Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ман дар СССР зистаам."

Зодаи СССР

Пеш аз ҳама узри бисёр аз хонандагон мехоҳам, зеро ман таҷрибаи нависандагӣ ва эҷод надорам.

Нимаи дувуми солҳои ҳаштодум буд, дар кӯчаҳо духтарон ва писарони қариб, ки либосҳои якхела ба бар гашту гузор мекарданд ва баъзеи онҳо дар гардан галстуки сурх ва куртаи сафед доштанд.

Ба ман бисер маъкул буд ин либоси онҳо. Дар назарам чунин метофт, ки пӯшоки бабаркардаи онҳо ҳеч гоҳ ба ман муяссар намешавад,аз ин рӯ куртаи сафед ва галстуки сурх орзуи хурдсолонаи ман шуд.

Намедонам сабаб дар чӣ бошад, вале мардум дар назари ман, дар даврони Шӯрави бисёр меҳрубон ва бо ҳамдигар дӯст буданд. Умуман хешигарӣ ҳам дар ҳамон вақт сахт буд ва дар хотирам ҳамеша хонаи пур аз меҳмон доштем, бо вуҷуди он, ки хонаи мо якхонагаӣ секция буд.

Ман ба боғчаи гурӯҳи русӣ мерафтам. Дар он ҷо русиро аз худ кардам, тоҳхол ки ба русӣ метавонам сухан гӯям ин бузургии ана ҳамон даврон аст.

Албатта, чун ҳар даврон хубию бадие дорад, дар он вақт ҳам мавҷуд буд, аммо аз сабаби он, ки ман хурдтар будам, шояд бадиро намедидам. Ё маро волидайн аз дидани бадӣ нигоҳ медоштанд, инро намедонам.

Дар ҳамсоягимон бошад, танхо урусҳову тотору дигарон буданд, ҳамсояи тоҷик кариб ки надоштем. Бегоҳӣ бошад, бо ҳамрохии хешу табороне, ки аз қишлоқ хонданӣ меомаданд, ба кинотеатри маҳаллӣ рафта, дар он ҷо киноҳои истеҳсоли ҳиндӣ ва хитоиро бисёр тамошо мекардем.

Дар даврони шӯравӣ, вақте ки ба қишлоқ мерафтем, роҳҳои мошингард ободу зебо буданд ва пирони кӯҳансол мисли муйсафедони афсонагӣ зебову хушрӯй буданд. Нисбати он ки намозхонӣ манъ буд, ин дурӯғи маҳз аст. Шахсе, ки мехост, тоату ибодат намудан ҳамеша дар болои ҷои намоз буд.
Умуман дар даврони СССР дар назари ман офтоб гармтар, осмон кабудтару обҳои дарёҳо софтар буданд, ё ин даврони хурдӣ ба инсон чунин менамояд?

Дар аввали солҳои навадум ман ба синфи якум рафтам. Куртаи сафедро пӯшидам, вале давраи бастани галстуки сурх гузашта буд ва орзуи ман хамчун орзу монд, монд...

Сарвар Қурбонов
Ба андешаи ман дар ин тасвир маъно ва мӯҳтавои Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравии Сусиёлистӣ - ИҶШС ва ҶШС Тоҷикистон ҳувайдо шудааст.

Гузошта шуд аз ҷониби Гуразми Душанбегӣ

Ёфтҳои бештар

XS
SM
MD
LG