Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Трамп ба Конгресс гуфт, Зеленский омода аст, "ҳар вақт" созишномаро имзо кунад


Доналд Трамп
Доналд Трамп

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико, аз омодагии Владимир Зеленский, президенти Украина, барои музокира бо Русия ва имзои созишномаи истихроҷи маъданҳо хабар дод. Вай рӯзи 4-уми март ҳангоми суханронӣ дар Конгресс гуфт, "номаи муҳиме аз Зеленский гирифтам".

"Дар нома омадааст, ки Украина барои расидан ба сулҳи пойдор омодааст, ҳарчи зудтар ба сари мизи музокира нишинад. Аз украиниҳо дида, касе бештар ташнаи сулҳ нест," – иқтибос овард Трамп.

Қабл аз ин суханронӣ, Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина, гуфт, "ҳеч кадоми мо ҷанги бепоён намехоҳем" ва афзуд, Киев омодааст, ки "ҳарчи зудтар ба мизи музокирот баргардад."

"Ман ва тимам омодаем, ки зери роҳбарии қавии президент Трамп барои расидан ба сулҳи пойдор кор кунем," -- гуфт Зеленский.

Владимир Зеленский
Владимир Зеленский

Доналд Трамп дар суханронияш дар Конгресс гуфт, ҳар ҳафта дар ҷанги Украина ду ҳазор нафар кушта мешавад ва мехоҳад "инро боздорад". Вай иддао кард, ки дар ҳоле Аврупо ба Украина сад миллиард доллар додааст, Иёлоти Муттаҳида қариб 350 миллиард доллар харҷ кард.

Раҳбарони аврупоӣ пештар иддаои ба ин монандро мавриди шубҳа қарор дода буданд. Пажӯҳишгоҳи Киел дар Олмон мегӯяд, таҳқиқи онҳо баёнгари он аст, ки ёрии Амрико ба Украина то кунун 114 миллиард евроро ташкил медиҳад. Аммо, ба иттилои ин пажӯҳишгоҳ, Аврупо ба Украина 132 миллиард евро ҷудо кардааст.

Суханронии Доналд Трамп чанд соат пас аз боздоштани ёриҳои низомии Амрико ба Украина дар набард бо Русия ва пас аз тақрибан як ҳафта баҳси лафзии Трампу Зеленский садо дод. Раисҷумҳури Украина рӯзи 28-уми март бе имзои созишномаи истихроҷи маъданҳо Кохи Сафедро тарк кард. Трамп дар нишасти матбуотии рӯзи 3-юми март гуфт, фикр намекунад, ки созиш аз байн рафтааст.

Раисҷумҳури Амрико дар суханронияш дар Конгресс аз суҳбати пуртаниш бо Зеленский ёд наовард. Михаил Алексеев, профессори улуми сиёсии Донишгоҳи давлатии Сан Диего, ба Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ гуфт, Трамп бо иқтибос аз номаи Зеленский “нишон дод, ки суҳбатро дар Кохи Сафед дар ҳошия қарор додааст".

Дар ҳоле ки ба гуфтаи ӯ дар суханронии Трамп, “дар бораи истеъфои Зеленский ҳеч даъват набуд. Дар мавриди носипосии Украина низ ҳеч суҳбат нашуд.”

Конгресс, 4-уми марти 2025
Конгресс, 4-уми марти 2025

Трамп поён додан ба ҷангро дар Украина дар авлавият қарор дода, бо тамоси мустақим бо Владимир Путин, раисҷумҳури Русия, ки маъмурияти пешин аз оғози ҷанг дар моҳи феврали соли 2022 ӯро дар инзиво қарор дода буд, сиёсати сесолаи Иёлоти Муттаҳидаро дигар кард. Ӯ созиши маъданҳоро як василаи ҷуброни харҷҳои Амрико ва тавҷеҳи идомаи кумак ба Украина медонад.

Даниел Вайдич мудири ширкати Yorktown Solutions аст, ки мушовири собиқи чанд номзади ҷумҳурихоҳ ба мақоми президенти Амрико буд. Вай мегӯяд, “бунёде, ки тибқи созишнома таъсис дода мешавад, як роҳи ҷалби бахши хусусии Амрико барои сармоягузорӣ дар бозсозии Украина хоҳад буд.”

Ин паёми нахустини Доналд Трамп дар Конгресс аз замони ба қудрат расиданаш дар рӯзи 20-уми январи имсол аст. Раисҷумҳури Амрико суханронии худро бо баёни "Амрико баргашт" оғоз кард ва дар мавриди сиёсатҳояш дар бораи муҳоҷират, ҷинояткорӣ ва талошҳои Департаменти самаранокии кори ҳукумат (DOGE) зери раҳбарии миллиардер Илон Маск изҳори назар кард.

Видео дар инҷост:

Доналд Трамп дар Конгресс дастовардҳояшро ситоиш кард
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:44 0:00

Ребекка Гилл, профессори улуми сиёсӣ дар Донишгоҳи Невада, ба Радиои Озодӣ гуфт, паёми беш аз 100-дақиқаӣ дарозтарин суханронии раисҷумҳури Амрико дар Конгресс буд. Ӯ гуфт, “Трампи маъмулӣ буд. Фикр намекунам, аз он ки бисёр пархошҷӯёна ва ҷидолҷӯёна буд, касеро ҳайрон карда бошад.”

Яке аз тасмимҳои баҳсбарангези Доналд Трамп ҷорӣ кардани таърифаҳои 25-дарсадӣ ба молҳои воридӣ аз Канада ва Мексика, ду шарики бузургтарини тиҷоратии Иёлоти Муттаҳида буд. Ин таърифаҳо аз 4-уми март ба иҷро даромада, боис ба коҳиши шадиди саҳмияҳои Амрико дар тӯли беш аз ду моҳ шуд.

“Таърифаҳо барои боз сарватманд кардани Амрико ва дигарбора бузург кардани Амрико мебошанд. Ва ин хеле зуд сурат хоҳад гирифт", - гуфт Трамп. Райан Свит, иқтисодшиноси аршади амрикоии Oxford Economics, гуфт, “боҷҳо ба коҳиши рушди Амрико, афзоиши бекорӣ ва болоравии таваррум оварда мерасонанд.”

XS
SM
MD
LG