Раҷабалӣ Комилов, раиси собиқи Ҳизби ҳоло дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ дар ноҳияи Данғара, шаби 4-уми январи имсол дар зиндони шаҳри Ваҳдат даргузаштааст. Сабаби расмии он маълум нест.
Таркиш дар шаҳри Кирмони Эрон, ки боис ба кушта шудани 84 нафар шуд, вокунишҳоро дар гӯшаҳои ҷаҳон ба бор овард. 284 кас захмӣ гардидаанд. Чанд кишвар ҳодисаро "амали террористӣ" хонда, ба хонаводаи қурбониён ва мардуми Эрон ибрози ҳамдардӣ карданд.
Порлумони Тоҷикистон баъд аз тақрибан як сол (28 декабри 2023) фармони президентро дар бораи барканории Ширин Амонзода аз мансаби вазири кору муҳоҷират тасдиқ кард. Ӯ 23-юми январи 2023 аз мақом озод шуда буд. Дар фармон сабабро “гузаштан ба кори дигар” гуфтаанд, вале ӯ ҳеч мақоме нагирифт.
Бо оғози соли 2024 раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ин андешаанд, ки чӣ гуна аз таваҷҷуҳи зиёди қудратҳои ҷаҳонӣ ба онҳо истифода баранд. Пас аз ҳамлаи Русия ба Украина кишварҳои ғарбӣ, Чин ва Амрико пайиҳам саъй доранд, бо 5 кишвари минтақа ҳамкориҳои наздиктарро ба роҳ монанд. Чаро?
Барои фаъолияти Маҷлиси миллӣ, палатаи болои порлумони Тоҷикистон дар соли 2024, панҷ миллион сомонӣ (456 ҳазор доллар) ҷудо шудааст. Аммо хароҷоти Маҷлиси намояндагон, палатаи поёнии порлумон барои имсол ошкор карда намешавад.
Дар соли гузашта кишварҳои Осиёи Марказӣ таваҷҷуҳи бесобиқаеро аз сӯи бозигарони байналмилалӣ ва минтақаӣ таҷриба, аммо робитаи наздики худро бо Маскав ва Пекин ҳифз карданд.
Теъдоди кушташудаҳо дар ҳамлаи мушакӣ ба шаҳри Белгороди Русия, ки дар марзи Украина ҷойгир аст, ба 24 нафар расидааст.
Ойиша Қодироваи 24-сола, духтари калонии раҳбари Чеченистон Рамазон Қодиров, дар моҳи декабри имсол узви чанд шӯро ва кумисюнҳои давлатӣ шуд. Аз он пеш, моҳи октябр, бар иловаи вазири фарҳанг буданаш муовини нахуствазир таъйин гардид.
Бештар аз 22 дақиқаи паёми солонаи раиси ҷумҳурии Тоҷикистон ба мардуму вакилон бо кафкӯбӣ гузаштааст.
Баъзе аз намояндагони гурӯҳҳои мухолифи ҳукумат дар хориҷа мегӯянд, ки паёми имсолаи президенти Тоҷикистонро ба порлумон диданд, аммо ба самимӣ будани бахшҳое аз он шак доранд. Аз ҷумла, ба изҳороти камсобиқааш дар мавриди муҳоҷирони тоҷик ва маргу мири онҳо.
Чаро Ғарб ба Осиёи Марказӣ таваҷҷуҳ мекунад ва он чӣ қадар идома мекунад? Эдвард Лемон, мудири маркази “Oxus Society” ва коршиноси умури Осиёи Марказӣ аз донишгоҳи Техаси Амрико, ба суолҳои бахши қазоқии Радиои Озодӣ посух дод.
Раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар паёмаш ба порлумон гуфт, соҳибкорони кишвар дар як соли ахир дар марз бо Афғонистон 75 иншооти сарҳадӣ сохтаанд. Эмомалӣ Раҳмон аз кори соҳибкорон дар кишвар тавсиф карда гуфт, “мо аз гарданкаҷию муҳтоҷӣ” барои сохтани дидбонгоҳ дар сарҳад бо Афғонистон берун шудем.
Ёфтҳои бештар