Ҷалолиддини 13-сола, қаҳрамони Душанбе дар бозии шоҳмот, дар муошират бо калонсолону шахсони ношинос хеле шармгин аст, вале ҳангоми бозӣ бо рақибон хунсарду қотеона амал мекунад.
Донишгоҳи Ҳарбии Гвардияи Миллии Қазоқистон ду курсанти тоҷикро пас аз як моҷаро аз донишкада хориҷ кардааст. Донишҷӯёни тоҷик мегӯянд, онҳо аз “дедовшина” ва ё бадрафтории ҳамсабақони қазоқи худ ҷабр диданд, аммо маъмурият онҳоро гунаҳкор шумурда, аз донишгоҳ ронд.
Ба имтиҳон роҳ надоданд. Гуфтанд, ки аввал пули шартномаи донишгоҳро супоред." Дар як ҳафтаи охир бо ин мазмун даҳҳо донишҷӯ аз Кӯлобу Душанбе ба Радиои Озодӣ шикоят карданд.
Рустамҷон Қурбонов, ҷавони 23 солаи тоҷик ҳамарӯза пас аз кор, машғули сохтани нармафзору барномаҳои интернетӣ аст. Ӯ чунин корро на дар дафтари корӣ, балки бо як компиютери оддӣ, дар айвони хурди манзили зисташон анҷом медиҳад.
“Шумоён Эмомалӣ ва Симобонуро аз имрӯз зану шавҳари қонунӣ эълон мекунам.”
Ҷавонони тоҷик, ки барои таҳсил дар донишгоҳҳои кишварҳои хориҷа қабул шуда, бо хуруҷи коронавирус натавонистанд ба дарсҳо ҳозир шаванд, аз шароити анҷоми дарсҳои фосилавӣ дар кишвар, нигаронӣ доранд.
Мақомоти тоҷик дар ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ роҳи беҳтари ба зиндагии маъмулӣ баргардонидани ноболиғони зиндонишударо ҷустуҷӯ доранд.
То чаҳор моҳи дигар иҷрои як стратегияи муҳими Тоҷикистон ва он ҳам стратегияи давлатии сиёсати ҷавонон ба поён мерасад. Санади мазкурро 9 сол пеш ҳукумат бо ҳадафи фароҳам овардани шароити муносиб барои зиндагиву кори ҷавонон ва ҷалби онҳо ба барномаҳои муҳими давлатӣ қабул карданд.
Ёфтҳои бештар