Якуми апрел дар Тоҷикистон даъвати наваскарон ба артиш бо "нонгазон" шурӯъ шуд. Даҳҳо ҷавон дар Душанбе ва манотиқи дигар дар рӯзи нахусти даъват тайи маросимҳое бо волидон хайрухуш кардаву ба хизмати ҳарбӣ рафтанд.
Афсона Акобиршоева, хабарнигори Радиои Озодӣ, барои «саҳмаш дар рушди ҷомеа» бо ҷоизаи “Топ-50” ё хушсалиқаҳои пойтахт қадрдонӣ шуд. Радиои «Ватан» рӯзи 29-уми март озмуни 50 фарди хушсалиқаи шаҳри Душанберо ҷамъбаст кард.
Додситонии ноҳияи Сино ба таҳқиқи худкушии Муҳаммадҷон Давлатов, хонандаи мактаб-интернати рақами яки Душанбе оғоз кардааст.
Як таҳқиқи нав нишон додааст, ки 80 дарсади оилаҳо дар Тоҷикистон бар асоси муҳаббати ҷавонон ва дар фақат 20 дарсад бо хоҳишу амри волидон бунёд мешаванд.
Дар Қирғизистон мавридҳои нави зӯроварӣ ва латукӯби кӯдаконро таҳқиқ мекунанд.
Дар хиёбонҳои шаҳри Душанбе ҷавонони кулоҳсафед зиёд ба назар мерасанд, ки "папаха"- ро ҳамчун сарпӯши зимистона ба сар мекунанд.
Бо пешниҳоди мақомот дар Душанбе ба ҷойи "батл" -- рақобати пуртарафдори рэпсароҳо, "Маҳфили мушоира" роҳандозӣ шуд.
Ҷуфтҳои ҷавон дар Душанбе қабл аз издивоҷ ба чанд суоли равоншиносу ҳуқуқдонҳо посух мегӯянд.
Қонунгузории Тоҷикистон ҳимоят аз кӯдакони ятимро ҳатто баъди берун шудан аз хонаи ятимон ҳам кафолат медиҳад. Аммо дар таҷриба наврасон хеле зиёд дар ҳошияи ҷомеа тани танҳо бо мушкилоти худ қарор мегиранд.
Ҳамасола беш аз 500 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар 8 маркази амрикоӣ дар ин кишвар забони англисӣ ва донишҳои худро тақвият медиҳанд.
Омӯзгориву рэпсароӣ аз назари аввал ду машғулияти комилан мухталиф ҳастанд. Вале барои Муҳаммадасафар Зокиров, омӯзгори Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия миёни ин ду ҳунар тафовути зиёд вуҷуд надорад.
Маҳмадсафар падар надорад ва мисли қаҳрамони афсонаҳои қадимӣ бо бародараш ҳезум ҷамъ меораду мефурӯшад, то ба модари танҳояшон кӯмак кунанд.
Ёфтҳои бештар