Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нетаняҳу аз СММ хост, сарбозонашро аз марз бо Исроил дур кунад


Як пойгоҳи нерӯҳои посдори сулҳи СММ дар Лубнон
Як пойгоҳи нерӯҳои посдори сулҳи СММ дар Лубнон

Бенямин Нетаняҳу, сарвазири Исроил аз Созмони милали муттаҳид хостааст, ки нерӯҳои посдори сулҳашро аз марзи Лубнон берун кунад.

Исроил дар ин минтақа зидди Ҳизбуллоҳ амалиёти низомӣ анҷом медиҳад.

Дар як ҳафтаи ахир чор сарбози нерӯҳои посдори сулҳи СММ дар ҳамлаҳои Исроил захмӣ шудааст. СММ ва чанд кишвари дигар ҷаҳон Исроилро барои ин кор маҳкум карданд.

Нетаняҳу аз Антонио Гуттериш, дабири кулли СММ хост, ки аз минтақаи хатарнок сарбозони посдори сулҳро берун кунад. Ӯ гуфт, ки Ҳизбуллоҳ аз ин сарбозон ҳамчун сипар истифода мекунад.

Нерӯҳои посдори сулҳ пеш аз ин гуфтанд, ки қасди тарки минтақаро надоранд ва инҷо аз воқеияти ҷанг бояд гузориш диҳанд.

Нерӯҳои посдори сулҳ тарафдори ҳеч ҷониби ҷанг нестанд.

Исроил дар ин минтақа аз сокинони 21 деҳа низ хостааст, ки хонаҳояшонро тарк кунанд.

Исроил ҳамлаи замини алайҳи Ҳизбуллоҳ дар Лубнонро рӯзи 21-уми сентябр оғоз кард.

“Ҳизбуллоҳ”, ки ҳам гурӯҳи ҷангҷӯ ва ҳам ҳизби сиёсист, зери ҳимояти Эрон аст. Амрико онро созмони террористӣ медонад. Иттиҳоди Аврупо танҳо шохаи низомии онро ба феҳрасти сиёҳ ворид кардааст.

Нерӯҳои посдори сулҳ аз соли 1978 то кунун дар марзи Лубнон бо Исроил ҷойгир ҳастанд ва ҳар сол ҳаққи ҳузурашон дароз карда мешавад.

XS
SM
MD
LG