Дар чанд ҷумла
Трамп: Ба ҷанги ҷаҳонии севум роҳ нахоҳам дод

Доналд Трамп, раисҷумҳури мунтахаби Иёлоти Муттаҳида, бори дигар ваъда дод, ки ҷангро дар Украина ҳал хоҳад кард.
Ӯ шаби 19-уми январ дар як гирдиҳамоӣ дар Вашингтон гуфт, низоъҳоро дар Ховари Миёна низ қатъ ва аз ҷанги ҷаҳонии севум пешгирӣ мекунад.
Трамп ҷузъиёт надод, вале ду рӯз пеш аз маросими савгандёдкунии ӯ миёни Исроил ва гурӯҳи тундрави “Ҳамос” созиши оташбас ба имзо расид.
Ин созиш ба ҷанги беш аз 15-моҳа дар Навори Ғазза поён дод.
Иёлоти Муттаҳида ва Иттиҳоди Аврупо “Ҳамос”-ро созмони террористӣ медонанд.
Доналд Трамп пештар ҳам ваъда дода буд, ки ҷангро дар Украина поён мебахшад.
Баъзе аз таҳлилгароне, ки Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ бо онҳо ҳамсуҳбат шуд, гуфтаанд, ин кор дар ояндаи наздик аз эҳтимол дур аст. Зеро, ба гуфтаи онҳо, Владимир Путин, президенти Русия, бовар дорад, ки дар ҷанги Украина пирӯз хоҳад шуд.
Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед
“Аз ҳарду кишвар як хоҳиши сода дорем: Ба ҷанг дода нашавед”

Пас аз ҳодисаи рӯзи 22-юми апрел дар Кашмир таниш миёни Ҳиндустону Покистон афзоиш ёфта, нигарониҳо аз ҷанг миёни ду кишвари дорои силоҳи ҳастаӣ бештар гаштааст.
Ҳафтаи гузашта гурӯҳи мусаллаҳе дар минтақаи сайёҳии Пахалгамии Кашмир, ки зери назорати Ҳиндустон аст, 26 сайёҳро куштанд ва 17 танро захмӣ карданд.
Ҳиндустон инро кори дасти гурӯҳҳои зери назорати Покистон номид. Покистон рад кард, аммо хатари эҳтимолии ҷанг аз байн нарафтааст.
Ин вазъ бештар зиндагии мардум, аз ҷумла кишоварзонро хароб кард. Деҳқонони деҳаи Вагаҳ аз тарси ҷанги эҳтимолӣ ҳанӯз ба ҷамъоварии ҳосил оғоз накардаанд. Мақомот ҳам иҷоза намедиҳанд, ки онҳо дар саҳро кор кунанд.
Деҳқон Муҳаммад Адолат Сардор гуфт: "То гандум ба ҳосил расидан мо шаш моҳ заҳмат мекашем, об медиҳем, вале саривақт нағундоштани ҳосил зарари зиёд меорад. Аз ҳарду кишвар як хоҳиши сода дорем: Ба ҷанг дода нашавед. Ин беҳтарин кор барои ҳама аст”.
Кишоварзон нигаронанд, ки тӯлонӣ шудани маҳдудият ба онҳо зиёни ҷуброннопазир мерасонад.
Муҳаммад Зишан, кишоварз, гуфт, “вақти ҳосилғундорӣ мегузарад, вале ҷавонони мо дар кӯчаҳо ба бозӣ машғуланд. Маҳдудият ба ҳама зиён мерасонад.”
Ҳиндустону Покистон минтақаи Кашмирро аз худ медонанд ва қисматҳое аз онро ду кишвар назорат мекунанд. Солҳост, ки вазъ дар ин минтақа ҳассос аст ва хатари ҷанг миёни ду кишварро, ки бомбаи атомӣ доранд, бештар мекунад.
Видеоро дар инҷо бинед:
Кумита: зоирони бе иҷозатномаро "ҷаримаҳои сангин" интизор аст

Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросими Тоҷикистон рӯзи 29-уми апрел бо нашри як изҳорот аз сокинони кишвар хостааст, ки барои адои ҳаҷ танҳо аз роҳҳои қонунӣ сафар кунанд ва аз талоши вуруд ба Макка ва дигар мавзеъҳои муқаддас бе иҷозатнома худдорӣ варзанд.
Ба иттилои Кумитаи дан, кишвари мизбони ин маросим, яъне Арабистони Саудӣ ҳушдор додааст, шахсонеро, ки бе иҷозатнома дар маросими Ҳаҷ-2025 иштирок мекунанд, "ҷаримаҳои сангин" интизор аст.
Дар изҳороти Кумитаи дин бо такя ба иттилои ВКД-и Арабистони Саудӣ гуфта мешавад, ки аз 29-уми апрел то анҷоми мавсими ҳаҷ барои афроде, ки талош мекунанд ғайриқонунӣ ба Макка ва дигар мавзеъҳо, чун Мино, Арафот ва Муздалифа ворид шаванд, то 20 ҳазор риёл, муодили 5400 доллар, ҷарима таъйин шудааст.
Ин изҳорот меафзояд, барои касоне, ки бо воситаи визаи зиёрат дар интиқол, паноҳ додан ё кумак расондан ба афроди поймолкунандаи тартиби ҳаҷ саҳм мегиранд, ҷарима то 100 000 риёл, баробар ба 27000 доллари амрикоӣ, пешбинӣ шудааст.
Ҳамчунин афроде, ки ғайриқонунӣ дар Макка мемонанд, дар сурати боздошт ихроҷ гардида, то 10 сол аз ҳаққи даромадан ба қаламрави Саудӣ маҳрум мешаванд. Ҳамин тариқ мошинҳое, ки барои интиқоли ғайриқонунии ин афрод истифода мешаванд, бо қарори додгоҳ мусодира карда мешаванд.
Бар асоси хабари ин вазорат, афроде ҳам, ки бе иҷозатнома дар ҳоли ҷобаҷойи зоирон дар меҳмонхонаҳо ва дигар мақонҳои иқомати ҳоҷиён, боздошт шаванд, то 100 ҳазор риёли саудӣ, баробар ба 27000 доллар, ҷаримаи нақдӣ хоҳанд шуд.
Маросими ҳаҷҷи соли 2025 дар даҳаи аввали моҳи июн баргузор хоҳад шуд. Гусели зоирони тоҷик барои адои ҳаҷи фарзӣ ба Арабистони Саудӣ рӯзҳои наздик оғоз мешавад. Ҳар сол зиёда аз шаш ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон барои адои ҳаҷи фарзӣ мераванд.
Кумитаи дини Тоҷикистон дар моҳи март нархи ҳаҷи имсоларо 56 ҳазору 800 сомонӣ ё зиёда аз панҷ ҳазор доллар эълон кард. Мақомот ин ниҳод гуфтанд, ки нарх бо Хадамоти зиддиинҳисорӣ мувофиқа шудааст.
Ин пул, ба гуфтаи онҳо, ба харидани билети ҳавопаймо, меҳмонхона, хӯрок, хидмати роҳбаладон, иқомат дар Мино, Арафот ва Муздалифа, қурбонӣ, доруву бима ва боҷи давлатӣ сарф мешавад.
Боздошти 15 шаҳрванди Узбекистон баъди занозанӣ дар Дубай

Дар пайванд ба занозании рӯзи 20-уми апрел дар Дубай 15 шаҳрванди Узбекистонро боздошт кардаанд.
Аҳрор Бурҳонов, сухангӯйи Вазорати корҳои хориҷии Узбекистон, гуфт, ҷониби Имороти Муттаҳидаи Араб ҳодисаро таҳқиқ мекунад.
“Ҳамчунин таъкид шудааст, ки мавридҳои қонуншиканӣ бо ҳузури шаҳрвандони Узбекистон метавонад ба низоми бидуни раводид миёни ду кишвар таъсир расонад", - афзуд, Бурҳонов.
Дар пайи нашри ин хабар дар шабакаҳои иҷтимоӣ сару садое паҳн шуд, ки Имороти Муттаҳидаи Араб вуруди шаҳрвандони Узбекистонро ба Дубай манъ кард.
Сухангӯйи Вазорати корҳои хориҷии Узбекистон ин иттилоъро беасос хонд. Ба гуфтаи вай, низоми бераводид байни Тошканду Дубай ҳанӯз ҳаст.
“Манбаъҳои расмӣ дар бораи ҷорӣ шудани чунин чора иттилое надодаанд,” – илова кард мансабдори узбек.
Аз ин пеш, моҳи марти соли 2025, се шаҳрванди Узбекистонро бо иттиҳоми куштани рӯҳонии исроилӣ Тсви Коган дар Имороти Муттаҳидаи Араб ба қатл маҳкум карданд.
Қирғизистон ба кашидани симхор дар марз бо Тоҷикистон оғоз кардааст

Қирғизистон ба кашидани симхор дар марзаш бо Тоҷикистон оғоз кардааст.
Хабаргузориҳои Қирғизиcтон рӯзи 29-уми апрел бо нашри аксҳо аз ин раванд навиштаанд, ки марзбонон кашидани симхорро дар сарҳад аз ноҳияи Кошмолои вилояти Бодканд шуруъ карданд. Ин минтақа марзи Қирғизистонро аз Тоҷикистону Узбекистон ҷудо мекунад. Дар ин маросим намояндагони Тоҷикистон ва Узбекистон дида нашудаанд.
Оғози симхоркаширо Қамчибек Тошиев, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон ба гунаи бархат ё онлайнӣ назорат кардааст.
Мақомоти қирғиз гуфтаанд, ки дар марҳилаи аввал беш аз 400 километрро симхор мекашанд ва ин корро то охири имсол бояд ба поён расонанд.
Рӯзи 13-уми март Тоҷикистон ва Қирғизистон пас аз баҳсҳои тӯлонӣ созиши марзиро имзо карданд.
Марзи Тоҷикистону Қирғизистон 1006 киломтер аст ва то моҳи март бисёре аз қитъаҳо баҳсӣ ба ҳисоб мерафтанд.
Борҳо дар нуқтаҳои баҳсӣ ҷанҷол сар зада, боиси кушта ва захмӣ шудани даҳҳо низомӣ ва сокинони маҳаллии ду кишвар шуда буд.
Мақомоти қирғизу тоҷик гуфтанд, ки имзои созишномаи марзӣ ба ин баҳсҳо хотима додааст.
Муҳлати қонунӣ кардани санадҳо барои муҳоҷирон тамдид шуд

Муҳлати қонунигардонии будубош дар Русия барои муҳоҷирон, ки то 30-юми апрел пешбинӣ шуда буд, то 10-уми сентябр тамдид шуд.
Фармонро дар ин бора рӯзи 28-уми апрел Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, имзо кард.
Дар асоси фармони қаблӣ аз 30-юми декабри соли 2024, хориҷиёне, ки дар Русия ғайриқонунӣ кору зиндагӣ доранд, фурсат доштанд, ки аз 1-уми январ то 30-юми апрели соли ҷорӣ санадҳои худро дуруст кунанд ва ё аз ин кишвар берун шаванд.
Сабтином дар идораи муҳоҷират, пешниҳоди маълумоти биометрӣ ва пизишкӣ, шаҳодатномаи донистани забони русӣ ва иҷозаи иқомат, аз шартҳои асосӣ гуфта мешавад.
Ҳамчунин, муҳоҷирон бояд ҷаримаҳо ва пули телефонро пардохт карда бошанд ва аз хадамоти дигари давлатӣ, қарздор набошанд.
Муҳоҷирон баъди ҳамла ба "Крокус" дар моҳи марти соли гузашта аз зиёд шудани рейдҳои пулис ва сахттар шудани қонунҳои муҳоҷират, шикоят доранд.
Владимир Путин хоҳони оташбаси серӯза шуд

Владимир Путин, президенти Русия, дар пайванд ба иди ғалаба дар Ҷанги Дуюми Ҷаҳон оташбаси серӯза эълон кард.
Бино ба хабарномае, ки рӯзи 28-уми апрел дар торнамо ё вебсайти Кремл нашр шуд, аз соати 12-и шаби 8-уми май то 11-уми май ҳамлаи низомиёни Русия ба Украина бас хоҳад шуд. Мақомоти Украина ба изҳороти Кремл ҳанӯз вокуниш накардаанд.
Дар як моҳи охир бори дувум аст, ки Кремл ба оташбас дар Украина даъват мекунад. Оташбаси аввал, ки рӯзи 19-уми апрели имсол барои иди пок ва барои 30 соат эълон шуда буд, пурра риоя нашуд. Русия ва Украина ҳамла ба хоки якдигарро идома доданд.
Ин бор оташбас дар робита ба 80-умин солгарди пирӯзӣ дар Ҷанги Дувуми Ҷаҳон эълон шудааст. Ҷашне, ки ҳар сол Русия ва Украина онро ботантана таҷлил мекунанд.
Ҳар сол дар Майдони Сурхи Маскав дар пайванд ба Иди Ғалаба парад ё гашти низомӣ баргузор мешавад. Соли гузашта дар ин чорабинӣ президентҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Узбекистон, Беларус ва Туркманистон ширкат доштанд.
Путин дар солҳои охир иди ғалабаро барои сафед кардани таърихи муосири Русия ва ҳамзамон танқиди ғарб истифода мекунад.
Таҷлили Иди Ғалаба дар ҳоле сурат мегирад, ки аз ҳамлаи бедалели Русия ба Украина, бузургтарин ҷанг дар Аврупо пас аз Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ, беш аз се сол мегузарад. Талафоти Русия дар ин ҷангро бештар аз ҳар даргирие арзёбӣ мекунанд, ки ин кишвар аз соли 1945 ба ин сӯ дошт.
Президенти Амрико Доналд Трамп қаблан аз раисҷумҳури Русия, Владимир Путин даъват карда буд, ки ба ҷанг поён диҳад ва созиш кунад.
"Беш аз 70 кас ҷон бохт, ҳазор нафар маҷрӯҳ шуд". Дар Бандар-Аббос чӣ гузашт?

Дар таркиши рӯзи 26-уми апрел дар бандари Шаҳид Раҷоӣ маъруф бa Бандар-Аббоси Эрон 75 нафар ҷон бохта, беш аз ҳазор каси дигар маҷрӯҳ шудаанд.
Расонаҳо бо такя ба манобеи худ гуфтанд, маводи кимиёие, ки аз Чин барои сохтани мушак оварда мешуд, таркидааст. Мақомоти Эрон ин иддаоро рад карда, мегӯянд, таҳқиқ ҳанӯз ба поён нарасидааст.
Дар наворҳо дида мешавад, ки дар оғоз як оташи хурде сар мезанад ва пас аз чанде доманаи он васеъ шуда, таркиш ба вуҷуд меояд. Таркиш ва оташу дуди он ба ҳадде буд, ки ҳукумат маҷбур шуд, дари мактабу корхонаҳоро дар ин минатқа бибандад.
Дар ду рӯзи охир талош шуд, ки бо мошинҳои обпош ва чархболҳо оташро хомӯш кунанд, вале ҳанӯз дар маҳалли ҳодиса дуд дида мешавад.
Масъуд Пизишкиён, раисҷумҳури Эрон, ба дидори шахсони маҷрӯҳ рафт: “Дастурот барои пайгирии мушкилот дода шудааст. Мушкилоте, ки ҳаст, талош дорем, ки ҳал кунем.”
Мақомоти Эрон мегӯянд, аз ҳазор шахси маҷрӯҳ ҳудуди дусад нафар дар бемористон бистарӣ ҳастанд.
Бандар-Аббос дар Халиҷи Форс аз муҳимтарин пойгоҳҳои интиқоли молу маҳсулот дар минтақа аст. Аз тариқи ин бандар молу маҳсулоти Эрон ба кишварҳои дигари дунё ва аз он тараф ба Эрон интиқол меёбад. Ҳоло кори ин бандар қатъ шудааст ва маълум нест, кай аз сар гирифта мешавад.
Игнат Кузинро то охири моҳи июн ба ҳабс гирифтанд

Додгоҳи Басмании шаҳри Маскав рӯзи 27-уми апрел Игнат Кузинро, ки ба таркондани мошин ва куштани генерал Ярослав Москалик гумонзад аст, то 25-уми июни имсол ба ҳабс гирифт.
Парвандаи ӯ бо айбномаи "амали террористӣ" ва "қочоқу истеҳсоли маводи тарканда" таҳқиқ мешавад.
Ярослав Москалик, муовини сардори сарраёсати Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Русия, рӯзи 25-уми апрел дар наздикии хонааш дар Балашиха кушта шуд.
Мақомоти Русия гуфтанд, Игнат Кузин дар зери мошине маводи таркандаи худсохт гузошта, сипас онро дар назди хонаи Москалик монда буд.
Ба иттилои мақомоти Русия, Кузин 42-сола аст ва зодаи шаҳри Сумии Украина. Дар ҳоле ки онҳо иддао доранд, ки дар ин ҳодиса Киев даст дорад, Украина дар бораи таркиши рӯзи 25-уми апрел ва кушта шудани Ярослав Москалик чизе нагуфтааст.
Генерал Москалик дар чор моҳи охир дувумин низомии баландпояи Русия аст, ки дар масофаи наздик ба хонааш кушта мешавад.
Ӯ дар солҳои 2015 ва 2019 дар музокироти “шакли Нормандӣ” дар бораи Украина нақши калидӣ дошт ва соли 2018 дар музокирот бо президенти вақти Сурия, Башор Асад дар ҳайати Русия шомил буд.
Табобати маҷбурии даҳҳо мухолифи ҳукумат дар Беларус

Мақомоти Беларус аз соли 2020 ба ин сӯ 33 кас, аз ҷумла панҷ занро барои мухолифатҳояшон бо ҳукумат ба табобат ё муолиҷаи маҷбурии рӯҳӣ фиристодаанд.
Дар ин бора телевизиони "Настояшее Время", як бахши Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ, бо такя ба муроҷиати коршиносони Созмони Милали Муттаҳид хабар дод.
Ба иттилои онҳо, ҳашт нафар аллакай озод шуда, тақдири 25 тани дигар ҳамоно маълум нест.
Коршиносони ҳуқуқи башари СММ аз мақомоти Беларус талаб кардаанд, ки дастрасии ин афродро ба вакили мудофеи хостаашон ҳарчи зудтар таъмин кунанд.
Дар муроҷиат гуфта мешавад, ки муолиҷаи иҷборӣ дар бемористони касалиҳои рӯҳӣ бо муомилаи ғайриинсонӣ ё таҳқиру шаъну шараф баробар аст.
Александр Лукашенкои 70-сола аз соли 1994 қудратро дар Беларус ба даст дорад.
Мақомоти Беларус ҳафт дафъа ӯро барандаи интихоботи раёсати ҷумҳурӣ эълон кардаанд, вале созмону кишварҳои ғарбӣ намепазиранд.
Аз ҷумла, дар интихоботи соли 2020 мухолифон намояндаи худ Светлана Тихановскаяро пирӯз донистанд. Пас аз он Беларус шоҳиди тазоҳурот шуд.
Дар натиҷа, ҳазорон нафар боздошту зиндонӣ гаштанд ва шуморе ночор кишварро тарк карданд. Ҳамчунин гузориш шудааст, ки чанд эътирозгар кушта ва баъзе аз боздоштшудаҳо шиканҷа шудаанд.
Трамп аз Путин хост, ҳамларо бас ва созишро имзо кунад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико, аз ҳамтои русаш Владимир Путин мехоҳад, ки аз ҳамла даст кашида, ба созиши хатми ҷанг дар Украина розӣ шавад.
Изҳороти Трамп 27-уми апрел ва баъд аз як рӯзи мулоқоти рӯ ба рӯяш бо Владимир Зеленский, президенти Украина, дар ҳошияи маросими дафни раҳбари католикҳои ҷаҳон дар Ватикан, садо дод.
"Мехоҳам, ки ӯ (Путин) зарба заданро бас ва созишро имзо кунад," – афзуд ӯ.
Раисҷумҳури Амрико ҳамчунин гуфт, мулоқоташ бо Зеленский дар рӯзи 26-уми апрел хуб гузашт, аммо вай афзуд, фикр мекунад, ки Зеленский омода аст нимҷазираи ишғолшудаи Қрими Украинаро ба Русия бидиҳад. Чизе, ки раҳбари Украина борҳо рад кардааст.
Мулоқоти Доналд Трамп бо Зеленский рӯзи 26-уми апрел дар Ватикан тақрибан понздаҳ дақиқа давом кард. Ин мулоқоти аввалини онҳо пас аз баҳси лафзии ду тараф дар моҳи феврал дар Кохи Сафед буд.
"Ман (Зеленскийро) оромтар мебинам," -- гуфт Трамп ва афзуд, "фикр мекунам, ки ӯ вазъро дарк мекунад ва ба фикрам, мехоҳад, созиш кунад."
Панҷ кас ҷон бохт. Тасодуфи маргбор дар Ёвон

