Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Навраси 6-солаи тоҷикро дар Русия ба хок супориданд


Далер Бобиев, як навраси 6-солаи тоҷикро дар Русия ба хок супориданд. Мақомот гуфтанд, кӯдак ҳанӯз 6 моҳ пеш кушта шудааст ва дар марги ӯ парастор ё модархондаш гумонбар аст. Ӯро дастгир карданд. Ҷасади Далер Бобиевро дар охири моҳи июни имсол аз як гараж дар шаҳри Екатеринбург ёфтанд.

Куштори кӯдаки тоҷик дар оилаи парастораш дар Екатеринбург, сару садои зиёде ба по карда, масъалаи бетаваҷҷӯҳӣ ба кӯдаконро дар хонаводаҳои фарзандхоншуда доғ намуд.

Консулгарии Тоҷикистон дар Русия мегӯяд, Далер Бобиеви шашсола фарзанди Хуҷанобиддин Бобиев, зодаи ноҳияи Хуросони Тоҷикистон ва шаҳрванди Русия аст. Падари биологии кӯдак чанд сол пеш ба иттиҳоми роҳзанӣ зиндонӣ шуда буд. Хуҷанобиддин Бобиев аз мақомоти Русия хоста буд, барояш иҷоза диҳанд, ки дар маросими дафни писари 6-солааш Далер Бобиев дар ин кишвар иштирок кунад.

Ҳангоми боздиди Зафар Саидзода, консули генералии Тоҷикистон, аз муассисаи ислоҳии вилояти Свердловск, ки Хуҷанобиддин Бобиев онҷо нигаҳдорӣ мешавад, вай хостааст, дар гирифтани ҷасади фарзандаш ва дарёфти иҷоза аз мақомоти Русия барои дафни ӯ мадад кунанд.

Дипломати тоҷик дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, муроҷиати маҳбусро ба Татяна Мерзлякова, Ваколатдори ҳуқуқи инсон дар вилояти Свердловск расонидаанд ва эҳтимол хоҳиши маҳбуси тоҷик иҷро мешавад.

Моҷарои зиндагии ин муҳоҷири тоҷик ва марги фарзандаш пурпечутоб аст. Далер Бобиеви хурдсол, ки хабари куштораш чанд рӯз боз дар сархати расонаҳои Екатеринбург қарор дорад аз ҳамсари руси муҳоҷири тоҷик ба дунё омадааст.

Ба навиштаи расонаҳои маҳаллӣ, пас аз зиндонӣ шудани падараш, мақомот модари биологии кӯдакро ба далели майзадагӣ аз ҳаққи модарӣ маҳрум карда, Далерро бо қарори мақомот муввақатан ба парасторӣ ба як оила дар Екатеринбург додаанд.

Рӯзи 26-уми июн модархонди кӯдак эълон кард, ки Далер нопадид шудааст ва сокинони зиёде ба ҷустуҷӯи тифл пайваста, баъд аз 3 рӯз ҷасади ӯро дар гараже дар назди манзили истиқоматии оилаи парастораш Вероника Наумова пайдо карданд.

Бино ба фарзияи мақомоти интизомӣ дар Екатеринбург, кӯдак сеюми декабр фавтида, парастораш тамоми ин муддат ҷасади ӯро пинҳон доштааст. Мақомоти тафтишотии шаҳри Екатеринбург хабар додаанд, ки Далер Бобиев баъд аз латукӯби шадид аз сӯйи модархондаш, дар ҳаммом аз ҳуш рафта, ҷон додааст. Зан ҳангоми бозпурсӣ гуфтааст, кӯдак бемории рӯҳӣ дошт ва ӯ аз тарси маҳрум шудан аз фарзандони дигар ҷасадро пинҳон кард.

Ба иттилои як манбаи хабаргузории “КП-Екатеринбург”, зане, ки Далерро ба фарзандхонӣ гирифта буд, барои тарбияву нигоҳубини ӯ аз давлат ҳар моҳ 11 ҳазор рубл мегирифт. Евгения Дидик, муфаттиши ноҳияи Чкаловски Екатеринбург ба хабарнигорон гуфтааст: “Дар давоми соли 2022 вай мунтазам кӯдаки хурдсолеро, ки ба парасторӣ гирифта буд, шиканҷа мекард. Гузашта аз ин, дақиқ медонист, ки кӯдак ним сол пеш фавтидааст, аммо аз давлат ёрипулӣ мегирифт.”

Ба гуфтаи намояндагии Тоҷикистон то анҷоми адои ҷазои Хуҷанобиддин як солу се моҳ мондааст.

Рӯзи якуми июл даҳҳо сокини Екатеринбург дар назди як додгоҳ ҷамъ омада, хостаанд ба парастори тифли кушташуда ҷазои сангин дода шавад. Онҳо ҳамчунин муҷозоти мақомоти парасторро барои бетаваҷҷӯҳӣ ба сарнавишти кӯдакони фарзандхоншуда талаб кардаанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG