Дар пайи занозании муҳоҷирони тоҷику қирғиз дар вилояти Иркутск, пулиси Русия даҳ нафарро аз ҳарду тараф боздошт кардааст. Ҳодиса 23-юми июн дар як корхонаи истихроҷи гази табиӣ рух дод. Матуботи маҳаллӣ навишт, ки дар ин занозанӣ, нӯҳ нафар маҷруҳ шудаанд.
Шумораи аввали барномаи “Рӯзгори муҳоҷир” дар Радиои Озодӣ пахш шуд. Барномаи аввал дар бораи ҷавоне бо номи Сайфулло қисса мекунад, ки шаҳди ғарибиро хеле барвақт аз замоне ки, ҳамагӣ 6 сол дошт чашид.
Панҷ рӯз боз дар Русия амалиёти "Нелегал-2023" идома дорад. Дар ин муддат даҳҳо муҳоҷирро боздошту ихроҷ кардаанд. Шикояту муроҷиатҳои муҳоҷирон ҳам ба ҳомиёни ҳуқуқ зиёд шуда.
Дар Тоҷикистон назарҳо ба қонуни нави Русия, ки даъват шудани маҳбусонро ба хидмат дар артиши ин кишвар ё ширкати онҳоро дар ҷанг заминаи ҳуқуқӣ медиҳад, гуногунанд. Махсусан аз пайомадҳои ин қонун барои муҳоҷирони меҳнатии тоҷик изҳори нигаронӣ мешавад.
Радиои Озодӣ ҳар рӯз чанд навор ё номае мегирад, ки дар ин ё он минтақаи Русия муҳоҷирон боздошт ва латукӯб шудаанд ё аз тарси сарбозони ОМОН ба ҷангалу даштҳо гурехтаанд. Аслан ба сари онҳо чӣ омадааст ва ин амалиёти зидди муҳоҷирон дар Русия чӣ ҳадаф дорад ва ба чӣ натиҷаҳо мерасонад?
Амалиёти “Нелегал – 2023” дар Русия оғоз шудааст. Матбуоти маҳаллӣ навишт, ки маъмурони Вазорати корҳои дохилии Русия аз 19 то 25-уми июн ҳуҷҷати муҳоҷиронро месанҷанд.
Дар кишваре, ки одамон дар натиҷаи ҷанги ваҳшиёнаи давлати худ ҳалок ва сокинонаш бо баландтарин суръат қашшоқ мешаванд, бори дигар “гунаҳкор”-ро ҷустуҷӯ доранд. Онҳое, ки пуштибон надоранд.
Cокини олмонитабори Тоҷикистон, Владимир Гритсан-Майер, 25 соли ахир талош дорад ба ватани бобоии худ-Олмон кӯчад.
Ҷанҷол миёни муҳоҷирони тоҷик, ки дар он ду нафар қурбон шуд, бар сари хариди мошин ва маблағи ҷаримаи он будааст. Муноқиша соати сеи шаби 12-уми июни имсол дар назди мағозаи “Монетка” дар Екатеринбург рух дод.
Дар як муноқиша байни тоҷикон дар шаҳри Екатеринбург ду тоҷик кушта ва ду тани дигар захмӣ шудаанд.
Шукрулло Мирвайдуллоев, меъмори ҷавони тоҷик, се сол боз дар Вашингтон, пойтахти Амрико, кору зиндагӣ мекунад, аммо ба он чи дар Тоҷикистон мегузарад, низ бетавофут нест.
Муҳоҷироне, ки дар амалиёти пулиси Русия дар як моҳи охир боздошт шудаанд, аз шароити бади нигаҳдориашон шикоят доранд.
Ёфтҳои бештар