Дилбар моҳҳо боз дар шаҳри Омски Русия дар боздошт ба сар мебарад ва сарнавишти ӯ бе мурофиа ва муҳокимаи додгоҳӣ норӯшан мондааст. Ин муҳоҷири 18-сола аз Осиёи Марказӣ мегӯяд, кормандони зиндон ӯро заданд, бо электрошок азоб доданд ва таҳдид карданд.
Дилбар, ки мунтазири муҳокима ба иттиҳоми қочоқи маводи мухаддир аст, бо як интихоби душвор рӯбарӯ аст: Ё 15 сол зиндонӣ шавад, ё ба ҷанги Русия дар Украина бипайвандад ва озодии худро ба даст биорад.
Парвандаи Дилбар таваҷҷуҳро ба мавзӯи ҷалби занони Осиёи Миёна аз сӯи Русия ба ҷанги наздик ба чаҳорсолааш дар Украина ҷалб кардааст. Русия мизбони миллионҳо муҳоҷири корӣ аз кишварҳои Осиёи Миёна аст.
Бино ба ҳисобҳо, ҳазорон мард аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ба нерӯҳои Русия дар Украина пайвастаанд. Бархе бо ваъдаи кори сердаромад ба дом афтодаанд. Бархеи дигар, асосан зиндониён ва боздоштшудаҳо, ба пайвастан ба артиши Русия маҷбур карда шудаанд. Шумори каме аз занони Осиёи Миёна низ номнависӣ кардаанд, ҳарчанд шумори дақиқашон маълум нест.
"МОДАР, МАРО БУБАХШ"
Дилбар, шаҳрванди Қирғизистон, ки барои муҳофизат аз шахсияташ, номаш тағйир ёфтааст, мумкин аст ба зудӣ яке аз онҳо бошад. Ӯ дар номае ба модараш навиштааст, "модар, маро бубахш. Агар ҳукми тӯлонӣ бидиҳанд, меравам ҷанг. Онҷо ба ман пул медиҳанд ва дар давоми як сол озод мешавам".
Дилбар дар моҳи октябр, як сол пас аз он ки аз шаҳри Уши Қирғизистон ба Русия муҳоҷират кард, ба иттиҳоми қочоқи маводи мухаддир дастгир шуд. Худаш ин иттиҳомро рад мекунад.
Фаъолони ҳуқуқи башар мегӯянд, муҳоҷирони Осиёи Марказӣ, аз ҷумла занон, аксаран бо иттиҳоми қочоқи маводи мухаддир боздошт мешаванд. Ба гуфтаи хоҳари Дилбар, ки бинобар далоили амниятӣ нахост номаш ошкор шавад, ба ӯ гуфтаанд, метавонад ҳамчун ошпаз дар артиши Русия дар Украина хидмат кунад ва барои як сол кор ду миллион рубл (ҳудуди 26 ҳазор доллар) дарёфт хоҳад кард -- маблағи қобили таваҷҷуҳ барои бисёре аз мардум дар Русия.
Хоҳари Дилбар мегӯяд, кормандони зиндон ваъда додаанд, ки пас аз поёни қарордоди яксола, ӯ озод хоҳад шуд. Хоҳари Дилбар аз Қирғизистон ба Омск рафт, то дар ҷаласаҳои додгоҳии ӯ иштирок кунад. Ӯ мегӯяд, борҳо аз хоҳараш хостааст, ки ин пешниҳодро напазирад ва ба артиши Русия напайвандад.
"Зиёд мешунавам, касоне, ки ба Украина мераванд, зинда барнамегарданд," -- гуфт ӯ ба бахши қирғизии Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ. Хоҳари Дилбар афзуд, падарашон, ки ӯ ҳам дар Русия муҳоҷири корӣ аст, дар соли 2023 ба ҷанги ин кишвар дар Украина пайваст, аммо то кунун бедарак аст.
БАКОРГИРИИ ЗИНДОНИЁН ВА БОЗДОШТШУДАГОН
Русия даҳҳо ҳазор зиндониро дар ивази коҳиши муҳлати адои ҷазо ё афв барои ҷанг дар Украина сафарбар кардааст. Ҳадаф аз ин иқдом, тақвияти шумори нерӯҳо дар шароити талафоти сахт ва худдорӣ аз ниёз ба басеҷи нав будааст.
Вазорати дифои Русия ва ширкати хусусии зархариди "Вагнер" дар зиндонҳо дар пайи ҷалби нерӯ будаанд. Гуфта мешавад, ки дар миёни ҷалбшудаҳо садҳо зан, ҳам шаҳрванди Русия ва ҳам хориҷӣ, ҳузур доранд.
Бархе аз занони зиндонӣ ҳамчун сарбоз ҷалб шудаанд ва бархе дигар ҳамчун ошпаз, тамизкор, ҳамшираи шафқат ва кӯмакрасон кор мекунанд.
Мақомҳои Русия талош карданд, ки Гулбарчин, зане аз Қирғизистонро, ки дар шаҳри Владимир дар наздикии Маскав дар ҳоли адои ҷазои 12-сола аст, ҷалб кунанд. Гулбарчин, ки барои ҳифозат аз шахсияташ номаш тағйир дода шудааст, тибқи номае, ки дар охири соли 2023 барои хонаводааш навишт, мегӯяд, масъулини зиндон феҳристе аз афродро барои фиристодан ба ҷанг таҳия карданд.
Ӯ дар номаи худ навиштааст, ҳар касеро, ки ҳукми тӯлонӣ дошт, (дар феҳрист) гузоштанд ва афзуд, аз имзо кардани дархости фиристодан ба хатти пеши ҷабҳа худдорӣ кардааст.
Гурӯҳи ҳуқуқи башари "Эзгулик" дар Узбекистон мегӯяд, номаҳое аз наздикони даҳҳо зани зиндонии узбек дарёфт кардааст, ки масъулони зиндон талош кардаанд онҳоро барои ҷанги Украина ҷалб кунанд. Дар миёни онҳо Умеда ном зане аст, ки хоҳараш дар Русия зиндонист. Ӯ мегӯяд, аз хоҳараш номаҳое гирифтааст, ки нишон медиҳад, масъулини зиндон то чӣ андоза барои водор кардани занон ба номнависӣ пеш мераванд.
Умеда ба Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ изҳор дошт, "10 рӯз ба онҳо ғизо намедиҳанд, то иродаи зиндониҳоро бишкананд ва қонеашон кунанд, ки ба ҷанг бираванд. Баъзе духтарҳо барои инки ба ҷанг фиристода нашаванд, худкушӣ кардаанд".
"ҶАНГИДАН ДАР ХАТТИ ПЕШ"
Мақомҳои Русия ҷалби занонро барои вазифаҳои ҷангӣ рад мекунанд ва хидмати онҳоро "довталабона" медонанд. Онҳо гуфтаанд, ки беш аз 37 ҳазору 500 зан дар нерӯҳои мусаллаҳи Русия хидмат мекунанд ва ҳудуди 270 ҳазор зани дигар дар нақши ғайринизомӣ дар сохтори низомӣ машғули фаъолият мебошанд. Вазорати дифои Русия дар бораи ин ки чи теъдод аз занон, ба вижа шаҳрвандони хориҷӣ ба хати пеши ҷабҳа фиристода шудаанд, оморе нашр накардааст.
Мирлан Токтобеков, вакили муҳоҷират аз Қирғизистон ба Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ гуфт, бештари занони Осиёи Миёна, ки Русия ба кор мегирад, дар нақшҳои пуштибонӣ кор мекунанд, ҳарчанд бархе ҳам дар хатти пеш меҷанганд. Ӯ гуфт, "занон метавонанд ҳамчун ошпаз, имдодгар, ҳамшираи тиббӣ, табиб ё дар корҳои дигар истихдом шаванд. Заноне ҳастанд, ки бар тимҳои таъмири таҷҳизоти низомӣ кор мекунанд. Ва касоне ҳам ҳастанд, ки дар хатти пеши ҷабҳа меҷанганд. Иштирокашон назар ба мардон хеле камтар аст, аммо вуҷуд дорад".
Олга Романова, фаъоли шинохтаи ҳуқуқи зиндониён дар Русия гуфт, занони зиндонӣ аксаран аз сӯи онҳое, ки ҷалб мешаванд, фиреб дода мешаванд. Ӯ ба Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ гуфт, "дар зиндонҳои занон интернет вуҷуд надорад. Онҳо фақат ҳамон чизеро медонанд, ки телевизион нишон медиҳад. Фикр мекунанд, қарор аст ҳамшираи тиббӣ бошанд, намефаҳманд воқеан куҷо мераванд".
Ҳукуматҳои Осиёи Миёна борҳо ба шаҳрвандони худ ҳушдор додаанд, ки аз иштирок дар даргириҳои низомии хориҷ аз кишвар худдорӣ кунанд. Ин амал ҷиноят ҳисоб мешавад ва метавонад ҳабси тӯлонӣ ба ҳамроҳ дошта бошад. Аммо то инҷо фақат шумори каме аз парвандаҳо ба додгоҳ расидааст.