Сафари Асҳоб Тамаев, блогери чечентабор, ки бо мусоидати мақомоти расмӣ ва ширкатҳои хусусӣ ба Тоҷикистон рафтааст, баҳсу кашмакашҳои зиёдеро дар шабакаҳои иҷтимоӣ барангехт.
Як шаҳрванди Тоҷикистон, ки бо қарори додгоҳ бояд аз Олмон ихроҷ мешуд, бо нишони эътироз дар фурудгоҳ чанд узви баданашро бо асбоби буранда захмӣ кардааст. Ҳодиса 13-уми октябр дар фурудгоҳи Франкфурт рух додааст.
Пас аз нашри хабар (9-уми октябр) дар бораи кушта шудани 446 зодаи Тоҷикистон дар ҷанги Русия алайҳи Украина, бисёриҳо аз мо хостанд, ки ному насаби онҳоро пурра нашр кунем.
Тоҷикистон ва Эрон ба тавофуқ расидаанд, ки муҳлати бозгардонии сармояи неругоҳи “Сангтӯда -2”-ро то шаш соли дигар ба таъхир гузоранд. Тибқи тавофуқи аввал, Тоҷикистон то моҳи августи соли 2026 маблағи бунёди неругоҳи “Сангтӯда-2”-ро ба Эрон бармегардонд ва баъдан ин неругоҳ моли Тоҷикистон мешуд.
Зубайдуллоҳи Розиқ, яке аз чеҳраҳои шинохтаи Ҳизби мамнӯи наҳзати исломии Тоҷикистон аст, ки дар сафи даҳҳо узви дигари раёсати ин ташаккули сиёсӣ тирамоҳи соли 2015 бар асоси парвандаи, ба истилоҳ, талоши табаддулоти давлатӣ, зиндонӣ шуд.
Тоҷикистон яке аз сарчашмаҳои муҳими об барои кишварҳои минтақа ба шумор меравад, вале то ҳанӯз ҳазорҳо сокини он қисман ё пурра ба оби бехатари ошомиданӣ дастрасӣ надоранд ва ё ба обе дастрасӣ доранд, ки сабабгори ҳар гуна бемориҳои сироятӣ буда метавонад.
Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон (U-17) зери раҳбарии сармураббӣ Фарҳодҷон Холбеков дар сеюмин бозиаш дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 миёни духтарони то 17-сола аз тими Сурия бо ҳисоби 0:1 мағлуб шуд.
Қарори манъи истифодаи скутер ё дучархаҳои барқӣ то соли 2030 дар Душанбе, соҳибони ин навъи нақлиётро нигарон кардааст. Онҳо таъкид мекунанд, ки скутерҳо ба муҳити зист зарар надорад ва дар шароити тамбашавии зиёду камбуди нақлиёти мусофирбар дар пойтахт корашонро осон карда буд.
Ёфтҳои бештар