Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳар рӯз – 32 духтаррабоӣ дар Қирғизистон: Анъанаи “беозор” ё ҷиноят?


Ҳар рӯз дар Қирғизистон дастикам 32 духтар рабуда мешавад ва ҳар рӯз ба номуси то 6 духтар дар ин кишвар таҷовуз мекунанд. Ин омори такондиҳанда дар гузориши солонаи Ҳақиқатчӣ ё Омбудсмени Қирғизистон Бакит Амонбоев нашр шудааст.

Ҳақиқатчии Қирғизистон, ки гузориши солонаашро дар яке аз кумитаҳои Жогорку Кенеш - парлумони Қирғизистон муаррифӣ мекард, бо истинод ба омори “Маркази кӯмак ба занон” ва Пажӯҳишгоҳи “Қиз Қӯрғон” гуфт, дар маҷмӯъ ҳар сол дар Қирғизистон ҳудуди 11 800 мавриди духтаррабоӣ ва 2000 мавриди таҷовуз ба номус занон сабт мешавад.

Газӣ Бобоёрова, раҳбари Пажӯҳишгоҳи “Қиз Қӯрғон” (“Қалъаи духтарон”) рӯзи 12 июн дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, бино ба натоиҷи як пажӯҳиши онҳо, танҳо дар яке аз ноҳияҳои вилояти Иссиқкӯл қариб 50 дарсади занони шавҳардор баъди рабуда шудан издивоҷ кардаанд: “Аз байни онҳо 30 дарсадро бар хилофи хоҳишашон, яъне маҷбуран дуздидаанд. Рабудани духтарон дар бисёр маврид барои маҷбур кардани онҳо ба издивоҷ бо касе, ки дар асл намехоҳанд, истифода мешавад.”

Бакит Амонбоев
Бакит Амонбоев

Ин ҳам дар ҳоле, ки ба гуфтаи Бакит Амонбоев, бисёре аз занону духтарон аз ошкор кардани мавридҳои духтаррабоӣ ва бадрафториҳои ҷинсӣ нисбат ба онҳо ба далели муносибати манфии ҷомиа шарм мекунанд ва шумори боз ҳам бештаре аз чунин ҷиноятҳо ба ин далел пушти парда фошношуда мемонад. Мониаи дигар, ба ақидаи ҳақиқатчии Қирғизистон, даст доштани худи мақомоти интизомӣ дар чунин ҷиноятҳост.

Бакит Амонбоев аз ҷумла аз духтари ноболиғ М.А. ёдовар шудааст, ки чанд бор аз тарафи як афсари шӯъбаи милисаи ноҳияи Лайлак таҷовуз шуда ва 22 августи соли 2013 писар таваллуд кардааст. Озмоиши ДНК бо эҳтимолияти 99,9 фоиз нишон додааст, ки ин кӯдак писари ин афсар аст. Вале ин афсар ва як ҳампешаи ӯ, ки ба латукӯби ин ноболиғ айбдор мешавад, болои ин духтар фишори зиёд овардаанд, ки шикояташро пас бигирад. Бо гузашти қариб ду сол ва бо вуҷуди дахолати омбудсмен, то ҳол ин парванда аз сӯи додгоҳе баррасӣ нашудааст.

Аксари мавридҳои духтаррабоӣ аз сӯи ҷавонони қирғиз ба хотири баъдан ба никоҳи худ даровардани духтаре, ки маъқулаш мешавад, сурат мегирад. Арӯсрабоӣ дар Қирғизистон аз анъанаҳои қадима ба шумор меравад ва дар дар солҳои охир, бино ба мушоҳида, дигарбора “муд” шудааст.

