Мақомоти интизомӣ дар шаҳри Исфара як нафарро, ки чанде пеш ва пас аз ширкат дар ҷанги Русия дар Украина ба Тоҷикистон баргаштааст, бо гумони қатли ду сарроф дастгир кардаанд. Ҷинояте, ки мардуми ин минтақаи ҳаммарз бо Қирғизистонро ба ваҳшат овардааст, рӯзи 10-уми октябр сурат гирифтааст.