Додгоҳи шаҳри Иркутски Русия як пулис ва се сокини маҳалиро, ки дар оташ задани вагони зисти муҳоҷирон ва куштани ду тан аз онҳо айбдор мешуданд, бегуноҳ эълон кардааст.
Муҳоҷирон дар Русия лаҳзаи таъқибу азияти муҳоҷирони тоҷик аз ҷониби афроди мусаллаҳи ниқобдорро сабт кардаанд.
Як ҷавони тоҷик, ки дар Киев, пойтахти Украина тиҷорати худро ба роҳ монда буд, мегӯяд, пас аз ҳамлаи Русия нақшаҳояш хароб шуданд.
Рейду тафтишҳои пайиҳам дар Русия кору зиндагии занони муҳоҷири тоҷикро ҳам, ки шуморашон солҳои ахир торафт бештар мешавад, мушкил кардааст. Онҳо ҳам баробар бо мардон аз тарси боздошту хориҷ шудан аз пулис мегурезанд ва дар ҷангалу хонаҳо панаҳ мебаранд.
Муфтиёт ё идораи мусулмонони вилояти Маскав дар пайи ҳамлаи нерӯҳои ОМОН ба масҷиди Дзержинский ба Додситонии кулли Русия шикоят бурдааст. Муфтиёт ин амалкардро ҳамчун таҳқири эътиқоди динии мусулмонон баҳогузорӣ намуда,таҳқиқи рейдро талаб кардааст.
Муҳоҷирон дар Русия ҳарчӣ бештар ба гирифтани маълумоти олӣ майл пайдо мекунанд. Зодагони кишварҳои Осиёи Марказӣ барои дарёфти ҷойҳои кории бонуфуз ба донишгоҳҳо дохил мешаванд. Хабарнигорони “Мигрант Медиа” аз марказе дидан карданд, ки дар он барои босавод шудани муҳоҷирон мадад мерасонанд.
Дар Русия аз амалиёте натиҷагирӣ карданд, ки ҳадафаш муҳоҷирон, аз ҷумла шаҳрвандони корҷӯйи тоҷик буд ва сарусадои зиёде ҳам ба по кард. Амалиёте бо номи «Нелегал», ки бо бадрафториву бераҳмии маъмурони пулис нисбати муҳоҷирон ҳамроҳ буд.
Гуруҳе аз мусулмонони масҷиди Котелникии Маскав дар як муроҷиати видеоӣ ба Владимир Путин, раиси ҷумҳурӣ Русия аз бетартибии кормандони ОМОН дар ибодатгоҳи мусалмонони ин минтақа шикоят карда, хостори муҷозоти афроде шудаанд, ки қонуншиканӣ карданд.
Зафар Ёқубов, як тоҷики узбекистонӣ, ки ба гуноҳи узвият дар созмони мамнӯи "Ҳизби Таҳрир" дар Русия зиндонӣ шудааст, мегӯяд, дар маҳбаси рақами 26-и вилояти Самара "мусулмононро таҳқир мекунанд". Созмони “Мемориал” ӯро маҳбуси сиёсӣ донистааст.
Хуҷанобиддин Бобиев, шаҳрванди зиндонии Тоҷикистон дар Екатеринбург аз мақомоти Русия хостааст, барояш иҷоза диҳанд, ки дар маросими дафни писари 6-солааш Далер Бобиев дар ин кишвар иштирок кунад.
Дар Русия, ки садҳо ҳазор муҳоҷири тоҷик кору зиндагӣ мекунанд, намози Иди Қурбон зери чораҳои сахти амниятӣ баргузор шуд.
Ёфтҳои бештар