Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия: Сафи донишҷӯён зиёд ва муҳоҷирони ғайриқонунӣ кам шавад


Президенти Русия  бо имзои фармони дахлдор консепсияи сиёсати муҳоҷиратро барои солҳои 2026-2030 тасдиқ намуд. Санади мазкур  дар вебсайти интишори расмии санадҳои меъёрӣ ҷой дода шуда, дар он  ба ҳамгироии иҷтимоӣ-фарҳангии муҳоҷирон таъкид шудааст.

Консепсияи нав коҳиши шумори муҳоҷирони ғайриқонунӣ ва ҷиноятҳо дар байни шаҳрвандони хориҷиро пешбинӣ мекунад.

Дар ҳуҷҷат таҷрибаи ҷойдошта дар танзими вуруду хуруҷи шаҳрвандони хориҷӣ, шароити будубоши қонунии онҳо, сабти номи муҳоҷирон, додани паноҳгоҳи муваққатӣ ва тартиби дарёфти шаҳрвандии Русияро инъикос ёфтааст.

Дар гузашта мақомдорони рус гуфта буданд, ки иқдомҳои ҳозираи назорат бар шаҳрвандони хориҷӣ дар ҳудуди Русия ба ҷилавгирӣ аз “анклавҳои қавмӣ” ва “минтақаҳои ҷиноӣ” қодир нестанд.

Дар консепсияи нав зикр шудааст, ки афзоиши шумори муҳоҷироне, ки барои кор ба Русия меоянд, то соли 2030 идома хоҳад кард. Гузашта аз ин, зуҳури чолишҳо ва таҳдидҳои нав ба амнияти миллӣ такмили сиёсати муҳоҷиратро тақозо мекунад. Бинобар ин Русия бояд барои баланд бардоштани масъулияти корфармо дар масъалаҳои марбут ба сиёсати муҳоҷират чораҳоеро рӯйи даст бигирад.

Русия вуруди муҳоҷирони беҳунарро коҳиш дода, донишҷӯйи бештар даъват мекунад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:08 0:00

Бар асоси консепсия ё барномае, ки аз соли нав амалӣ хоҳад шуд, теъдоди муҳоҷирони ғайриқонунӣ бояд кам карда шавад ва ниҳодҳои давлатӣ будубоши аъзои оилаҳоеро, ки дар Русия кор ва таҳсил намекунанд, маҳдуд намоянд.

Дар ин байн шумори донишҷӯёни хориҷӣ дар донишгоҳҳои Русия бояд афзоиш ёбад. Ба он муҳоҷироне, ки қонунӣ дар Русия ҳузур дошта, забони русиро медонад ва дар ягон ҷиноят даст надоранд, роҳҳои осонтари дарёфти шаҳрвандии Русия муқаррар шудааст. Ҳамчунин ҳукумат барои кӯч додани шаҳрвандони хориҷие, ки аз арзишҳои анъанавии Русия пуштибонӣ мекунанд бояд мусоидат намояд.

Консепсиия нави сиёсати муҳоҷиратӣ дар Русия дар шароите рӯи кор меояд, ки тақрибан ҳар ҳафта мақомоти интизомӣ аз боздоштҳои бераҳмонаву ҳабс ва ихроҷи муҳоҷирон бо баҳонаҳои риояи қонунҳои муҳоҷират гузоришҳо нашр мекунанд. Думаи давлатии Русия дар якуним соли баъди ҳамлаи маргбор ба толори "Крокус"-и Маскав, ки дар содир кардани он асосан шаҳрвандони Тоҷикистон гумонбар мебошанд, даҳҳо қонуни маҳдудкунандаи кору ҳузури муҳоҷиронро қабул кардаанд.

Мақомоти тоҷик мегӯянд, ки соли гузашта Русия беш аз 30 ҳазор муҳоҷири тоҷикистониро аз ин кишвар ихроҷ намудааст. Владимир Путин дар нишасти ахири хабарии муштарак бо Эмомалӣ Раҳмон, ки рӯзи 9 октябр дар шаҳри Душанбе сурат гирифт, гуфт, ки дар Русия бештар аз як миллион шаҳрванди Тоҷикистон зиндагӣ ва кор мекунанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG