон Хоҷаева
Бибикалон Хоҷаева

Сокинон мегӯянд, барфу борон вазъро тоқатфарсо мекунад ва бинобар он талош доранд, ки мақомот роҳро зудтар таъмир кунанд.

Ба қавли Дилбар Расулова, “аз баҳори соли 2025 дар вазъияти бисёр бад қарор дорем. Ҳама ҷо лой. Об пайваста фаввора мезанад. Роҳ гашта наметавонем. Умуман, ҳуқуқи мо сахт поймол карда мешаванд. Мо бояд дар шароити инсонӣ зиндагӣ кунем. Об қатъ мешавад, барқ хомӯш мешавад, мушкилии ҷумҳуриро дарк мекунем, аммо таъмири роҳ вазифаи маъмулӣ аст. Хеле хатарнок аст хусусан барои пиронсолон, барои кӯдакон.”

Кӯчаи ба номи Аҳмади Дониш дар Душанбе
Кӯчаи ба номи Аҳмади Дониш дар Душанбе

Шарҳи мақомот

Мақомот дар навбати худ гуфтанд, ки аз душвории сокинон хабар доранд ва дар фикри ҳалли он ҳастанд. Вале ба қавли Саидмурод Қаландаров, сармуҳандиси корхонаи “Обу корези Душанбе”, то анҷоми кор каме вақт зарур аст.

“Ин минтақаест, ки ширкати “Строй Сервис” кор кардааст. Дар ҳақиқат, имрӯз аз тарафи ин ширкат иваз кардани зиёда аз 56 километр қубур ба анҷом расонда ва айни ҳол пайваст кардани лӯлаҳо ба шабакаҳо идома дорад. Ин минтақа танҳо баъди ба поён расидани корҳои пайвасткунӣ ба ҳолати аввала баргардонда мешавад,” – шарҳ дод ӯ.

Саидмурод Қаландаров
Саидмурод Қаландаров

Ҳамсуҳбатони Радиои Озодӣ дар кӯчаи ба номи Аҳмади Дониш дар Душанбе шубҳа доранд, ки мушкилашон ба зудӣ ҳал шавад. Дар ҳоле ки ба гуфтаи Бибикалон Хоҷаева, “то вазоратҳо рафтем, то идораи “Водоканал” рафтем. Бо муовин ҳамсуҳбат шудем. Ваъдаҳои бардурӯғ, ваъдаҳои хушку холӣ.”

Таъмиру навсозии лӯлаҳои обгузар дар гӯшаҳои дигари Душанбе низ ҳаракатро дар роҳҳои пиёдагарду мошингард барои муддате мушкил мегардонанд. Масъулон мегӯянд, ба вақти бештар ниёз доранд, сокинон аз бетаваҷҷӯҳӣ ба мушкилашон нигарон ҳастанд.

Видеоро дар инҷо бинед:

Таъмири бепоёни роҳ дар кӯчаи Аҳмади Дониши Душанбе
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:00 0:00
XS
SM
MD
LG