Маросими видоъ бо Раҳматилло Зоиров ҳуқуқдони саршинос ва раҳбари пешини Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон ба ҳузури андаки ҳамсафон, дӯстон ва пайвандонаш сурат гирифт.
Гуфтугӯ барои оташбас дар Ғазза ва раҳоии гаравгонҳо миёни Исроил ва созмони ҲАМОС, ки дар Аврупо ва Амрико террористӣ дониста мешавад, қатъ шудааст.
Тағйири қонунии раиси Ҳизби демократии Тоҷикистон ё табаддулоти навбатӣ дар ин иттиҳодияи сиёсӣ?
Президенти Гурҷистон, Саломе Зурабишвилӣ, эълон кард, ки ба қонуни “агенти хориҷӣ” “вето” гузошт.
Раҳматилло Зоиров, ҳуқуқдони шинохта, раҳбари собиқи Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон ва дар гузашта мушовиру баъдан мухолифи президент Эмомалӣ Раҳмон, дар 67-солагӣ даргузашт.
Аз ҳодисаҳои хунин дар Хоруғ ва Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ду сол гузашт. Ҳодисае, ки рӯзи 16-уми майи соли 2022 бо талаби таҳқиқи марги Гулбиддин Зиёбеков ва истеъфои раисони шаҳри Хоруғ ва ВМКБ сар шуд ва бо марги 34 нафар поён ёфт.
Як созмони байнулмилалӣ ибрози нигаронӣ кардааст, ки бо гузашти ду сол аз кушта шудани 34 кас ва боздошту ҳабси даҳҳо нафари дигар дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон то ҳанӯз касе ба ҷавобгарӣ кашида нашуд.
Ҳазорон сокини норозии Гурҷистон рӯзи 15-уми май ба зидди қонуни баҳсбарангези "агенти хориҷӣ" дар шаҳри Тбилиси эътироз карданд.
Мэри Лолор, гузоришгари вижаи Созмони Милал дар умури ҳуқуқи башар, ҷузъиёти номаеро расонаӣ кард, ки ӯ ва ду ҳамкораш дар бораи баста шудани 700 созмони иҷтимоӣ ба мақомоти Тоҷикистон фиристодаанд.
Як созмони муътабари амрикоӣ аз ҳукумати Иёлоти Муттаҳида хостааст, ба зидди он идора ва мансабдорони Тоҷикистон, ки дар поймол кардани озодии динии сокинон нақш доранд, таҳримҳои ҳадафмандона (мақсаднок) ҷорӣ кунад.
Анҷумани 18-уми ғайринавбатии Ҳизби демократи Тоҷикистон (ҲДТ) кори худро бо интиқод аз фаъолиятҳои ахири раиси акнун собиқи ин ҳизб Саидҷаъфар Усмонзода оғоз кард.
Дар пайи боздошту ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия, раҳбарони ду кишвар ба мувофиқа расидаанд, ки намояндагони ду тараф якҷо нишаста, ин масъаларо баррасӣ кунанд.
Ёфтҳои бештар