Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ягон чора надиданд." Оби олуда ва бӯйи бад дар як деҳаи Суғд аз куҷо пайдо шуд?


Яке аз сокинони деҳаи Унҷии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҳангоми шарҳи масъала
Яке аз сокинони деҳаи Унҷии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҳангоми шарҳи масъала

Сокинони чанд деҳу гузари ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар вилояти Суғд як сол боз аз оби гандида ва бӯйи ғализи ҷуйборашон, ки аз полоишгоҳи ташноби шаҳри Бӯстон сарчашма мегирад, ба дод омадаанд. Мақомот мегӯянд, аз вазъ хабар доранд, аммо барои ҳалли он дар ҷустуҷӯи сармоя ҳастанд.

“Пеш ба ин ҷӯй оби тоза меомад. Барои нӯшидан ҳам истифода мекардем. Ҳозир оби бӯйнок омада, тамоми маҳалларо зер кардааст. Дар ҳавлӣ ҳавз дорем, ба дохили он низ медарояд. Ба насли наврас зиёни калон мерасонад. Аз паяш шудан даркор,” – гуфт Абдукарим Саидов, сокини деҳаи Унҷии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров.

Мардум мегӯянд, на фақат ранги об дигар шудааст, балки бӯйи ғализаш низ онҳоро ба ташвиш овардааст. Мирзоқайюм Раҳмонов, сокини дигари ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, гуфт: “Агар шабона аз хоб бедор шуда, ба берун бароед, бӯи ғализ ба димоғ мезанад. Ҳаво гармтар шавад, зарараш бештар мешавад. Мумкин аст, ягон беморӣ биёрад. Барои ҳамин, халқи Унҷӣ метарсад."

Сокинон мегӯянд, ин об аз байни деҳа мегузарад
Сокинон мегӯянд, ин об аз байни деҳа мегузарад

Оби гандида ба ин ҷӯйбор, ки то ба дарёи Сир меравад, аз полоишгоҳи ташноби шаҳри Бӯстон (Чкаловск) меояд. Ин полоишгоҳ дар тақрибан 22 гектар ҷойгир шуда, ҳудуди 30 ҳавз дорад. Ба ин полоишгоҳ, ки дар замони Шӯравӣ сохта шудааст, пасмондаҳои оби сокинони шаҳр ва чанд корхонаи саноатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мерезад.

Мирзоғафур Шарифови 70-сола ҳамроҳи хонаводааш дар канори ҳамин полоишгоҳ зиндагӣ мекунанд. Ӯ гуфт: “Дар давраи Шӯравӣ ин ҳавзҳоро бо булдозер тоза мекарданд. Чуқуриаш камтар буд. Ҳоло бисёр чуқур шудааст. Обаш ҳам бисёр аст, пок намекунанд. Боз як мурғхонаи дигарро дар наздикии инҷо сохтаанд, хунаш омада, ҳама ҷойро маҳкам мекунад.”

Ба нақли сокинон, борҳо ба мақомот муроҷиат шудааст, аммо то ҳол бенатиҷа. Мирзоқайюм Раҳмонов гуфт, “соли гузашта як-ду бор намояндагони идораи ҳифзи муҳити зисти Суғд омаданд. Гуфтанд, ки дар ягон моҳ тоза мешавад, лекин накарданд. Корхонаҳо зиёд ва партовҳо ҳам зиёд аст. Аҳолӣ низ меафзояд. Сохтмонҳо ҳам зиёд шудааст. Оби партоваш ба куҷо меравад?! Ҳамааш ба ҳаминҷо меояд, аммо инҳо ягон чора надиданд.”

“Пашша пур мешавад ва шиштан намемонад. Агар шамол нашавад, ба бӯйи бад истодан намешавад. Агар меҳмонони олиқадр оянд, камтар хлор оварда мечошанду баъди рафтани онҳо ин кор адо мешавад,” – идома дод Мирзоғафур Шарифов, сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров.

"Ҷӯйбори деҳаамонро аз оби олудаи ташноб раҳо кунед!"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:05 0:00

Раисони ҳукуматҳои шаҳри Бӯстон ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мегӯянд, аз мушкилот огоҳанд ва роҳҳи ҳалли онро ҷустуҷӯ доранд.

Фирӯза Нуруллозода, раиси шаҳри Бӯстон, гуфт: “Ин масъалаи муштарак аст. Гурӯҳи корӣ аз тарафи мақомоти вилояти Суғд таҳти роҳбарии муовини аввали раис таъсис дода шудааст. Корҳо рафта истодаанд ва фикр мекунам, ки ба наздикӣ ҳалли худашро меёбад”.

“Як пешниҳоди дигар аст. Дар давраҳои пеш як роҳи алтернативӣ буд. Ду километр қубурро бурдаанд, ҳоло нест. Ин масъалабардорӣ карда шуда истодааст, ки аз ҳисоби соҳибкорон ҳал кунем. Ҳамон қубурро барқарор кардан даркор аст, ки як роҳи алтернативӣ барои шабакаҳои обу корез бошад,” – шарҳ дод Нусратулло Салимзода, раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров.

Бад шудани вазъи экологӣ ва кори обу корези шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон сол то сол бештар мегардад. Мақомот мегӯянд, ин ҳолат ба зиёд шудани аҳолӣ ва корхонаҳои саноатӣ рабт дорад. Сокинон мегӯянд, дар ивази пуле, ки мардум ба ин ниҳод медиҳад, он бояд таҷҳизоти нав орад ё полоишгоҳҳои нав созад, то мардум аз бемориҳои ҳамагир ва бӯйи бад раҳоӣ ёбад.

XS
SM
MD
LG