Бино ба гузоришҳо, Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико, дар пайи мулоқоти пуртаниш бо ҳамтои украинии худ Владимир Зеленский фиристодани ёриҳои низомиро ба Киев боздоштааст. Хабаргузории "Рейтерс" шоми 3-юми март бо такя ба як мақоми Кохи Сафед хабарро тасдиқ кард ва аз қавли ӯ навишт, ки "мо дар ҳоли мутаваққиф кардан ва ҳамчунин бознигарӣ дар кумакҳоямон ба Украина ҳастем, то бовар ҳосил шавад, ки ёриҳо дар даст ёфтан ба як роҳи ҳал саҳм доранд".
Ба гузориши Bloomberg ва Fox News, ин таваққуф то замоне идома хоҳад дошт, ки аз дидгоҳи Доналд Трамп, раҳбарони Украина бо ҳусни ният, пойбандии худро ба сулҳ нишон диҳанд. Як мақомдори ҳукумати Амрико ба Fox News гуфт, қатъи кумакҳо "доимӣ нест, балки як таваққуф аст".
Раисҷумҳури Амрико рӯзи 3-юми март бори дигар ба Владимир Зеленский тохт ва гуфт, ки сабраш дар баробари президенти Украина рӯ ба поён аст. Президенти Украина то кунун пешниҳоди оташбаси сареъ ва бидуни дарёфти замонатҳои амниятии мушаххаси Амрикоро напазируфтааст.
Изҳороти раисҷумҳури Амрико дар ҳоле баён мешавад, ки раҳбарони аврупоӣ бо баргузории нишасте дар Лондон, дунболи иҷрои нақше қавитар будаанд.
Трамп дар вокуниш ба изҳороти ҳамтои украинии худ, ки поёни ҷангро "хеле ва хеле дур" дониста буд, дар шабакаи иҷтимоии Truth Social навишт, "ин бадтарин сухане аст, ки Зеленский метавонист бизанад ва Амрико онро барои муддати тӯлонӣ таҳаммул нахоҳад кард". Ӯ афзуд, ки Владимир Зеленский "то вақте ки аз пуштибонии Амрико бархӯрдор аст, намехоҳад сулҳ барқарор шавад".
Ёддошти Доналд Трамп нишон медиҳад, ки тармими робитаҳои Зеленский бо Кохи Сафед, он тавре ки раҳбарони аврупоӣ аз раисҷумҳури Украина хостаанд, кори душворе хоҳад буд.
Владимир Зеленский рӯзи ҷумъаи гузашта Кохи Сафедро бидуни имзои созишномаи истихроҷи маъданҳо тарк кард. Пас аз он мулоқоти пуртаниш, мақомҳои амрикоӣ хостори узрхоҳии ӯ шудаанд.
Майк Уолтс, мушовири амнияти миллии Кохи Сафед, рӯзи 3-юми март ба Fox News, гуфт, "чизе, ки бояд аз раисҷумҳур Зеленский бишнавем ин аст, ки ӯ аз ончи рух додааст, пушаймон аст, омодаи имзои қарордоди конҳои маъдан аст ва омодагӣ дорад, то дар гуфтугӯҳои сулҳ ширкат кунад".
Доналд Трамп шоми 3-юми март дар Кохи Сафед ба хабарнигорон гуфт, "Зеленский бояд бештар сипосгузор бошад. Зеро ин кишвар, Амрико, дар фарозу нишеб гирифтори онҳо будааст". Вай инчунин дар посух ба ин суол, ки оё қарордоди конҳои маъдан мурда аст ё хайр, гуфт, "на, фикр намекунам".
Кашмакаши лафзӣ дар утоқи кории Трамп дар Кохи Сафед, дар саросари ҷаҳон ва ба вижа Аврупо сару садоеро ба миён овард. Ин кашмакаш даст ёфтан ба оташбас ё тавофуқи сулҳе, ки Киев ва боқимондаи қораи Аврупоро дар баробари таҷовузи дигарбораи Русия осебпазир накунад, бо шакку тардид ҳамроҳ кардааст.
Рӯзи душанбе, як рӯз пас аз нишасти Лондон, сухангӯи нахуствазири Бритониё гуфт, барои созиши оташбас, ки ба қатъи ҷанг ҳадди ақал ба таври муваққат бианҷомад, "шуморе гузинаҳо рӯи миз" аст.
Як рӯз пештар, Эммануэл Макрон, раисҷумҳури Фаронса, аз пешниҳоди оташбаси якмоҳа "дар ҳаво, баҳр ва зерсохторҳои энержӣ" сухан гуфта ва афзуда буд, ки чунин иқдоме ба ҳампаймонҳо вақт хоҳад дод, то пойбандии Путинро ба оташбаси комил ва пойдор арзёбӣ кунанд.
Дар ҳамин ҳол, Урсула фон дер Лейен, раиси Кумисюни Аврупо гуфт, рӯзи 4-уми март дар мавриди барномаи тақвияти саноати дифоии Аврупо ва тавоноиҳои низомии ИА ба кишварҳои узв иттилоъ хоҳад дод. Бархе дигар аз раҳбарони аврупоӣ мавзеи тундтаре дар бораи Кохи Сафед ва моҷарои кашмакаши лафзии Трамп ва Зеленский гирифтаанд.