Фаридун Назмиддинов, нохияи Ашт, дехаи Понгоз
Агар шумо зодагони СССР хастед, биёед лахзае ба кафо баргашта, лахзахои хотирмони кудаки ва чизхоеро, хоси он замонанду як чузъи хаёти мо буданд, ба хотир орем.
Албатта, шумо дастгоххои обнушии худкорро дар хотир доред. Аввал зарфро бо як пахш кардан ба поёни дастгох шуста мегиред, сипас тангаи сетина ва ё яктинаро ба он ворид мекунед- мархамат дар хавои гарми тобистон бароятон оби газноки хунук тайёр. Ачибаш ин аст, ки як зарфро хазорхо одамон истифода мебурданд, вале беморихои сирояти ба воситаи он намегузашт.
Мо бачагони он замон рузи дароз бо даводаву бози банд будем ва бегох хама барои шунидани афсона ба хонаи рафике даромада хама назди радио чамъ меомадем. Баъди шунидани садои форами гуянда, ки бо лахни хуше « ба шумо хоби ширин орзумандам, хурдтаракони азиз!» мегуфт, ба хонахои худ хозир мешудем.
Мо компутер надоштем, антенхои бисёршабакаи мохвора надоштем, телефонхои мобили надоштем, денди ва сега хам надоштем. Телевизорхои мо ранга набуданд ва онро на хама дошт. Мо вакти саршавии филмхои тасвириро медонистем ва барои тамошои он ба хонаи наздиктарин даромада онро сарчамъона бо нидохои хурсанди тамошо мекардем. Телевизорхои мо пулт надоштанд, тугмаи гардонанда хама вакт мешикаст ва мо ба шабаки дигар ба воситаи амбур мегардондем.
Яхдони кадимаи ЗИЛ-ро дар хотир доред? Дари он чунон вазнин буд, ки мо онро базур мекушодем, аз зарби кушодан чизхои дарунаш якбора чаппа мешуданд.
Шумо албатта ширу катикро дар зарфхои шишагин ба ёд оварда метавонед. Агар ду дона чунин зарфро ба магоза супоред, бар ивазаш метавонистед як шиша шир ё катик бигиред.
Мо талабагони мактаб дар синфхои ибтидои барои навиштан сиёхидон ва пероро истифода мебурдем ва хамеша ранги он ба дастони мо рехта осораш тамоми сол намерафт.
Чамъоварии оханпораро дар мактабхо ёд доред? Дар ин маърака бачагон хар гунна оханеро , ки меёфтанд, ба мактаб оварда месупориданд. Дар охир онхоеро, ки аз хама бештар оханпора меоварданд, бо ифтихорномаву мукофотхо сарфароз гардонда мешуданд. Имруз чунин порахои оханро барои сохтмон бо нархи гароне мехарем.
Нушокихои бомазаи он замонро хам ба хотир меорем. Аз як шиша чанд нафаре менушидем, аммо касе аз бемории сирояти намефавтид, хеч бачае ба полеомелит гирифтор намешуд.
Навбати дукатораро дар назди утоки духтур фаромуш кардаед? Катори якум аз руи руйхат, катори дуввум аз руи талон ва боз чанд нафар иловаги меистоданд- « ман як чизро аз духтур пурсидан мехостам.»
Иди якуми майро ба ёд оред. Хама ба кучагарди хозир шуда ба суруду тарона ва нидохои «ура» аз кучаву хиёбонхо мегузаштем, калонсолон аз дарвозахояшон баромада моро тамошо мекарданд
Ороишоти мошинхои сабукравро дар хотир доред? Гирдогирди оинаи пеш тангхои яктина часпонида шудааанд, фармон (рул) бо руйпуши бахмали ва дар оинаи кафо сурати Сталин.
Самбусаи хафттинаи мураббодорро хам ба хотир оред,вакте онро мегазидед, хатман аз чои дигаре сурох шуда мураббо ба дастатон мерехт.
Агар шумо зодаи он замонед, хушбахттарин инсон хастед, зеро хотирахои ачибу муассир доред. Пас онро руи ин сахфа оред, то бихонем ва бори дигар ба дунёи ширини бачагиамон сайре дошта бошем.