Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳ як сокини Язгуломро ба панҷ соли зиндон маҳкум кард


Язгулом як маҳалли дурдасти кӯҳистонӣ дар ноҳияи Ванҷ аст ва солҳои ахир даҳҳо сокини онро бо гуноҳи ифротгароӣ ба зиндон маҳкум кардаанд.
Язгулом як маҳалли дурдасти кӯҳистонӣ дар ноҳияи Ванҷ аст ва солҳои ахир даҳҳо сокини онро бо гуноҳи ифротгароӣ ба зиндон маҳкум кардаанд.

Додгоҳи Исмоили Сомонӣ як сокини ҷамоати Язгулом ва додарзодаи яке аз рӯҳониёни шинохтаи зиндонӣ дар ин маҳаллаи дурдасти кӯҳистонӣ дар ноҳияи Ванҷро ба панҷ соли зиндон маҳкум кардааст.

Обид Қувватбеков, бародарзодаи Мавлавӣ Абдуллобек, рӯҳонии шинохта дар ҷамоатро рӯзи 11-уми июл ва паси дарҳои баста муҳокима кардаанд. Яке аз хешовандони Обид Қувватбеков рӯзи 24-уми июл ба Радиои Озодӣ гуфт, ӯро “даъват ба ифротгароӣ аз тариқи Интернет” гунаҳкор донистаанд, агарчӣ ба қавли хешовандаш “вай як муҳоҷири оддии корӣ буд ва бо ду фарзандаш дар Русия зиндагӣ дошт.”

Обид Қувватбековро бо дархости мақомоти Тоҷикистон ҳамроҳи се нафари дигар аз сокинони Язгулом ду моҳ пеш пулиси Русия дар Маскав дастгир ва сипас ба Душанбе истирдод кард.

Мусоҳиби Радиои Озодӣ гуфт, Обид Қувватбековро «шояд ба хотири амакаш рӯҳонии шинохта Абдуллобек Қувватбеков, маъруф ба Мавлавӣ Абдуллои Язғуломӣ, ҷазо доданд». Ҳамсуҳбати мо афзуд дар бораи сарнавишти се нафари дигаре, ки ҳамроҳи Обид Қувватбеков аз Русия оварда шуда буданд дарак надорад.

Абдуллобек Қувватбеков, маъруф ба Мавлавӣ Абдуллои Язғуломиро моҳи июли cоли 2021 боздошт ва моҳи сентябри ҳамон сол бо гуноҳи даъват ба ифротгароӣ ба 5 соли зиндон маҳкум карданд.

Моҳи июни имсол додгоҳи Душанбе 9 нафарро ки аксарияташон зодагони ҷамоати Язгулом будаанд бо гуноҳи ифротгароӣ ва таъсиси созмони ифротгаро ва пинҳон доштани ҷиноят ба мӯҳлатҳои гуногуни зиндон маҳкум кард.

Моҳи декабри соли гузашта Додгоҳи олӣ 31 сокини ҷамоатро бо гуноҳҳои гуногун, аз ҷумла узвият дар созмони тундрави “Ансоруллоҳ” аз 2 то ба 23 сол зиндон маҳкум кард. Созмонҳои ҳомии ҳуқуқ пайваста ҳукумат ва мақомоти Тоҷикистонро танқид мекунанд, ки бо баҳонаи мубориза бо ифротгароӣ ва терроризм ҳуқуқи мардум ва бахусус ҳуқуқи мазҳабии мардумро поймол мекунад.

Кумиссиюни байнулмилалии Амрико дар бораи озодиҳои динӣ ҳам ҳар сол Тоҷикистонро барои беэътиноӣ ба ҳуқуқи мазҳабии мардум танқид карда ва онро дар радифи “кишварҳои мавриди нигаронии хос” ҷой додааст.

XS
SM
MD
LG