Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қорӣ Зоҳидро дар Тоҷикистон ба 5 соли зиндон маҳкум кардаанд


Қорӣ Зоҳид, дар маъракаҳои ҳамватанонаш дар Русия воизӣ мекардааст.
Қорӣ Зоҳид, дар маъракаҳои ҳамватанонаш дар Русия воизӣ мекардааст.

«Ман аз кирдори содиркардаи худ сахт пушаймон буда, сидқан ва самимона афсӯс мехӯрам. Мехоҳам аз Маккаи мукаррама, ки барои адои умра омадаам, ба Тоҷикистон баргашта ба ватани худ хизмат намоям. Аз ин лиҳоз бо боварии зиёд ва эҳтироми хоса аз шумо хоҳиш менамоям, ки дар асоси дастурҳои президенти кишвар.... маро аз ҷавобгарӣ озод намоед.»

Ин порчае аз номаи Зоҳид Қувватов, як сокини ноҳияи Ванҷ ба номи Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон аст, ки моҳи август ба ӯ фиристодааст. Зоҳид Қувватови 30-сола ва аз ҷамоати Язғуломи ноҳияи Ванҷ бо умеди онки ӯро бо истифода аз як истиснои Кодекси ҷиноӣ афв мекунанд, ба Тоҷикистон баргаштааст.

Аммо ба гуфтаи наздиконаш ӯро баъди бозгашт дастгир кардаанд ва моҳи ноябри имсол бо гуноҳи ширкат дар созмонҳои ифротгаро ва мусоидат кардан ба фаъолияти онҳо аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ ба 5 соли зиндон маҳкум намудаанд.

Хешовандонаш дақиқ намедонанд, ки ӯ аз чӣ роҳе дар созмонҳои ифротгароӣ ширкат кардааст, аммо дар видеоҳои ангуштшуморе дар Ютуб дида мешавад, ки ӯро Қорӣ Зоҳид муаррифӣ кардаанд ва ӯ мардумро бо садои баланду пурэҳсос ба ислому риояти фарзҳои он ва "мусулмони воқеӣ" будан даъват мекунанд. Додгоҳи олии Тоҷикистон моҳи марти имсол 31 нафар сокини Язгуломро аз 2 то ба 23 сол ба зиндон маҳкум карда буд.

Маҳкумшудаагон аксаран сокинони деҳаи Жамак, Андарбак ва Будун буданд ва “барои омодагӣ ба харобкорӣ” ва узвият дар гурӯҳи “Ансоруллоҳ”, як созмони ифротгаро гунаҳкор дониста шудаанд. Зоҳид Қуватов зодаи деҳаи Жамаки Язгулом соҳиби ду фарзанд аст ва мақомоти интизомӣ моҳи марти соли 2025 ба зидди ӯ бо иттиҳоми ифротгароӣ парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд.

Наздикони Зоҳид Қувватов мегӯянд, вай дар Русия дар маросимҳои тую азои ҳамватанони худ амри маъруф мекард. Яке аз наздиконаш рӯзи 12-уми декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, ӯ дар Русия мезист ва баъди адои Ҳаҷи умра дар Арабистони Саудӣ ба номааш аз мақомоти амниятии ноҳияи Ванҷ посухи мусбат гирифт, ки афв мешавад.

Дар Тоҷикистон барои ҳамкорӣ бо ҳизбу иттиҳодияҳои мамнуъ ва мусоидат ба фаъолияти онҳо садҳо нафар таҳти пайгарди қонунӣ қарор доранд ва бисёре ҳам дар хориҷ ҳастанд. Вале тибқи эзоҳе, ки ба Кодекси ҷиноӣ илова шудааст, имкони аз ҷавобгарии ҷиноӣ раҳо шудани ин афрод вуҷуд дорад. Дар ин банд омадааст: "Агар шахс ихтиёрӣ аз ҳамкорӣ бо созмонҳои мамнуъ даст кашад ва дар кирдори ӯ таркиби ҷинояти дигар мавҷуд набошад."

Ба нақли ҳамсуҳбати Радиои Озодӣ парвандаи Зоҳид Қувватов дар додситонии Ванҷ баррасӣ шуда мурофиаи ӯ дар додгоҳи Хоруғ сурат гирифтааст. Мурофиаи додгоҳии Зоҳид Қуватов дар чӣ шароит гузаштааст манобеи Радиои озодӣ изҳори бехабарӣ карданд.

Соли 2024 зимни як суханронии расмӣ, раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, ки “дар даҳ соли гузашта парвандаҳои 1640 нафар аз шаҳрвандони фиребхӯрдае, ки ба ватан баргаштанд, қатъ шудааст.

Соли 2023 – 328 нафар ва дар ду моҳи аввали соли 2024 бештар аз 140 нафар аз ин имкон истифода бурдаанд. Ҳадафи ин ба гуфтаи мақомот фароҳам овардани шароити баргашти онҳоест, ки дар ҷиноятҳои вазнин даст надоштаанд ва мехоҳанд зиндагии осоишта пеш баранд. Вале чанд мавриди ахир нишон додааст, ки бо вуҷуди «тавбаву надомат ва изҳори пушаймонӣ»-и чандин нафар муттаҳам ба ифротгароӣ, онҳо билофосила баъди бозгашт ба ватан боздошт ва пас аз муддате зиндонӣ шудаанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG