Дар Тоҷикистон даъвати тирамоҳии ҷавонони аз 18 то 27-сола ба артиш идома дорад. Ин маърака бо фармони раисҷумҳур ва бо ширкати маъмурони милиса ва амниятӣ мегузарад.
Мақомоти чанд шаҳру ноҳия гуфтанд, ки аллакай нақшаро иҷро карданд. Ҳамзамон волидони баъзе аз ҷавонон бо шарти фош нашудани номашон мегӯянд, танҳо зери фишор фарзандони худро аз муҳоҷират баргардондаанд, то ба сафи нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон фиристанд. Дар гузашта лаҳзаҳои "сарбозшикор" ё бо зӯрӣ ба артиш бурдани ҷавонон вокунишҳои зиёдро ба бор оварда буд.
"Мисли чорво ба мошин бор мекунанд"
"Кадом қонун иҷоза медиҳад, ки ҷавонро мисли чорво ба мошин бор кунанд?" – мегӯяд шоҳиди як "сарбозшикор" дар наворе, ки пештар дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн шудааст.
Чунин ҳодисаҳо ҳар сол дар айёми баҳору тирамоҳ, ҳангоми даъвати ҷавонон ба артиш, дар аксар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон дида мешаванд. Мақомот "сарбозшикор"-ро рад карда, баръакс, аз афзудани сафи ихтиёриёни хидмат мегӯянд.
Танҳо дар як маврид дар соли 2023 генерал Ҷамшед Гулаҳмадзода, раиси Идораи мубориза бо коррупсия дар минтақаи Кӯлоб, вуҷуди "сарбозшикор"-ро эътироф кард. Ӯ дар нишасти матбуотӣ гуфт, "бе ин ва бе ёрии коллеҷу донишгоҳҳо сатҳи даъват дар шаҳри Кӯлоб аз ҷойи 25-ум ба 15-ум баромада наметавонист."
Дар баъзе маврид кормандони комиссариатҳои ҳарбӣ якҷоя бо маъмурони милисаву мансабдорони маҳаллӣ бидуни иҷозат ба хонаҳои мардум ворид мешаванд. Наимҷон Қосимов, бародари яке даъватшавандаҳо, гуфт, "ӯро аз таҳхона ёфта, аз мӯяш кашола карданд. Яке аз онҳо маъмури милиса буд."
Ба нақли шоҳидон, гоҳе низомиёну намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба хушунат даст мезананд. Наврӯз Нурзода, сокини ноҳияи Зафаробод, мегӯяд, пас аз он ки бо иттиҳоми саркашӣ аз хидмати ҳарбӣ дар гузаргоҳи марзӣ боздошт ва ба шуъбаи милиса бурда шуд, мавриди латукӯб қарор гирифт.
"Вазъи саломатиям он қадар хуб нест. Миёнам дард мекунад, давида наметавонам. Ҳеч кас чораи онҳоро надид," – гуфта буд ӯ дар моҳи апрели соли 2025. Мақомот ин даъвои Наврӯз Нурзодаро баррасӣ накарданд, вале ӯро бо иттиҳоми сарпечӣ аз хидмат ҷарима бастанд.
Чаро "мегурезанд"?
Бекмурод муҳоҷири корӣ аст. Вай рӯзи 18-уми июн аз Русия ба ватан омад ва издивоҷ кард. 44 рӯз дар Тоҷикистон монд ва 5-уми август дубора ба Русия баргашт. "Агар "облава" (сарбозшикор) намебуд, то зимистон, то охири моҳи декабр ё январ мемондам," – гуфт ӯ.
Ба қавли Бекмурод, чанд шиноси дигари ӯ ҳамин вазъро доштаанд. "Ман зиёда аз панҷ касро медонам, ки тобистон ба Тоҷикистон омада, издивоҷ карданд. Онҳо се ё панҷ сол дар Русия буданд. Кор карданд. Ба Тоҷикистон рафта, оиладор шуданд, як моҳ зиндагӣ карданд ва боз баргаштанд," – афзуд Бекмурод.
Дар гузашта дар баъзе аз ноҳияҳо барои баргардондани ҷавонон аз муҳоҷирати корӣ шеваҳои сахттар, аз ҷумла қатъи нерӯи барқу бастани масҷидҳоро ба кор бурдаанд. Рамазон Ҳусейниён, як фаъоли сиёсӣ, соли 2023 дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфта буд, ки “дар идораҳои давлатӣ ба сокинон ҳуҷҷат надода, маҷбур мекунанд, ки фарзандҳояшон аз Русия омада, ба хидмат раванд. Ҷавонон розиянд, ки ба артиш раванд, вале агар шароит муҳайё шавад."
Роҳи дигари фишор "боздошт"-и волидон будааст, то замоне ки писаронашон аз хориҷа баргашта, барои рафтан ба хидмати сарбозӣ розӣ шаванд.
Достони Шаҳбол ва мавридҳои дигар
Моҳи декабри соли 2022 наворе паҳн шуд, ки дар як қисми ҳарбии Нерӯҳои марзбонӣ дар шимоли Тоҷикистон куҳнасарбозон ба рӯй, сар ва шиками навхидматон мезаданд. Пас аз вокуниши густурдаи ҷомеа, мақомот омилони латукӯбро муайян кардаву ҷазо доданд, аммо дар бораи осебдидагон чизе нагуфтанд.
То нашри ин навор низ дар бораи чунин ҳодисаҳо дар Тоҷикистон гузоришҳои зиёде нашру пахш шудаанд. Яке аз қазияҳои дарднок сарнавишти Шаҳбол Мирзоев аз ноҳияи Ашт аст.
Ӯ тирамоҳи соли 2013 ихтиёрӣ ба хидмат рафта буд, вале замоне ки дандонаш дард гирифту ба қисми тиббӣ муроҷиат намуд, ба бало гирифтор шуд.
Шаҳбол Мирзоев соли 2014 ҳодисаро чунин нақл карда буд: "Фелдшер Усмон Ғайратов маро бардошта, ба замин зад. Дигар дасту пойҳоям аз ҳаракат монд. Вай ба болоям баромад. Ҳарчанд гуфтам, ки дасту поям қувват надорад, касе гӯш накард. Маро ба дохил дароварда, чанд нафари дигар ба пойҳоям оби ҷӯш рехтанд, теғ заданд, сӯзан заданд, ки ҳис мекунам ё не. Ман дигар чизеро ҳис намекардам."
Вай ба хабарнигорон қисса карда буд, ки ҳатто баъди шикастани гарданаш ӯро як шабонарӯз дар дохили бунгоҳи тиббии қисми низомӣ нигоҳ дошта, ба бемористон нарасонданд. Танҳо баъди онки қасам хӯрдааст, сирри ин моҷароро ҳеч гоҳ фош нахоҳад кард, ӯро ба бемористон бурдаанд. Фелдшер Усмоналӣ Ғайратов моҳи ноябри соли 2014 нӯҳ сол зиндонӣ гардид.
Шаҳбол Мирзоев чанд сол бо Нерӯҳои марзбонӣ баҳси додгоҳӣ дошт, аммо ҷубронпулие ночизе ба даст овард. Волидонаш барои табобати ӯ хонаву дигар амволашонро фурӯхтанд. Ӯ моҳи феврали соли 2021, тақрибан пас аз ҳашт соли ҳодиса, дар бемористон даргузашт.
Бо вуҷуди сару садои зиёд, бадрафторӣ бо сарбозон дар артиши Тоҷикистон аз байн нарафт. Соли 2015 панҷ сарбоз ҳангоми хидмат ҷони худро аз даст доданд. Ба гуфтаи ҳомиёни ҳуқуқ, баъзе аз онҳо қурбонии "дедовшина" шуданд.
Бино ба гузориши "Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ" ва Эътилофи созмонҳои зидди шиканҷа дар солҳои 2014-2016 дар умум 59 мавриди шиканҷаи сарбозон сабт шуда, 11 нафар фавтидаанд. Ҳукумати Тоҷикистон дар гузориши худ ба Созмони Милали Муттаҳид аз зиёда сад мавриди марги низомиён дар солҳои 2019-2021 хабар дод.
Дар чор соли баъдӣ мақомот ва созмонҳои ҳомии ҳуқуқ даҳҳо мавриди "дедовшина"-ро сабт кардаанд:
- Соли 2022 – 71 маврид;
- Соли 2023 – 109 маврид;
- Соли 2024 – 95 маврид;
- Соли 2025 – 66 маврид.
Ҳуқуқдон Дилрабо Самадова мегӯяд, азбаски ба ҳамаи парвандаҳо дастрасӣ надоранд, омори дақиқро намедонанд. "Мо набояд чунин чизҳоро пинҳон кунем, зеро сухан дар бораи амнияти давлат ва обрӯйи артиши мо меравад. Агар мехоҳем, ки ҷавонон бидуни тарс ва ихтиёрӣ ба хидмат раванд, чунин масъалаҳо бояд ошкоро дар ҷомеа муҳокима карда шаванд," -- мегӯяд ӯ.
Оё дурбинҳои назоратӣ кумак мекунанд?
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, дар охири соли 2023 иловаҳоро ба қонун "Дар бораи мақоми хидматчиёни ҳарбӣ" имзо кард. Бино бар ин дигаргунӣ, ҳуҷраҳои хобу ошхона ва долонҳои қисмҳои низомӣ бояд бо дурбинҳои назоратӣ муҷаҳҳаз шаванд.
Аммо яке аз сарбозоне, ки чанде пеш хидматро ба поён расондааст ва нахост номаш ошкор шавад, гуфт, латукӯби сарбозон дар ҷойҳое сурат мегирад, ки дурбин надоранд, яъне дар ҳаммому ҳоҷатхонаҳо.
"Дар рӯзи аввал куҳнасарбозон моро ба ҳоҷатхона дароварда, заданд. Ба ҷойҳое заданд, ки осораш дида намешуд. Як сарбозро бо лагад заданд ва ӯ дар дохили ҳоҷатхона афтид. Сипас маҷбур карданд, ки ҳоҷатхонаро бишӯяд. Намедонем барои чӣ заданд. Шояд аз рӯзи аввал мехостанд, ки моро тарсонанд," – нақл кард ӯ.
Қаблан ҳомиёни ҳуқуқ пешниҳод карда буданд, ки дар даромадгоҳи ҳоҷатхонаву ҳаммомҳо низ дурбин насб шавад. Хуршед Қурбоншоев аз "Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ" мегӯяд: "Меъёрҳои ахлоқӣ ва талаботи дигар имкон намедиҳанд, ки дар дохили ҳоҷатхона дурбин гузошта шавад. Аммо метавон онро дар назди даромадгоҳ насб кард. Ин метавонад амалҳои ғайриқонунии эҳтимолиро пешгирӣ кунад."
"Дедовшина"
Салим Султонзода, яке аз фаъолони мухолифин, ки пештар дар артиши Тоҷикистон хидмат кардааст, гуфт, "дедовшина" дар Тоҷикистон шакли гибридӣ дорад – омезиши дедовшина ва маҳалгароӣ."
Ба гуфтаи ӯ, "дар баъзе қисмҳои ҳарбӣ намояндагони як минтақа мавқеи бартар доранд. Сарбозони минтақаҳои дигарро тавассути ҷазои ҷисмонӣ ва супоришҳои гуногун ба итоат маҷбур мекунанд."
Омбудсмен ё Ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон соли 2024 дар гузориши худ аз пурзӯр шудани назорат дар артиш хабар дод. Додситонии ҳарбӣ дар қисмҳои Вазорати дифоъ 708 санҷиш гузаронида, тақрибан 1300 қонуншиканиро ошкор кардааст.
Аммо баҳори имсол дар қисмҳои ҳарбии Тоҷикистон дастикам чаҳор сарбоз ҷон бохтанд. Яке аз онҳо Исрофил Азимзода аст, ки 30-юми март ихтиёрӣ ба хидмат рафт, вале баъди ду ҳафта ба хок супурда шуд. Мақомот ба модараш, Шарифа Азимова, гуфтаанд, "аз баландӣ афтод". Ҳамсараш Рӯзигул Бобоназарова гуфт, Исрофил ба ӯ аз бистари бемористон дар бораи латукӯби шадид ҳикоят кардааст.
Дар охири моҳи апрел Ғолибҷон Иброҳимови 23-сола дар артиш даргузашт. Тибқи фарзияи расмӣ, ӯ тасодуфан устухонеро фурӯ бурдааст. Моҳи май Одилҷон Исломзодаи 19-сола ҷон бохт. Ба гуфтаи раҳбарияти қисми ҳарбӣ, ӯ зери чархи мошини боркаш мондааст.
Рӯзи 27-уми апрел Шаҳбоз Ҷонмаҳмадзодаи 23-сола ҳангоми рухсатӣ худро ба дарёи Кофарниҳон партофт. Манобеи наздик ба тафтишот эҳтимоли бадрафторӣ дар қисми ҳарбӣ ва мушкилоти хонаводагиро аз сабабҳои эҳтимолии ҳодиса номиданд.
Дар пасманзари силсилаи ҳодисаҳои фоҷеабор дар артиш президент Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи муносибатҳои ғайриоинномавӣ дар артиш дахл кард. Ӯ моҳи май дар ҷаласаи Шӯрои амнияти Тоҷикистон аз мақомоти қудратӣ ва бахусус фармондеҳии нерӯҳои мусаллаҳ хост, ба тартибу интизом дар қисмҳои ҳарбӣ ҷиддӣ муносибат кунанд.
Мақомот шумораи умумии нерӯҳои мусаллаҳро ошкор намекунанд. Расонаҳои маҳаллӣ қаблан бо такя ба манобеи худ хабар дода буданд, ки ҳар сол то 16 ҳазор нафар ба хидмат ҷалб мешаванд. Ҳомиёни ҳуқуқ борҳо пешниҳод кардаанд, ки муҳлати ҳатмии хидмат дар Тоҷикистон аз ду ба як сол поин оварда шавад, то "дедовшина" камтар ва майли ҷавонон ба хидмат бештар гардад. Чизе, ки мақомот то ҳол напазируфтаанд.
Гуфтугӯ