Фарҳод Одинаев фаъоли мадании тоҷик дар Олмон рӯзи 9 июл ба Радиои Озодӣ гуфт, муҳокимаи Дилмурод Эргашев рӯзи 27 феврал сурат гирифтааст ва ӯ бо гуноҳи “даъвати оммавӣ барои фаъолияти ифротгароӣ” ба зиндон маҳкум кардаанд.
Дилмурод Эргашев узви пешини созмони "Гуруҳи 24" аст, ки бо қарори Додгоҳи Олии Тоҷикистон экстремистию террористӣ эълон ва фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнӯъ шудааст. Пас аз берун шудан аз ин созмон, ӯ ба Ҷунбиши ислоҳот ва рушди Тоҷикистон пайваст, ки як созмони мухолифи дигари давлат аст ва онро Шарофиддин Гадоев, яке аз раҳбарони пешини Гуруҳи 24 таъсис додааст.
Ба гуфтаи Фарҳод Одинаев, баръакси муҳокимаҳои зиёди гузашта, мурофиаи додгоҳии Дилмурод на паси дарҳои баста, балки боз сурат гирифтаааст. Ӯ афзуд: “Пайвандону вакили мудофеаш ширкат доштаанд, вале то куҷо айбномаро Эргашев эътироф кардааст ё не маълум нест. Ҳоло вай дар зиндони шаҳри Хуҷанд қарор дорад.»
Пас аз ихроҷи Дилмурод Эргашев дар рӯзи 6-уми ноябри соли гузашта ба Душанбе аз сарнавишти баъдиаш дараке набуд. Ӯро билофосила пас аз расидан ба пойтахти Тоҷикистон боздошт карданд. Манобеи Радиои Озодӣ гуфтанд, ки пайвандонаш чанд маротиба дар зиндони Хуҷанд бо вай мулоқот кардаанд ва ӯ гуфтааст, ки саломатиаш хуб аст. Соли гузашта рӯзе пеш аз онки пулиси Олмон мехост, ӯро ба Тоҷикистон бозпас бифристад, Дилмурод Эргашев рагҳои дасту пойи худро бурид, вале пулис ҳамон вақт гуфтааст, ки ин кор монеи ихроҷи Эргашев нахоҳад шуд.
Созмонҳои ҳомии ҳуқуқ дар гузашта аз ҳукумати Олмон хоста буданд, ки Дилмурод Эргашевро ба Тоҷикистон нафиристад, чун мумкин аст, онҷо барои ақидаҳои худ азобу шиканҷа шавад. Аз ҷумла Дидбони Ҳуқуқи Башар гуфта буд: “Дар сурати ронда шуданаш ба Тоҷикистон, ба ӯ шиканҷа ва ҳабси тӯлонӣ таҳдид мекунад. Ҳукумати худкома дар он ҷо муддатҳо боз ба саркӯби озодии баён ва мухолифони сиёсӣ машғул аст."
Шарофиддин Гадоев раиси Ҷунбиши ислоҳот ва рушди Тоҷикистон амалкарди мақомоти Олмонро ноодилона хонда, гуфта буд, талоши Эргашев ба худкушӣ далели он аст, ки "ӯ маргро аз афтодан ба дасти "қассобон"-и режиме, ки бо саркӯби бераҳмонаи мухолифони сиёсияш шинохта шудааст, бартар медонад". Дидбони Ҳуқуқи Башар имсол дар як гузориш дар бораи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон гуфт, бо вуҷуди ин ки паноҳҷӯёни тоҷик дар Аврупо аз тарси зиндон ва шиканҷа дар ватанашон хоҳони ҳимояти ҳукуматҳои аврупоӣ ҳастанд, чанд мавриди бозгардондани онҳо сабт шуд.
Кишварҳои Аврупо дар солҳои ахир чандин паноҳҷӯи тоҷикро ихроҷ карданд, ки баъдан дар Тоҷикистон боздошт ва ба солҳои тӯлонии зиндон маҳкум шуданд. Аз ҷумла Фаррух Икромов моҳи апрели соли 2024 аз Лаҳистон ихроҷ шуд ва дар Тоҷикистон ба 23 сол зиндон маҳкум гашт. Ҳизбулло Шовализода, як узви ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ, соли 2020 аз Австрия ба Тоҷикистон бозпас фиристоданд. Ӯро ба 20 сол зиндон маҳкум карданд. Билол Қурбоналиев, паноҳҷӯи дигари тоҷик ҳам аввали соли 2024 баъди ихроҷ аз Олмон ба Тоҷикистон, ба 10 сол зиндон маҳкум шуд. Ӯ яке аз ширкатдорони тазоҳуроти мухолифон дар Берлин ҳангоми сафари президент Эмомалӣ Раҳмон ба Олмон буд.