Овозхони операи Русия ва Австрия Анна Нетребко ба додгоҳи Манҳэттен аз болои театри Метрополитен-опера ва раҳбарияташ шикоят кардааст. Ӯ гуфтааст, ки мавриди тӯҳмат ва дигар ҳолатҳои қонуншиканӣ қарор гирифтааст ва аз ҷумла, шартномаи кораш дар ин ҷо қатъ шудааст.
Нетребко талаб кардааст, ки чун ҷуброни зарари расида ва ҳам барои хароҷоти машқу тамринҳояш театри маъруф ба ӯ дар ҳаҷми 360 ҳазор доллар ҷубронпулӣ пардохт кунад. Маъмурияти театр баъди шурӯи ҷанги Русия алайҳи Украина дар моҳи феврали соли 2022 ҳама ҳамкориро бо ӯ қатъ кард. Питер Гелб, раҳбари ин театр аз Нетребко хост, ки аз тарафдории Путин даст кашад.