Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Варзиши занон: Яке мехоҳад лоғар шавад, дигари вазн гирад


fitness
fitness

Дар Душанбе даҳҳо толори  варзишӣ е фитнесклубҳо фаъолият доранд, ки бо пешниҳоди машқу хидматрасониҳои гуногун занону мардонро ба тамрин даъват мекунанд.

Шумори онҳое ҳам ки ба зебогии андоми худ ва ҳифзи сиҳатӣ таваҷҷуҳ доранд, бештар мешавад. Духтарон, яке барои лоғар шудан, дигаре баръакс барои вазнгирӣ, аммо ҳама барои тақвияти саломатӣ ба фитнес клуб мераванд. Кимиё чанд моҳ боз дар яке аз толорщои варзишии Душанбе машқ мекунад.

“Ман ба ҳайси модел кор мекунам ва бисёр муҳим аст, ки вазнамро нигоҳ дорам. Пеш аз интихоб карадни зал ман ҳам бисёр ҷойҳо рафтам, муқоиса кардам. Замони инҷо омадан, тахфиф буд. Ман ин ҷойро интихоб кардам ва аз он розиям.”- гуфт, вай.

Моҳистон 3 сол боз ба толори варзишӣ меравад. Мегӯяд, агар хоҳиш бошад, вақт ва пул пайдо мешавад. Вай гуфт: “Ман ба хотири саломатиям машқ мекунам. Вазнам 77 кило буд, ҳоло 62 шуд. Хеле вазн кам шуд. Агар хоҳед, ҳазор тариқ метавонед сарф кунеду машқ оед. Барои баъзеҳо муносибат аст, барои баъзеҳо не.”

Варзиши занон дар Душанбе: Яке мехоҳад лоғар шавад, дигаре мехоҳад вазн гирад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:28 0:00

Яке аз вижагиҳое, ки ҳоло дар ин ва асар толорҳои дигари варзишӣ ё фитнес клубҳои Душанбе дида мешавад ин ҷудо будани ҷойи машқи занон аз мардон аст. Кормандони ин соҳа мегӯянд, ин корро бо талаби муштариён кардаанд. Манижа Алиева, маъмури толори варзишии “Профит фитнес” дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт: “На ҳама занҳо мехоҳанд, ки бо мардон машқ кунанд, аз ин хотир танҳо барои занон ҷой омода кардем. Тамоми таҷҳизоте, ки зарур аст, инҷо ҳаст. Машқҳои гуруҳӣ дорем, рақсҳо. Ҳастанд занҳое, ки аз 50 сол зиёд доранд ва барои нигоҳ доштани саломатии худ меоянд. Ҳамчунин, наврасон низ ҳастанд.”

Шумори толорҳои хурду бузурги варзиши дар Душанбе торафт бештар мешавад. Вобаста ба шароиту хидматрасонӣ арзиши машқ дар онҳо фарқ мекунад. Дар толорҳои варзишии калонтар, ки ҳавзи шиноварӣ доранду бо дастгоҳи махсуси муосири машқи бадан муҷаҳҳазанд, обунаи моҳона аз 800 – 1000 сомонӣ болост. Машқгоҳҳое бо нархи аз 400 то 600 сомонӣ ҳам ҳастанд. Вале на ҳама тавони пардохти ин маблағро доранд.

Мисли Нигора, ки барои рафтан ба толори варзишӣ шароит надорад, вале мехоҳад вазн партояд ва дар хона машқ мекунад. “Аз интернет машқҳо скачат кардагием, аз рӯи ҳамон иҷро мекунем. Ба ман дастрастар курси диетолог ғалтид. 180 сомонӣ 21-рӯза харидам. Бо вай ҳам хароб мешавӣ, лекин дертар. Агар нархи фтнес клубҳо дастрас мебуд ба мо, ба вай мумкин тезтар хароб мешидем. Таъсираш соз.”

Таҳлилгарони соҳа нисбатан гарон будани нархи хидматрасонӣ дар толорҳои калони варзишӣ ва камбуди муррабиёни касбиро аз мушкил дар ин самт меноманд.

Мансур Муҳиддинов, довари дараҷаи байналмилалӣ ба Озодӣ гуфт: “Якум пайдо кардани муттахасисони сатҳи баланд дуюм пул, агар ҳаққи машқ дар толор каме паст мешуд, ки нафарони оддӣ, ки падару модар ё худашон моаши хуб намегиранд метавонанд он ҷо рафтан ва барои онҳо мушкил намешавад зиндагиро пеш бурданд, хуб мешуд.”

Ба гуфтаи коршиносон дар маҷмӯъ солҳои ахир таваҷҷӯҳи сокинон ба варзиш ва нигоҳубини бадани худ бештар шудааст. Онҳо бар инанд, ки соатҳои дарози кор сабаби камқувватии ҷисмонӣ ва афсурдагӣ мешаванд ва тамрин дар фитнес-клуб метавонад ин холигоҳҳоро пур кунад.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG