Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз сарбозшикор то бурдани маҳбусон ба ҷанги Украина. Амрико вазъи қочоқи инсонро дар Тоҷикистон таҳқиқ кард


Баъди шурӯи ҷанги зидди Украина мақомоти Русия ба сафарбарии маҷбурии маҳбусон, аз ҷумла муҳоҷирони тоҷик ба хидмат рӯ оварданд.
Баъди шурӯи ҷанги зидди Украина мақомоти Русия ба сафарбарии маҷбурии маҳбусон, аз ҷумла муҳоҷирони тоҷик ба хидмат рӯ оварданд.

Кӯдакон дар пахтачинӣ, сарбозшикор, кори маҷбурии шаҳрвандони Тоҷикистон дар соҳаи кишоварзиву сохтмони давлатҳои хориҷӣ, кор дар ширкатҳои чинӣ, ба ҷанги зидди Украина бо зӯр бурдани маҳбусони тоҷик - танҳо чанд намунаи ҳодисаҳои қочоқ ва истисмори шаҳрвандони Тоҷикистон аст, ки дар гузориши нави Департаменти давлатии Амрико ёд шудааст.

Гузориш мегӯяд, ҳукумати Тоҷикистон дар мубориза бо қочоқи инсон ба пешравиҳои зиёде даст ёфтааст, вале ҳамоно вазъият ба меъёрҳои камтарин дар роҳи решакан кардани ин намуд ҷиноятҳо ҷавобгӯ нест. Департаменти давлатӣ ё Вазорати корҳои хориҷии Амрико пайваста мавзӯи хариду фурӯши инсонро дар кишварҳои ҷаҳон таҳқиқ мекунад.

Гузориши нуҳсаҳифаӣ мегӯяд, дар маҷмӯъ талошҳои ҳукумати Тоҷикистон барои рафъи ҳодисаҳои қочоқи инсон муваффақиятомез аст ва дар гузориши имсола ин кишвар ба қатори кишварҳои Гурӯҳи дуюми мавриди назорат шомил шуд, ки як зина боло аст, вале ҳанӯз масоили зиёде ҳалношуда мемонад.

Гузориши Департаменти давлатии ИМА оид ба вазъи қочоқи инсон дар кишварҳои ҷаҳон ҳафтаи охири моҳи сентябр нашр шуд, вале мақомот дар Тоҷикистон ҳанӯз дар ин бора изҳори назар накардаанд. Дар гузашта президенти Тоҷикистон муқовимат ба ҷиноятҳои сангини мисли “хариду фурӯши одамонро” мавзӯе номидааст, ки “ба таври доимӣ дар маркази таваҷҷуҳи ҳукумат қарор дорад”.


“Ҳашар”-и пахтачинӣ, сарбозшикор...

Масалан, ба навиштаи гузориш, баъди таъсиси Маркази миллии мубориза бо хариду фурӯши инсон дар соли 2018, шумори бештари қурбониёни қочоқ наҷот дода шуданд. Аз 272 қурбонии қочоқи инсон, ки мақомот онҳоро аз дасти рабояндагонашон раҳо кардаанд, 38 нафарашон қурбонии бозори фаҳшо ва 238 касашон аз кори маҷбурӣ озод карда шуданд. Ин омор аз соле пеш бештар будааст.

Муаллифони гузориш таъкид кардаанд, ки бо вуҷуди манъи кори кӯдакон дар майдони пахта ҳамоно хонандагони мактабҳои деҳот бо баҳонаи “ҳашар” ба чидани ин зироат бурда мешаванд. Дигар ҳолат – сарбозшикор ё аз роҳи зӯр ба артиш бурдани ҷавонписарон аст, ки дар гузориш ёд шудааст.

Вуҷуди ин ду ҳолатро мақомот дар Тоҷикистон ҳеҷ гоҳ пурра эътироф накардаву посухи рӯшане надодаанд. Дар робита бо сарозшикор, ки дар мавсими тирамоҳии имсола ҳам шикоятҳое аз минтақаҳои мухталифи Тоҷикистон ба шабакаҳо роҳ меёбад, мегӯянд, вазифаи шаҳрвандии ҷавонон аст, ки дар артиш хидмат кунанд.

