Муҳоҷирони ихроҷшуда ба Тоҷикистон, мегӯянд, вазъи корҷӯёни тоҷик дар Русия ҳамоно бетағйир ва нигаронкунанда аст.
Аброр Қодиров, яке аз ин муҳоҷирони рондашуда, сокини шаҳри Бохтар аст. Мегӯяд, санадҳояш комил набуд, бино бар ин, аз қаламрави Русия ихроҷаш карданд. Вай 10-уми май ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳоло вазъ мисли чанд ҳафтаи қабл хуб нест.
"Ҳозирашда камтар безеб аст. Худамро ихроҷ карданд, барои ҳамин омадам. Ҳаматарафа мушкилтар шуда истодааст*- гуфт, вай.
Фарҳод, муҳоҷири дигари тоҷик мегӯяд, дар Санкт-Петербург ба ӯ иҷозаи кор ё патент надоданд. Ӯ рӯзи 10-уми май, баъди чанд лаҳзаи бозгашташ ба Душанбе дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, дастрас намудани санадҳои расмӣ барои кор дар Русия мушкил шудааст.
“Дар фурудгоҳҳо пурсупос сахт шуда истодааст. Патентро мепурсанд, бақайдгириро мепурсанд. Ман надоштам. Чаро патент накардӣ гуфтанд? Барои патентро гирифтан имрӯз пагоҳ ё ҳафтаи оянда биёед, мегӯянд. Аз як тараф намедиҳанд, боз мепурсанд чаро нагирифтед. Даҳ рӯз муҳлат доданд, ки баромада рав. Гашта омадам"- афзуд, Фарҳод.
Дарёфти патент ё иҷозаи кор ягона мушкиле нест, ки ҳоло муҳоҷирон аз он нигаронанд.
Алишер Сабуров, сокини ноҳияи Тоҷикобод ҳам ночор ба Тоҷикистон баргаштааст. Мегӯяд, имтиҳон супоред, вале дар маҳзан номаш набаромадааст: "Имтиҳон супоридем, дар "база" набаромад. Забони русиро надонӣ, намегузарӣ. Ҳозир хеле мушкил шудааст".
Онҳое, ки аз Русия ихроҷ шудаанд, мегӯянд, бо гузашти бештар аз як моҳ ҳанӯз санҷишу тафтишҳои сахт идома доранд. Мегӯянд, бештар тоҷикон мавриди бозҷӯӣ қарор мегиранд. Дар чанд ҳафтаи ахир шикояти муҳоҷирони кории тоҷик дар бораи фишору азият ва ихроҷашон аз сӯи мақомоти рус бештар садо медиҳад.
Чунин вазъ ба қавли чиптафурӯшон боиси кам гардидани сафи хоҳишмандони муҳоҷирати корӣ ба Русия шудааст.
Дар нуқтаҳои чиптафурӯшии Душанбе гуфтанд, сокинон бо дудилагӣ ба инҷо омада, мепурсанд, ки онҳо билет гиранд ё нагиранд ё вазъият дар Русия то куҷо беҳтар шудааст. Баъзе аз кормандони нуқтаҳои чиптафурӯшӣ гуфтанд, ба муштариён тавсия медиҳанд, ки агар санадҳояшон ягон мушкил дошта бошанд, аз сафар худдорӣ кунанд.
Даврон Шамсиддинов, корманди яке аз нуқтаҳои чиптафурӯшӣ дар Душанбе ба Радиои Озодӣ гуфт, таваҷҷӯҳи ками муштариён ба нархи билет самти Русия таъсир гузоштааст.
“Аввал нархи чипта 3-3,5 ҳазор сомонӣ буд. Баъд аз ҳамон ҳодисаҳо ҳозир аллакай, ки одам камтар меравад, аз ҳамин сабаб ҳоло 2 ҳазору 450 сомонӣ аст. Қариб, ки ҳазор сомон ё то сад доллар нархи чипта арзон шудааст”-шарҳ дод, Даврон Шамсиддинов.
Баъд аз ҳодисаи Крокуси, дар бештар аз як моҳи охир фишор ба муҳоҷирони тоҷик дар Русия афзоиш ёфтааст. Мақомоти Русия инро чораи муваққатӣ ва пешгирӣ аз терроризм медонанд. Ҳукумати Тоҷикистон рафтори мақомоти русро нисбати муҳоҷирони тоҷик номуносиб номида, аз мардум хост, бе зарурат ба Русия нараванд.
Мақомоти Тоҷикистон гуфтаанд, ки дар чаҳор рӯзи ахири моҳи апрел танҳо аз як фурудгоҳи Маскав бештар аз 600 шаҳрванди Тоҷикистонро ихроҷ кардаанд.
Дар робита ба ҳамлаи маргбор дар толори консертии “Крокус Сити Ҳолл”-и Маскав мақомоти Русия 12 шаҳрванди Тоҷикистонро ба ҳабс гирифтаанд. Баъзе аз гумонбарон дар шикояташон ба додгоҳ худро бегуноҳ донистанд.
Гуфтугӯ