Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шаш хабарнигори Садои Амрико ҳукумати Трампро ба додгоҳ кашиданд


Дари бастаи Садои Амрико дар Вашингтон
Дари бастаи Садои Амрико дар Вашингтон

Як гурӯҳе аз хабарнигорони Садои Амрико ҳукумати раиси ҷумҳур Доналд Трамп ва дигар мақомҳои расмиро бо иттиҳоми қатъи ғайриқонии кори чанде аз расонаҳои ҷамъиятии кишвар ба додгоҳ кашидаанд.

Дар аризаи шикояти додгоҳии шаш хабарнигор, ки рӯзи 21-уми март ба яке аз додгоҳҳои ноҳиявӣ дар Ню Йорк пешниҳод кардаанд, омадааст, ки ҳукумати Трамп баъди як фармони ӯ барои ихтисори Оҷонси Расонаҳои Байналмилалии Амрико (USAGM ) аз “арраи барқӣ” истифода бурдааст.

Доналд Трамп бо имзои фармоне дар ҳафтаи пеш аз мақомот хост, фаъолият ва теъдоди кормандони ҳафт оҷонси федералӣ аз ҷумла Оҷонси Расонаҳои Байналмилалии Амрикоро “то ба ҳадде кам ва ихтисор кунанд, ки қонун талаб дорад.” Чанд соат баъд аз ин фармон, тамоми кормандони Садои Амрикоро ба рухсатӣ фиристоданд ва дарвозаҳои бинои онро ба рӯи коргаронаш бастанд.

Созмонҳои ҳомии озодии сухан ва таҳлилгарон гуфтанд, ки қатъи кори Садои Амрико ва дигар расонаҳое, аз ҳисоби мардуми кишвар сармоягузорӣ мешаванд, ҳукуматҳои худкома дар саросари ҷаҳонро далертар мекунад ва мардумони кишварҳои онҳоро аз манбаи “ҳаётии иттилоот” маҳрум месозад.

Дар аризаи додгоҳӣ омадааст: “Ончӣ ки бо хабарнигорони Садои Амрико сурат гирифт, на танҳо нақзи ҳаққи озодии баён, балки қатъи фаъолияти хабарнигорӣ ва монеъ шудан ба офаридани мӯҳтаво аст.”

Номи Виктор Моралес, мудири иҷроияи USAGM ва Kari Lake мушовири ӯ дар аризаи додгоҳӣ омадааст ва дар он гуфта мешавад, ки ҳукумати Доналд Трамп барои бастани Оҷонси Расонаҳои Байналмилалии Амрико ҳаққи озодии баёни кормандони Садои Амрикоро зери по кардааст, ки ин ҳақро ба онҳо Конститутсия ва ё Қонуни Асосии Амрико додааст.

Дар аризаи шикоятӣ ҳамчунин аз додгоҳ хоста шудааст, сармоягузории Радиои Аврупои Озод Радиои Озодӣ, Радиои Осиёи Озод ва Шабакаи Суханпарокании Ховари Миёнаро барқарор кунад. USAGM, ки ин расонаҳоро маблағгузорӣ мекунад, дар рӯзи бастани Садои Амрико аз ҳаққи дастрасӣ ба пулҳояшон маҳрум кард.

Дар ариза омадааст: “Гумонбарон бо бастани USAGM тамоми ин қонунҳоро нақз кардаанд ва фаъолияти ҷамъоварӣ ва пахши хабару назарҳо аз тариқи Садои Амрико, шабакаи тобеи он Радио ва Телевизиони Мартӣ, ва ҳам расонаҳои шарики он Радиои Озодӣ, Радиои Осиёи Озод ва Шабакаи Суханпарокании Ховари Миёнаро аз байн бурдаанд. Амалкардҳои гумонбарон ғайриконститутсионӣ ва ғайриқонунӣ аст” ва бояд онҳоро фавран бас кунанд.

Ҳамлаи фоҷиабор ба демократия

Бар иловаи шаш хабарнигори Садои Амрико дар ариза Иттиҳодияи Коргарии Кормандони Ҳукуматӣ, Иттиҳодияи Коргарии Кормандони Иёлот, Шаҳр ва Маҳаллаҳои Амрико, Иттиҳодияи Коргарии Рӯзноманигорони Амрико, Иттиҳодияи Коргарии Кормандони Идораҳои Хориҷии Амрико ва Гузоришгарони Бидуни Марз низ имзо гузоштаанд.

Давид Сейд, мушовири Тарҳи Ҳукумати Посухгӯ, як созмони ғайридавлатии ҳомии ҳуқуқ, ки аз ҳаққи хабарнигорони Садои Амрико дар додгоҳ ҳимоят мекунад, амалкарди ҳукуматро “як ҳамлаи дигари фоҷиабор ба демократия” хонд.

Ӯ гуфт: “Беш аз 80 сол аст, ки Садои Амрико ва созмонҳои шарики он шӯҳрат доранд ва далели он 400 миллион бинандаву шунавандаву хонанда аст, ки ҳар рӯз ба онҳо рӯ меоварданд. Ҳоло обрӯи онҳо дар замин аст. Ҳадафи шикояти мо пешгирӣ аз ин аст.”

Карӣ Лейк, яке аз тарафдорони сахти Доналд Трамп баъди нашри ин хабар онро ҳеч шарҳе надод, вале ҳангоми нашри он дар шабакаи Х навишт, ки дархости мусоҳибаҳои расонаҳое ба мисли Вашингтон Пост, Ню Йорк Таймс, NPR, CBS-ро рад кардааст. Ӯ навиштааст: “Ман бо расонаҳои хабарии номӯътабар мусоҳиба намекунам.”

Бисёре аз сиёсатмадорони Ҳизби Ҷумҳурихоҳ, аз ҷумла худи Доналд Трамп ва Карӣ Лейк иддао кардаанд, ки Садои Амрико ва дигар шабакаҳо бо таблиғоти чапгароёна олуда ҳастанд, вале ин шабакаҳо гуфтаанд, иддаоҳо асоси воқеӣ надоранд.

Радиои Озодӣ низ рӯзи 18-уми март аз USAGM, Карӣ Лейк ва Моралес ба додгоҳ шикоят бурд ва талоши онҳо барои маҳрум кардани радио аз маблағҳои давлатиро ғайриқонунӣ номид.

Дар шикоят омадааст, ки маҳрум кардани Радиои Озодӣ аз пулҳое, ки Конгресси Амрико ихтисос додааст, мухолифи қонунҳои федеролӣ ва Конститутсия аст, чун фақат Конгресс ҳаққи тақсими маблағҳои давлатро дорад.

Ариза ба додгоҳи ноҳиявии Колумбия дар Вашингтон супурда шудааст. Стивен Капус, мудири Радиои Озодӣ гуфт: “Ҳоло замони вогузории майдон барои таблиғот ва сонсури душманони Амрико нест. Мо бовар дорам, ки қонун дар тарафи мост ва таҷлили истибдодгарон дар саросари ҷаҳон аз марги қабл аз мӯҳлат аст.”

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG