Намояндагони Исроил рӯзи 12-уми январ дар додгоҳи Гаага (Лоҳа) гуфтанд, ки ин кишвар дар Ғазза ба наслкушӣ даст назадааст.
Африқои Ҷанубӣ ба додгоҳи байналмилалии Гаага шикоят кардааст, ки Исроил дар Ғазза наслкушӣ мекунад.
Истилоҳи наслкушӣ ё “генотсид” пас аз Ҷанги Дуюми ҷаҳон маъмул шуд. Он замон Олмони ҳитлериро ба он айбдор карда буданд, ки ба куштори дасатҷамъонаи яҳудиёну лӯлиҳо даст задааст.
Намояндагони Африқои Ҷанубӣ рӯзи 11-уми январ дар догоҳи Гаага суханронӣ карданд ва гуфтанд, коре, ки артиши Исроил дар Ғазза анҷом медиҳад, наслкушии рӯирост аст. Дар санадҳои байналмилалӣ аз ҷониби давлат ё гурӯҳе “қисман ё пурра нобуд кардани мардуме, ки миллат, дин ва забони дигар доранд,” наслкушӣ номида мешавад. Намояндагони кишвари африқоӣ гуфтанд, Исроил даҳсолаҳост алайҳи фаластиниён чунин кореро анҷом медиҳад.
Тембека Нгкукайтобӣ, ҳуқуқшинос, ки Африқои Ҷанубиро дар додгоҳи Гаага намояндагӣ мекард, гуфт, хонаҳои аксари фаластиниён хароб шудааст ва онҳо аз гуруснагию бесарпаноҳӣ ранҷ мекашанд. Ӯ гуфт, қатли бештари занону кӯдакон дар бомбаборонҳои Исроил далели рӯшани наслкушӣ аст.
Мақомоти Ғазза мегӯянд, дар ҳамлаҳои Исроил беш аз 23 ҳазор фаластинӣ кушта шудааст, ки аксарашон занону кӯдакон ҳастанд. Намояндагони Африқои Ҷанубӣ мегӯянд, тақрибан фаластиние нест, ки наздиконашон дар ин ҷанг кушта нашуда бошад. Онҳо аз Исроил хостанд, ки фавран ҷангро қатъ кунад ва аз идомаи куштани мардуми одӣ дар Ғазза даст бардорад.
Намояндагони Исроил дар додгоҳи Гаага даъвои Африқои Ҷанубиро беасос донистанд ва гуфтанд, ки ин кишвар мардуми худро аз куштори дастаҷамъӣ ҳифз мекунад.
Бенямин Нетаняҳу, сарвазири Исроил низ даъвои Африқои Ҷанубиро “риёкорӣ” номид. Ӯ гуфт, низомиёни ин кишвар алайҳи террористоне мубориза мекунанд, ки рӯзи 7-уми октябр садҳо исроилиро қатл карданд.
“На, Африқои Ҷанубӣ, ин мо набудем, ки наслкушӣ кардем, балки ҲАМОС ин корро кард. Ин гурӯҳ агар метавонист, ҳамаи моро мекушт,”--гуфт Нетаняҳу.
Исроил мегӯяд, пас аз он ба Ғазза ҳамла кард, ки ҲАМОС рӯзи 7-уми октябр ба ин кишвар ворид шуд ва беш аз 1200 нафарро кушта ва зиёда аз 200 нафарро гаравгон гирифт. Ба гуфтаи мақомоти Исроил, онҳо қасди нобуд кардани ҲАМОС ва озодсозии гаравгонҳоро доранд.
Тарафдорони мардуми Ғазза ва ҷонибдорони Исроил дар берун аз додгоҳ даст ба тазоҳурот заданд ва шиор доданд.
Додгоҳи байналмилалии Гаага дар Ҳоланд баландарин зинаи додгоҳӣ дар сохтори Созмони Милали Муттаҳид аст. Ин додгоҳ пас аз Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ ба хотири баррасии баҳсҳо миёни кишварҳои узви СММ ва додани баҳои тавсиявии ҳуқуқӣ таъсис ёфтааст.
Гуфтугӯ