Некрӯз Ниёзов, овозхони ҷавони тоҷик ва аз шогирдони Далер Назаров, дар як садамаи нақлиётӣ фавтидааст. Наздиконаш гуфтанд, ҳодиса шаби 21 ба 22-юми сентябр дар наздикии тарабхонаи "Боми Ҷаҳон"-и шаҳри Душанбе рух дод.
Аз қадамҷойи Мирзо Турсунзода, шоири мардумӣ ва Қаҳрамони Тоҷикистон, танҳо осорхонааш дар маркази Душанбе ва кулбае дар зодгоҳи ӯ, деҳаи Қаратоғ мондааст. Манзили нахустинашро дар пойтахт вайрон мекунанд ва бӯстонсарояшро ба каси дигар додаанд.
Достони видеоӣ дар бораи ҳаҷвнигорони зиндаёди тоҷик Устоқадам Машрабов ва Мастибек Паллаев (Усто ва Масто). Онҳо дар як ҷо хонданду дар як бино зистанд ва соли 1984, баъд аз садамаи нақлиётӣ, дар як рӯз ҷон бохтанд. Садама чӣ гуна рӯй дод ва чаро касе ҷавобгар нашуд?
Мусоҳибаи ихтисосӣ бо як муҳаққиқи таърихи ислом, аз ҷумла, таърихи матову нассоҷӣ ва қолиҳо дар Осиёи Марказӣ.
Гурӯҳе аз фаъолони шабакаҳои иҷтимоӣ бо ирсоли як муроҷиатнома аз Кумита оид ба корҳои дини Тоҷикистон хостаанд, рӯҳониён дар пешгирӣ аз муносибати бад бо ҳайвонот саҳми худро гузоранд.
Нависандаи англис Крис Аслан дар моҳи июни имсол китоби навашро бо номи "Кушодани гиреҳи "Роҳи абрешим" нашр кард.
Филми мазҳакавии "Барби" баъди ба намоиш даромадан дар саросари дунё, бештар аз 1 млрд. доллар даромад овардааст. Дар ин бора созандагони филм хабар доданд.
Мақомоти Узбекистон ният дорад баъди тақрибан сад сол, мақбараи Асосгузори давлати тоҷикон Исмоили Сомониро бозсозӣ намояд. Кормандони марказҳои ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ мегӯянд баъди нав шудани Президент дар соли 2016 андаке намуди зоҳирии онро рангу бор карданд.
Фаршҳои шикаставу рехта, дару тирезаҳои боз ва ҳоли ногувор. Ин тасвири клуби фарҳангии деҳаи Сари Осиё дар Кӯлоб аст.
Як марди китобфурӯш дар ноҳияи Мастчоҳ мегӯяд, аз ин тиҷорат фоидае намебинад, вале ба хотири муҳаббат ба фарҳангу китоб онро тарк накардааст.
Гуруҳе аз ҳаводорони Аҳмад Зоҳир дар маҳфиле дар Душанбе ёди ӯро гиромӣ доштанд. Ҳунарманди маҳбуб, 44 сол пеш, рӯзи 14-уми июн, ба таври шубҳабарангез ҷон бохт. Бо гузашти чанд даҳсола аз марги ӯ, сурудаҳои Аҳмад Зоҳир ҳанӯз сершунаванда ҳастанд.
Ёфтҳои бештар