Шумори қурбониёни заминларзаи субҳи 1-уми январ дар Ҷопон дастикам ба 16 нафар расид. Рӯзномани ҷопонии Mainichi Shimbun навиштааст, танҳо дар шаҳри Вадзима дар ғарби Ҷопон, камаш ҳашт нафар ба ҳалокат расиданд. Ин омор метавонад бештар шавад.
Артиши Амрико рӯзи 31-уми декабр се киштии вобаста ба ҳусиҳои Яманро дар Баҳри Сурх ғарқ кардааст. баъд аз он ки, ба гуфтаи мақомоти амрикоӣ, ҳусиҳо талош карданд як киштии тиҷоратиро тасарруф кунанд.
Теъдоди кушташудаҳо дар ҳамлаи мушакӣ ба шаҳри Белгороди Русия, ки дар марзи Украина ҷойгир аст, ба 24 нафар расидааст.
Ойиша Қодироваи 24-сола, духтари калонии раҳбари Чеченистон Рамазон Қодиров, дар моҳи декабри имсол узви чанд шӯро ва кумисюнҳои давлатӣ шуд. Аз он пеш, моҳи октябр, бар иловаи вазири фарҳанг буданаш муовини нахуствазир таъйин гардид.
Аз идомаи ҷанг дар Украина то эътирозҳо дар Косово ва ихроҷи маҷбурии ҳазорҳо паноҳҷӯйи афғонистонӣ аз Покистон. Намунаҳои беҳтарини аксҳои хабарнигорони Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодиро дар соли 2023 бинед.
Сарбозони украинӣ дар наздикии деҳаи Кличеевка, воқеъ дар ҷануби шаҳри Бахмут, нақб канда, ба нерӯҳои Русия муқовимат мекунанд. Аммо онҳо барои расидан ба хати аввали ҷанг ҳар рӯз роҳҳои душворгузару минакоришударо тай мекунанд.
Фармондеҳи артиши Исроил мегӯяд, мумкин аст, ҷанг дар Ғазза моҳҳои зиёд идома кунад. Ӯ дар ин бора замоне сухан гуфт, ки амалиёти низомии Исроил дар ин минтақаи муҳосирашудаи фаластиниён шиддат мегирад ва бино ба гузоришҳо дар онҷо то кунун бештар аз бист ҳазор нафар кушта шудаанд.
Дар давоми тақрибан ду соли ҷанг дар Украина Чин талош дорад, ки худро кишвари таъминкунандаи сулҳ дар қисми ҷанубии сайёра нишон диҳад. Ҷанг дар Навори Ғазза барои Пекин имкони наве фароҳам овардааст. Чӣ гуна?
Кушта шудани як фармондеҳи Сипоҳи посдорон дар Сурия ва ҳамлаи нерӯҳои амрикоӣ ба як гуруҳи тарафдори Эрон дар Ироқ, танишро дар Ховари Миёна боло бурдааст. Он ҳам дар шароите, ки ҷанг миёни Исроил ва гурӯҳи "Ҳамос" дар Навори Ғазза ҳамчунон идома дорад.
Даргирӣ, таркиш, офатҳои табиӣ, кӯчокӯч ва эътирозҳо дар гӯшаҳои ҷаҳон дар соли 2023 низ идома кард. Баъзе аз ин лаҳзаҳоро дар аксҳо бинед.
Як зани қирғиз дар Гурҷистон дар батнаш кӯдаконеро бузург мекунад, ки аз худаш нестанд. Дар батни ӯ нутфаи дигар зану шавҳарро ҷо кардаанд ва ӯ то рӯзи таваллуд онҳоро дар батнаш нигаҳ медорад.
Антонио Гуттереш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид гуфтааст, ҳалокати 136 корманди ин созмон дар 75 рӯзи ҷанг дар Навори Ғазза то кунун собиқа надоштааст.
Ёфтҳои бештар