Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукумат барои харидани гандум 50 миллион сомонӣ қарз додааст


Орд дар Тоҷикистон ғизои асосӣ ба ҳисоб меравад
Орд дар Тоҷикистон ғизои асосӣ ба ҳисоб меравад

Ҳукумати Тоҷикистон барои харидан ва захираи гандум ба як ниҳоди зертобеаш 50 миллион сомонӣ ($4,7 млн) қарзи бефоиз додааст. Қарори ҳукумат 24-уми август тасдиқ шуда, Радиои Озодӣ 3-юми сентябр бо муҳтавои он шинос шуд.

Дар санад омадааст, 50 миллион сомонӣ қарз аз ҳисоби Фонди стабилизатсионӣ оид ба рушди иқтисодиёт ба Оҷонсии захираҳои моддии назди ҳукумат дода мешавад.

Оҷонсӣ вазифадор шудааст, ки ин пулро "барои хариди гандуми истеъмолӣ аз дохили ҷумҳурӣ" сарф кунад. Қарз ба ин корхона ба муҳлати як сол дода мешавад.

Бахши асосии талаботи Тоҷикистон бо гандум ва орд аз хориҷи кишвар, бахусус аз Қазоқистон таъмин карда мешавад. Тибқи омори расмӣ, дар нимаи аввали соли равон ба Тоҷикистон қариб 464 ҳазор тонна гандум ворид шудааст. Воридоти гандум дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 10 дарсад бештар будааст.

Талаботи солонаи сокинон ба орд тақрибан якуним миллион тонна аст ва мақомот мегӯянд, барои истеҳсоли ин миқдор ғалла замини кишт надоранд. Мунтақидон аз набудани стратегияи мушаххас дар ин бахш мегӯянд.

XS
SM
MD
LG