Дар моҳи январи соли 2013 дар ин кишвар бо таҳрири Кодекси ҷиноӣ ҷазо барои арӯсрабоиро шадидтар карданд. Ҳоло дар ин кишвар барои рабудани духтарони то 17-сола аз 7 то 10 сол ва барои рабудани занону духтарони аз 17 боло бо мақсади зӯран ба никоҳи худ даровардани онҳо аз 5 то 7 сол маҳкум ба зиндон мекунанд. Аммо дар Кодекси ҷиноӣ ишорае ҳаст, ки байни маҷбуран ва зӯранд дуздидани занону духтарон ва анҷоми ин амал ба хотири риояи русум фарқ мегузорад. Яъне агар зан ё духтари дуздидашуда даъво накунад, рабояндагон метавонанд аз ҷавобгарӣ раҳо ёбанд. Дар бисёр маврид зан ё духтари рабудашуда аз тарси шармандагӣ ва инки дигар ӯро каси дигар ба занӣ намегирад, ба тақдир тан медиҳанд ва бо арӯсрабо издивоҷ мекунанд.

Ҳомиёни ҳуқуқи занон дар Қирғизистон мегӯянд, ин ҷазо ҳам сабук аст, чунки барои мисол, барои дуздии гов қонунҳои Қирғизистон то 11 сол ҳукми зиндонро пешбинӣ кардаанд, вале барои дуздидани одам – ҳадди аксар то 10 солро. Ба ақидаи онҳо, шадидтар шудани муҷозот низ натавонистааст пеши роҳи сели духтаррабоӣ дар Қирғизистонро бигирад. Газӣ Бобоёрова, раҳбари Пажӯҳишгоҳи “Қиз Қӯрғон” мегӯяд, бо гузашти ду сол аз тасвиби ҷазоҳои шадидтар барои арӯсрабоӣ ягон нафарро бо чунин ҷурм ба додгоҳ накашондаанд: “Яъне ин қонун то ҳол ба кор надаромадааст.”

Ин ҳомии ҳуқуқи занони қирғиз арӯсрабоиро “як анъанаи зоҳиран беозор”, вале дар асл “яке аз мудҳиштарин ҷиноятҳо алайҳи ҳуқуқи инсон” ва паст задани озодӣ ва ҳайсияти зан мешуморад: “Ин дар асл ба маънои томаш як дуздии озодии инсон аст, ки бояд аз сӯи қонун ба таври хеле ҷиддӣ таъқиб шавад.”

Аммо гурӯҳи дигар дар Қирғизистон мӯътақиданд, ки арӯсрабоӣ на ҷиноят, балки яке аз расму оинҳои бобоии мардуми қирғиз аст. Онҳо мегӯянд, аксаран ин анъана танҳо ба хотири иҷрои русум ва бо ризоияти тарафайн, аз ҷумла худи духтар ва наздиконаш, анҷом мешавад ва набояд барои чанд мавриди, ба ақидаи онҳо, ангуштшумори маҷбуран дуздидани духтарон ин анъанаро билкул аз байн бурд.

Тазоҳурот зидди духтаррабоӣ дар Қирғизистон.
Тазоҳурот зидди духтаррабоӣ дар Қирғизистон.

Дар як гузориши СММ аз соли 2011 гуфта мешуд, ки дар манотиқи рустову дурдасти Қирғизистон 80 дарсади арӯсиҳо дар пайи арӯсрабоӣ барпо мешаванд. Як сабаби аслии то ҳол боқӣ монда ин анъана ин гуфта мешавад, ки маросими арӯсӣ дар Қирғизистон як кори хеле пурхарҷ аст ва тарафи домод бо рабудани арӯс ҷониби дигарро дар пеши факт гузошта, шонаашро аз масъулияти баргузории тӯйи пурдабдаба, додани маҳру қалину ҷиҳози арӯс ва дигар хароҷоти марбут ба риояи расму оинҳои дигари ин мардум холӣ мекунад ва бо нархи арзонтар соҳиби зан шавад. Албатта, агар ин духтар аз ӯ ба пулис ё додгоҳ шикоят набарад.

Аммо чунин мавридҳои аз ҳама ҳарфу гапи мардум чашм пӯшидану барои шикояти расмӣ ҷасорат кардани занону духтарони рабудашуда дар шароити ҷомиаи бахусус дар деҳот хеле муҳофизакори Қирғизистон хеле ками дар кам иттифоқ меуфтад. Дар аксарияти кулли чунин мавридҳо зан ё духтари дуздидашуда маҷбур мешавад, рабояндаашро ҳамчун шарики умрбоди зиндагӣ бипазирад. Сарфи назар аз инки дӯсташ медорад ё на.

XS
SM
MD
LG