Дар пайи як тасодуфи роҳ дар ноҳияи Ёвон панҷ кас, аз ҷумла ду кӯдак ҷон бохтаанд. Ҳодиса баъд аз нимирӯзии 25-уми апрел рӯй додааст.
Дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ рӯзи 28-уми апрел гуфт, Орзу Калтаев, сокини 31-солаи ноҳияи Ёвон, “аз уҳдаи идораи мошин набаромада, ба канали обгузар сарозер шуд”.
Дар ин ҳодиса модару ҳамсар, ду писар ва янгаи ронанда ба ҳалокат расидаанд. Онҳо аз 2 то 59 сол доштанд. Мақомот дар бораи вазъи ронанда чизе нагуфтанд.
Дар наворҳои ҳодиса, ки ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфт, дида мешавад, ки чанд зан ва кӯдаки оғушта дар хун рӯйи роҳ хобидаанд.
Дар як ҳафтаи охир ин сонеҳа ё тасодуфи дувуми мудҳиш дар роҳҳои вилояти Хатлон аст.
Рӯзи 24-уми апрел дар канори шаҳри Кӯлоб се мошин бо ҳам бархӯрда, Муҳиддин Олимови 30-сола ва Амирҷон Давлатови 29-сола бо осебҳои шадид дар шуъбаи эҳё бистарӣ гаштанд.
Дар навори дурбинҳои сари роҳ дида мешавад, ки як мошин бо суръати баланд ба самти муқобили роҳ баромада, бо мошини "Тангем" ва як "Опел" бархӯрдааст.
Ҳар сол дар садамаҳои нақлиётӣ дар Тоҷикистон садҳо кас куштаву маҷруҳ мешаванд. Риоя накардани қоидаҳои роҳ, ҳаракат бо суръати баланд ва мошинҳои куҳнаву роҳҳои ноҳамвор аз сабабҳои маргумири зиёд дар роҳҳо номбар мегардад.
Навор дар Инстаграм:
Асланшоҳ Раҳматуллоевро дар "Лучоб" дафн карданд

Асланшоҳ Раҳматуллоев, ҳунарманди шинохтаи тоҷикро рӯзи 28-уми апрел дар оромгоҳи "Лучоб"-и шаҳри Душанбе дафн карданд.
Ӯ дар 71-солагӣ даргузашт.
Маросими видоъ бо Асланшоҳ Раҳматуллоев бо ҳузури пайвандону ҳунармандон дар назди хонааш дар пойтахт баргузор шуд.
Асланшоҳ Раҳматуллоев хатмкардаи Донишкадаи синамогарони шаҳри Маскав буда, солҳо дар театри ба номи Лоҳутӣ кор кардааст.
Аз соли 1994 актёр ва коргардони театри мазҳакавии "Ойина" буд.
Ӯ ҳамзамон коргардони чанд филм буд, ки маъруфтарини онҳо "Марги бегуноҳ" ва "Оворагардон" аст. "Марги бегуноҳ" дар бораи ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон дар солҳои 1992-97 аст.
Номаи таслияти Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Эрон

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар робита ба таркише дар Бандар Аббоси Эрон, ки боиси куштаву захмӣ шудани даҳҳо нафар шуд, ба ҳамтои эрониаш номаи таслият равон кардааст.
Эмомалӣ Раҳмон дар номааш ба Масъуд Пизишкиён аз ин ҳодиса ба унвони "инфиҷори шадид" ёд карда навиштааст, "барои марҳумон раҳмату мағфират ва барои маҷруҳон шифои комил хоҳонам."
Таркиши сахт ва дар пайи он сӯхтори калон дар минтақаи вижаи иқтисодии бандари "Шаҳид Раҷоӣ" рӯзи шанбеи 26-уми апрел рух дод. Тибқи охирин хабарҳо шумораи қурбониёни таркиш ба 40 кас расидааст.
Ба гуфтаи Меҳрдод Ҳасанзода, раиси Идораи мубориза бо бӯҳрони вилояти Ҳурмузгон шумори захмиёнро 1241 нафар гуфт.
Русия ҷалби сарбозони Кореяи Шимолиро ба ҷанги Украина тасдиқ кард

Мақомоти Русия бори аввал эътироф карданд, ки сарбозони Кореяи Шимолӣ аз тарафи ин кишвар алайҳи Украина ҷангидаанд.
Валерий Герасимов, сардори Ситоди кулли артиши Русия 26-уми апрел дар вақти ҳисобот додан ба Владимир Путин гуфт, сарбозони Кореяи Шимолӣ "китф ба китф" бо сарбозони Русия дар вилояти Курск ҷангиданд.
Хадамотҳои истихборотии Амрико ва Кореяи Ҷанубӣ, моҳи октябри соли гузашта гуфта буданд, аз 10 то 12 ҳазор сарбози Кореяи шимолӣ ба вилояти Курски Русия фиристода шудаанд. Мақомот дар Маскав ё Пхенян ҳеҷ гоҳ ин хабарро рад ё тасдиқ намекарданд.
Сардори ситоди неруҳои Русия 26-уми апрел ба Владимир Путин гуфт, низомиёни украиниро аз вилояти Курск пурра берун кардаанд.
Артиши Украина хатми ҷанг дар вилояти Курскро рад карда гуфтааст, "амалиёти мудофиавии низомиёни украинӣ дар ноҳияҳои муайян идома дорад."
Украина дар моҳи августи соли 2024 ба вилояти Курск ворид шуда, тақрибан 1400 километри мураббаъ аз қаламрави Русияро зери назорат дароварда буд.
Асланшоҳ Раҳматуллоев, ҳунарманди шинохтаи тоҷик даргузашт

Асланшоҳ Раҳматуллоев, ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон рӯзи 27-уми апрел дар шаҳри Душанбе даргузашт. Раҳматуллоев 71 сол дошт ва ба гуфтаи ҳамкоронаш вақтҳои ахир бемор буд.
Суҳроб Ҷанҷолов, ҳунарманди тоҷик ва аз ҳамкорони Асланшоҳ Раҳматуллоев ба Радиои Озодӣ гуфт, марҳум то як рӯз пеш сӯзандору мегирифт.
Қарор аст маросими видоъ бо ин ҳунарманди шинохтаи тоҷик 28-уми апрел баргузор шавад. Аммо маълум нест, ки ӯро дар куҷо ба хок месупоранд.
Асланшоҳ Раҳматуллоев хатмкардаи Донишкадаи синамогарони шаҳри Маскав буда, солҳо дар театри Лоҳутӣ ва филмҳо нақш офаридааст. Аз соли 1994 актёр ва коргардони театри мазҳакавии "Ойина" буд.
Раҳматуллоев коргардони чанд филм буд, ки маъруфтарини онҳо "Марги бегуноҳ" ва “Оворагардон” мебошанд. "Марги бегуноҳ" филме аст, ки дар бораи ҳаводиси ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистонро дар солҳои 1992-1997 нақл мекунад.