Имзои 23 ёддошт, баҳси сармоягузорӣ, рушди ҳамкориҳои иқтисодиву фарҳангӣ ва вазъият дар Афғонистону Ховари Миёна. Ин ҳосили мулоқоти раҳбарони Тоҷикистон ва Эрон дар рӯзи 16-уми январ дар Душанбе аст.
Масъуди Пизишкиён, раисҷумҳури Эрон, рӯзи 15-уми январ бо сафари давлатии дурӯза вориди Душанбе шуд ва баъди он ба Маскав меравад. Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон, сафари ӯро “оғози марҳалаи ҷадид дар рушду тавсеаи муносибатҳои гуногунҷанба бо ин кишвари дӯсту бародар” хонд.
Душанбеву Теҳрон дар даҳ соли охир робитаи печидае доштанд. Тоҷикистон Эронро ба ҳимоят аз исломиёни мухолифи давлат муттаҳам мекард. Қарзи “Барқи тоҷик” аз нерӯгоҳи “Сангтӯда-2” ва сарнавишти пулҳои тоҷири эронӣ Бобаки Занҷонӣ баҳси дигари тарафҳо буд. Соли 2019, пас аз имзо шудани санаде, робитаҳои ду кишвар тағйир ёфт ва рӯ ба гармӣ овард.
Рӯзи 16-уми январ миёни Тоҷикистону Эрон 23 санади ҳамкорӣ, ки аксарашон ёддошти тафоҳуманд, ба имзо расид. Ин ҳуҷҷатҳо ҳамкориро дар бахши сармоягузорӣ, иқтисод, саноату фанноварӣ, нақлиёт, ҷаҳонгардӣ, тиб ва фарҳангу маориф дар бар мегиранд.
Аз ин пеш, 15-уми январ, соҳибкорони Тоҷикистон ва Эрон 13 санади ҳамкориро ба маблағи беш аз 450 миллион доллар имзо карданд. Масъуди Пизишкиён афзоиши тиҷоратро миёни кишварҳо дар марзи ним миллиард доллар қобили иҷро донист.
Ӯ дар нишасти матбуотӣ гуфт: “Ба сурати муштарак дар ҷиҳати расидан ба мушорикати роҳбурдӣ дар тамомии ҳавзаҳо, ба вижа мавзуъоти иқтисодӣ ва тиҷорӣ таъкид менамоем. Бардоштани мавонеи гумрукӣ ва эҷоди фазои амн барои фаъолияти бештари бахши хусусӣ мавриди таваҷҷӯҳи ду тараф қарор гирифт.”
Ба иттилои расмӣ, додугирифт миёни Тоҷикистону Эрон дар соли 2024 беш аз 330 миллион доллари амрикоиро ташкил дод. Ин рақам дар соли 2021 ба 120 миллион доллар мерасид.
Раисҷумҳури Тоҷикистон гуфт, бо ҳамтои эронияш вазъро дар кишварҳои минтақа ва Ховари Миёна низ баррасӣ кардаанд.
“Мо аҳаммияти ҳамоҳангиҳои муштаракро барои расонидани кумакҳои мавриди ниёз ба мардуми Афғонистон ва мусоидат дар истиқрори сулҳу субот дар ин кишвари ҳамсоя таъкид кардем,” – афзуд Эмомалӣ Раҳмон.
Ба қавли ӯ, “ҷониби Тоҷикистон аз идомаи вазъи фоҷеабор дар Навори Ғазза изҳори нигаронӣ” кард... Зарурати андешидани чораҳои фаврии ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷиҳати хотимаи нооромиҳо дар Ховари Миёна таъкид карда шуд.”
Ин ҳарфҳоест, ки раҳбарони ду кишвар дар ҳузури хабарнигорон ба забон оварданд. Ҷузъиёти суҳбатҳои онҳо ё масъалаҳои дигари мавриди баҳси ду ҷониб ба матбуот маълум нест.
Баъзе аз коршиносоне, ки Радиои Озодӣ бо онҳо ҳамсуҳбат шуд, гуфтанд, Теҳрон бо таваҷҷӯҳ ба вазъ дар Ховари Миёна ногузир аст, бо кишварҳои минтақа, аз ҷумла Тоҷикистон, ҳамкориро тақвият диҳад.
Қосими Бекмуҳаммад, коршиноси масоили минтақаӣ, гуфт: “Бо таваҷҷуҳ ба шароите, ки перомуни Эрон вуҷуд дорад, махусусан вазъияти ғарби Осиё ё Ховари Миёна ва эҳтимоли азсаргирӣ ва шиддати таҳримҳо, Теҳрон ба тақвияти ҳамкориҳо бо кишварҳои Осиёӣ ва шарқӣ ногузир аст. Аз ҷумла, нигоҳи мусбат нисбат ба Осиёи Марказӣ, хосатан Тоҷикистон, заминасози ҳамкориҳо дар ҳавзаҳои иқтисодӣ, тиҷорӣ ва сармоягузорӣ хоҳад буд.”
“Ниёзҳои мутақобил ҳарду ҷонибро ба фароҳам кардани осонсозии равобит дар заминаҳои мухталиф водор мекунад. Лағви раводид ва барҳам задани баъзе аз монеаҳои тиҷорӣ ва ҳамчунин гумрукӣ нишондиҳандаи иродаест, ки ба он ишорат шуд,” – хулоса кард ӯ.
Равобити Тоҷикистону Эрон
Равобити Тоҷикистону Эрон
Муносибати Тоҷикистону Эрон, ки забону фарҳангу таърихи ягона доранд ва ҳамзамон аз муттаҳидони муҳиму муштараки Русия ба шумор мераванд, на ҳамеша ҳамвор будааст.
Дар як даҳсолаи охир ва дар пайи танишҳое, ки боис ба қатъи сармоягузорӣ, содирот, парвози мустақими ҳавопаймоҳо ва баста шудани марказҳои хайрияву фарҳангии Эрон дар Тоҷикистон шуд, ба муносибати ду кишвар осеб расонд.
Эрон дар моҳи декабри соли 2015 бо даъват кардани раҳбари Ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ ба нишасте дар Теҳрон қаҳри Душанберо овард.
Муносибат дар соли 2017 ба сатҳи поинтарин расид. Замоне ки телевизиони давлатӣ – дастгоҳи вобастаи ҳукумати Тоҷикистон – Эронро ба сармоягузорӣ ва фармоиши қатли чанде аз чеҳраҳои шинохта дар солҳои 1997-2004 муттаҳам намуд. Эрон иттиҳоми Тоҷикистонро бепоя хонд ва эътироз кард.
Соли 2019, пас аз имзо шудани санаде, робитаҳои ду кишвар тағйир ёфт ва рӯ ба гармӣ овард.