Гузориши Департаменти давлатӣ мегӯяд, Вазорати беҳдошти Тоҷикистон дар паноҳгоҳе соли 2024 ба 52 қурбонии қочоқ ёриҳои тиббию равонӣ расонидааст, вале маблағгузории ин паноҳгоҳ маҳдуд аст ва кораш асосан ба ёрии созмонҳои ҷамъиятӣ такя мекунад, ки онҳо ҳам дар ҷалби сармоя дасткӯтаҳанд. Буҷаи порсолае, ки ҳукумат барои ёрӣ ба қурбониёни қочоқ ҷудо кардааст, 140 ҳазор долларро ташкил медиҳад, омадааст дар гузориш.

Гузориши солонаи Департаменти давлатии ИМА дар бораи қочоқи инсон дар Тоҷикистон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:21 0:00

“Дар тамоми ҷомеаҳои Тоҷикистон қочоқ вуҷуд дорад”

Муҳаққиқони амрикоӣ навиштаанд, дар маҷмӯъ қочоқи инсон дар ”тамоми бахшҳои кишвар” мушоҳида мешавад. Он мегӯяд, дар давоми панҷ соли гузашта ҳодисаҳои қочоқи инсон дар дохили Тоҷикистон ва хориҷ аз он тақрибан дар нисбати ҳама гурӯҳҳо дида шудааст: шаҳрвандони Тоҷикистонро дар соҳаи кишоварзиву сохтмони Қазоқистон, Латвия, Русия, Арабистони Саудӣ, Имороти Муттаҳидаи Арабӣ, давлатҳои ҳамсояи Осиёи Марказӣ, инчунин дар Туркия ва Афғонистон истифода кардаанд. Дар кишвари Бирма ҳодисаҳои истифодаву поймолкунии ҳуқуқи шаҳрвандони Тоҷикистон дар ҷиноятҳои интернетии қаллобӣ сабт шудааст.

Дар дохили Тоҷикистон ва ҳамчунин, дар кишварҳои мисли Туркия, Русия, Иморот, инчунин Афғонистон, Гурҷистон, Ҳинд, Қазоқистон ва Арабистони Саудӣ занҳову духтарони тоҷикро дар бозори танфурӯшӣ истифода кардаанд. Таҳқиқот нишон додааст, ки кордиҳандагон ва дар асл қочоқчиён бо кӯмаки ёру дӯстон, ҳамсояҳо ва ҳам ширкатҳои ғайриқонунии таъмини кор занҳоро ба доми худ медаровардаанд.

Гурӯҳи дигаре, ки ҳамчунин ба унвони қурбонии қочоқи инсон ёд мешаванд, муҳоҷирон дар Русия мебошанд ва бахусус, зиндониҳое, ки маҷбуран ба ҷанги зидди Украина бурда мешаванд. Ба ҳисоби тарҳи давлатии "Зистан мехоҳам"-и Украина, дар маҷмӯъ 930 тоҷикистонӣ дар ҷанги зидди Украина аз тарафи Русия иштирок карда тақрибан 200 нафарашон кушта шудаанд. Ба гуфтаи муаллифони пажӯҳиш, аксарият аз зиндонҳо ва қисме ҳам аз сохтмону бозорҳо ба ҷанг сафарбар шудаанд. Ба ин роҳ онҳоро бо ваъдаи раҳоӣ аз зиндон, пули калон ва ё пешниҳоди шиносномаи русӣ ҷалб мекарданд.

Дар гузориш гурӯҳи дигаре, ки ҳамчун қурбониён ёд шудаанд, шаҳрвандони Тоҷикистони коргари ширкатҳои чинӣ мебошанд, ки дар тарҳҳои инфрасохторӣ кор мекунанд. “Дар ин корхонаҳо қонуншиканиҳои зиёд, таҳдиди ихроҷ аз кор, ҳолатҳои фаровони вайрон кардани Кодекси меҳнат ва кори маҷбурӣ вуҷуд дорад, - омадааст дар гузориш”.

Инчунин муҳаққиқон аз сарнавишти 12 ҳазор хориҷиву афроди бешаҳрвандӣ, аз ҷумла шаҳрвандони Афғонистон ва Бангладеш ёдовар шудаанд, ки дар Тоҷикистон қарор дошта ба қавли муҳаққиқон, дар баробари хатари қочоқ гурӯҳи осебпазир дониста мешавад. Масалан, паноҳҷӯёни афғонистонӣ, ки шумори аксари хориҷиҳои сокини Тоҷикистонро ташкил медиҳанд, ба навиштаи Департаменти давлатӣ, бо хатарҳои пайвастаи мисли талаби ришва ваё таҳдиди ихроҷ аз кишвар рӯбарӯ ҳастанд.



Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG