Акбари Турсон, номи ошно на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар доираҳои илмӣ ва фикрии дунё аст. Дар оғози даргириҳои сиёсӣ ва ҷанги шаҳрвандӣ масъулияти раёсати Пажӯҳишгоҳи шарқшиносӣ ва мероси хатии Академияи илмҳоро ба дӯш дошт. Дертар ба Амрико рафт ва 17 сол дар он ҷо буд.
"Ту дон, ки хоҳ район аст, хоҳ вилоят ё ҷумҳурӣ, ҳокими асосӣ котиби дуюм ҳисоб меёбад. Ҳамаи дигаргуниҳо, шикасту рехт, ки дар ҷумҳурӣ ба вуқуъ меоянд, котиби дуюм бо роҳу каналҳои махсус ба Маскав мерасонад, қоида чунин аст."
Ҳар сол 22-юми сентябр дар Тоҷикистон рӯзи гиромидошти Рӯдакӣ “Одамушшуаро” ё бунёдгузори шеъри форсӣ, таҷлил мешавад. Аммо маҳфили бахшида ба нақши Рӯдакӣ дар адабиёту таърихи форсизабонон рӯзи бистуми сентябр дар Душанбе бо шумори андаке аз шоирону фарҳангиён баргузор шуд.
Барзу Абдураззоқов, коргардони маъруф ва яке аз намояндагони шинохтаи театри тоҷик дар хориҷа, 65-сола шуд. Ин коргардон барои ошкорбаёниаш ва бахусус пас аз манъи намоишномаи "Девонагӣ. Соли 93" дигар дар саҳнаҳои театрҳои Тоҷикистон кор карда наметавонад. Солҳои охир дар Қазоқистон аст.
“Гулрухсор омаду олам дигар шуд”. Ин таъбирро оҳангсози пуровозаи тоҷик Толиб Шаҳидӣ дар маҳфили рӯнамоии китоби нави Гулрухсор ба кор бурд. Ӯ суруди падарашро тағйир дод, ки гуфта буд: “Муҳаббат омаду олам дигар шуд”.
Дар Муғулистон пайкараи азиме вуҷуд дорад, ки мардуми он кишвар саъй мекунанд, дар тӯли зиндагии худ камаш як бор онро бубинанд.
Ҷоизаро дар як маҳфиле рӯзи 6-уми сентябр Абдулло Раҳмонзода, дастёри президенти Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа ба овозхон тақдим кард.
Нуралӣ Хоркашев, сокини Душанбе барои духтараш, ки довталаби яке аз озмунҳои китобхонист ба ҷустуҷӯйи китоб баромадааст. Ин ҳамсуҳбати мо мегӯяд, набуди як феҳристи китобҳои тавсияшуда вобаста ба синну сол ва зеҳни наврас, волидайнро дар пайдо кардани китоб саргардон мекунад.
Миҷгона Фатҳуллоева, раққосаи дастаи ҳунарии “Падида”, дареғ мехӯрад, ки солҳои охир бархӯрди ҷомеаи Тоҷикистон ба рақси зан дигар шудааст.
Манижа Сангин, овозхони тоҷики шаҳрванди Русия, ки барои мухолифаташ ба ҷанг дар Украина ба кору зиндагӣ дар хориҷа маҷбур шуда буд, дигарбора ба Маскав баргашт. Вай чанд муддат дар Тоҷикистон буд ва таронаи навашро ба номи "Силоҳ" дар онҷо сабт кард.
Қалъаи машҳури "Мири Балҷувон"-ро дар ноҳияи ҳамномаш дар вилояти Хатлон аз нав сохтанд. Номаш ҳам нав шуд. "Қалъаи Балҷувон", бидуни "Мир".
Заур Дахте, аккос ва филмбардори шинохтаро дар оромгоҳи “Шоҳмансур”-и Душанбе ба хок супурданд. Наздиконаш гуфтанд, Заур Дахте 15-уми август дар як тасодуфи нақлиётӣ дар роҳи Варзоб ҳалок шуд.
Ёфтҳои бештар