Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пизишкиён ба Маскав рафт ва бо Путин паймони шарикии стратегӣ имзо мекунад


Масъуди Пизишкиён
Масъуди Пизишкиён

Масъуди Пизишкиён, раисҷумҳури Эрон, баъд аз поёни сафараш ба Тоҷикистон, рӯзи 17-уми январ аз Душанбе ба Маскав рафт.

Мақомҳои Эрон ва Русия эълон кардаанд, ки президентҳои ду кишвар қарор аст созишномаи шарикии стратегӣ миёни Теҳрон ва Маскавро имзо кунанд. Санади ҳамкории 20-солаи ду кишвар дар соли 2020 ба поён расида, дар панҷ соли гузашта ба таври худкор ё автоматӣ тамдид шуда буд.

Бо ин ҳол, тибқи гуфтаи Козим Ҷалолӣ, сафири Эрон дар Маскав, моҳияти санади наве, ки қарор аст ду тараф имзо кунанд, аз паймонҳои амниятии Русия бо Кореяи Шимолӣ ва Беларус фарқ мекунад.

Паймони Русия бо Кореяи Шимолӣ, ки дар моҳи ноябри 2024 имзо шуд ва ҳамчунин паймони Русия бо Беларус, ки моҳи октябр имзо шуда буд, ҳар ду шомили бандҳое дар бораи "дифои мутақобил" буданд.

Масъуди Пизишкиён дар мақоми раисҷумҳури Эрон бори нахуст тирамоҳи соли гузашта дар Ишқобод, пойтахти Туркманистон, бо Владимир Путин мулоқот кард ва мулоқоти рӯзи ҷумъа дувумин мулоқоти онҳо ба шумор меравад.

Эрон ва Русия ҳар ду таҳти таҳримҳои сахти Ғарб қарор доранд ва аз оғози ҳамлаи низомии Маскав ба Украина ҳамкории худро густариш додаанд.

Масъуди Пизишкиён пеш аз сафар ба Маскав, аз Тоҷикистон боздид кард ва дар ҷараёни ин сафар 23 санади ҳамкорӣ миёни ду кишвар ба имзо расид. Ҳамчунин президентҳои ду кишвар аз осонтар шудани сафари шаҳрвандони худ ба кишварҳои якдигар хабар доданд.

Онҳо эълон карданд, ки шаҳрвандони Эрон ва Тоҷикистон аз ин пас метавонанд дар сурати парвоз бо ҳавопаймо аз ҳар шаҳри якдигар ё аз ҳар кишвари севум ниёз ба раводид нахоҳанд дошт.

Аз панҷ моҳ то кунун танҳо шаҳрвандоне, ки бо ҳавопаймо байни Теҳрон ва Душанбе сафар мекарданд, ниёз ба раводид надоштанд. Аммо барои сафар ба Тоҷикистон ва Эрон аз тариқи гузаргоҳҳои марзӣ шаҳрвандони ҳар ду кишвар бояд раводид дошта бошанд.

XS
SM
MD
LG