Ҳукумати Тоҷикистон ризоят додааст, ки тоҷирон 2522 мошини истеҳсолашон то соли 2013-ро, ки дар истгоҳҳои гумрукии кишвар банд монда буданд, бигиранд. Пештар мақомот онҳоро "куҳна" номида, аз тоҷирон хоста буданд, ё бояд ба кишвари дигар баранд ё ба қисмҳои эҳтиётӣ табдил диҳанду сипас фурӯшанд.