Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Доналд Трамп дигарбора гуфт, мехоҳад, бо Путин мулоқот кунад


Доналд Трамп ва Владимир Путин дар мулоқотҳои гузашта дар аҳди раёсати ҷумҳурии аввали Доналд Трамп дар Амрико.
Доналд Трамп ва Владимир Путин дар мулоқотҳои гузашта дар аҳди раёсати ҷумҳурии аввали Доналд Трамп дар Амрико.

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико рӯзи 31-уми январ гуфт, ки мумкин аст, ба зудӣ бо раиси ҷумҳури Русия Владимир Путин мулоқот кунад

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико, рӯзи 31-уми январ гуфт, ки мумкин аст, ба зудӣ бо раиси ҷумҳури Русия Владимир Путин мулоқот кунад ва ҳарду дар бораи поён додан ба ҷанги Украина гапи муҳимеро эълон намоянд. Ӯ гуфт: “Мо гуфтугӯ хоҳем кард ва фикр мекунам, коре мекунем, ки бисёр муҳим хоҳад буд. Мо мехоҳем, ба ҷанг поён диҳем.”

Доналд Трамп афзуд, ки ҳукумати ӯ дар талош барои хотима додан ба ҷанг “баррасиҳои бисёр ҷиддӣ доштааст ва “Ин як вазъияти бемаънист ва бояд тамом шавад.” Доналд Трамп нагуфт, кадом кас аз ҳукумати Амрико бо намояндагони Русия дар тамос будааст, вале таъкид кард, ки ду тараф аллакай “гуфтугӯ доранд”. Доналд Трамп нагуфт, ки оё худаш дар ин муколамаҳо ҳаст, ё не.

Раиси ҷумҳури Амрико ҳафтаи гузашта дар рӯзи 23-уми январ гуфт, мехоҳад, бе ягон таъхир бо Путин мулоқот карда ва ба таҷовузи Русия ба хоки Украина поён диҳад. Доналд Трамп афзуд, аз ончӣ ки шунидааст, Путин мехоҳад, бо ӯ мулоқот дошта бошад. Ба қавли Трамп: “Бе ин мулоқот, ҳар рӯз сарбозон дар майдонҳои ҷанг кушта мешаванд.”

Кейт Келлог, генерали бознишастаи амрикоӣ, ки масъулияти раҳбарии музокирот дар бораи қатъи ҷангро ба дӯши ӯ вогузоштаанд, рӯзи 7-уми январ дар як нишасти хабарӣ гуфт, ки заминаро барои гуфтугӯ байни Трамп ва Путин фароҳам кардаанд. Ӯ афзуд: “Шароит таъйин мешавад ва ӯ дар ниҳоят ба ҷойгоҳе мерасад, ки бо Путин ва раиси ҷумҳури Украина Владимир Зеленский мулоқот мекунад.”

Доналд Трамп ҳангоми маъракаи интихоботӣ дар соли гузашта гуфта буд, ки бо расидан ба қудрат метавонад, ҷанг дар Украинаро дар 24 соат ба поён расонад. Ҳоло мегӯяд, ки умедвор аст, ҷанг то 6 моҳи дигар қатъ карда шавад. Трамп ҳамчунин иддао карда буд, ки агар ӯ раиси ҷумҳур мебуд, Русия ҳеч гоҳ ба Украина ҳамла намекард ва ин гапашро рӯзи 31-уми январ такрор кард.

аиси ҷумҳури нави Амрико ҳамеша аз кӯмакҳои низомии Иёлоти Муттаҳида ба танқид карда ва гуфтааст, ки ба Украина зарур буд, ба Русия гузашт кунад, то монеи таҷовуз ба қаламрави худ шавад. Русия тақрибан се сол пеш ба қаламрави Украина ҳамла кард ва ҷанг то кунун идома дорад.

Чанде пеш Владимир Путин дар як мусоҳибаи телевизионӣ Трампро “марди зирак ва амалгарое” номид, ки ба қавли ӯ ба манофеи Амрико тамаркуз мекунад. Ӯ афзуд: “Мо ҳамеша бо раиси ҷумҳурии феълии Амрико, муомилаҳои шабеҳи тиҷорӣ, амалӣ ва робитаҳои дорои боварӣ доштем.”

Путин рӯзи 29-уми январ гуфт, бо Владимир Зеленский рӯ ба рӯ гуфтугӯ намекунад, зеро ӯро раҳбари қонунии Украина намешуморад. Дар Украина бояд рӯзи 31-уми марти соли 2024 интихоботи раёсати ҷумҳурӣ сурат мегирифт, вале ба сабаби ҷанг онро ба таъхир гузоштанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG