Ду манбаи Радиои Озодӣ дар ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон ҷузъиёти барканории Фарзона Ғафурзода, додраси Додгоҳи шаҳри Истиқлолро ошкор карданд.
Дар замоне ки Иёлоти Муттаҳида тасмим гирифтааст, кишварҳои ҳамкори Эронро мавриди таҳрим қарор диҳад, Тоҷикистон овардани нафти хом ва сӯзишвориро аз Ҷумҳурии Исломӣ оғоз намуд.
Раҳбари тозатаъйини Наҳзати исломии Тоҷикистон (собиқ ҲНИТ) мегӯяд, мақомоти амниятӣ дар зодгоҳаш, ноҳияи Нуробод, пайвандони ӯ ва бахусус волидони солмандашро даъвату бозпурсӣ карда, зери фишор қарор додаанд.
Чанд манбаи огоҳи Радиои Озодӣ гуфтанд, тайи тақрибан як ҳафтаи охир ва баъди он ки Туркманистон иҷозаи истифода аз ҳарими ҳавоияшро надод, парвози ҳавопаймоҳо аз Машҳади Эрон ба пойтахти Тоҷикистон сурат нагирифтааст.
Як шаҳрванди Тоҷикистон барои фаъолият ба нафъи шабакаи молии миллиардери эронӣ, Бобаки Занҷонӣ, ба рӯйхати таҳримҳои Иёлоти Муттаҳида ворид шудааст.
Вазири умури хориҷии Тоҷикистон дар суханронияш дар Маҷмаи умумии Созмони Милал аз вазъи Фаластин, ёрӣ ба мардуми Афғонистон, тағйироти иқлим ва ҳушвора сухан гуфт, аммо дар мавриди низоъ дар Эрон, ҷанги Русия дар Украина ва вазъи иқтисоду ҳуқуқи одамон ҳарфе ба забон наовард.
Қарор аст, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон рӯзи 26-уми сентябр дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид сухан гӯяд, вале ӯ то ин дам бо чанд дипломати баландпояи хориҷӣ диду боздидҳое анҷом додааст.
Мақомоти интизомии Тоҷикистон ду корманди баландпояи ҳукумати Исфараро боздошт кардаанд.
Ёфтҳои бештар