Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар феҳристи нави FIFA (Федератсияи байналмилалии футбол) ду зина боло шуд ва бо 1220, 21 имтиёз дар байни 211 тими миллӣ дар ҷойи 102-юм қарор дорад.
Дар Русия расо як миллион, бештар аз як миллион шаҳрванди Тоҷикистон зиндагӣ ва кор мекунанд.
Шурӯъ аз имрӯз, 18 - уми октябр дар Душанбе мавсими гармкунии хонаҳо тавассути шаабакаҳои гармидиҳӣ оғоз мешавад. Дар ин бора нашрияи расмии “Паёми Душанбе” рӯзи 16 - уми октябр хабар дод.
17-уми октябр Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо фақр аст. Мавзӯи нодорӣ барои Тоҷикистон нав нест. Ҳар нафари панҷум дар Тоҷикистон зери хати фақр ба сар мебарад, яъне аз рӯи меъёрҳои Бонки Ҷаҳонӣ даромади рӯзонааш камтар аз 3 доллар мебошад. Дар миёни қишри ниёзманду мӯҳтоҷ занҳои танҳо кам нестанд.
Кумитаи тафтишотии вилояти Амур дар пайи як тасодуфи нақлиётӣ дар ноҳияи Свободненский бо иштироки муҳоҷирон парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.
Президенти Русия бо имзои фармони дахлдор консепсияи сиёсати муҳоҷиратро барои солҳои 2026-2030 тасдиқ намуд. Санади мазкур дар вебсайти интишори расмии санадҳои меъёрӣ ҷой дода шуда, дар он ба ҳамгироии иҷтимоӣ-фарҳангии муҳоҷирон таъкид шудааст.
Президенти Украина Владимир Зеленский бо нашри як навор эълон кард, ки вориди Вашингтон шудааст.
Ёфтҳои бештар